ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОҒ, ОБЧАКОРӢ ВА ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ДАР БОЛОИ БОМ.  ИҚДОМЕ, КИ ШАҲРҲОРО САРСАБЗ ВА ҲАВОЯШОНРО ТОЗА МЕСОЗАД

БОҒ, ОБЧАКОРӢ ВА ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ДАР БОЛОИ БОМ.  ИҚДОМЕ, КИ ШАҲРҲОРО САРСАБЗ ВА ҲАВОЯШОНРО ТОЗА МЕСОЗАД

12 феврал 2025, Чоршанбе
10
0


Солҳои охир дар бисёр шаҳру шаҳракҳои мамолики мутараққӣ бунёди боғу ба роҳ мондани кишти сабзавот дар болои  боми иморатҳо ривоҷ меёбад. Масалан, дар шаҳри Лондон (пойтахти Британияи Кабир) зиёда аз 1,5 миллион метри мураббаъ бомҳо бо дарахту бутта ва сабзавоту гулҳои гуногун сабзкорӣ шудаанд. 

Шаҳри Штутгарти Олмонро «пойтахти бомҳои сабзи  Аврупо» меноманд. Роҳбарияти шаҳр назди меъморону сохтмончиён вазифа гузоштааст, ки дар болои боми ҳар як иморати навсохт ҳатман барои бунёди боғ ё обчакорӣ шароит фароҳам оранд. Иқдоми мазкур дар Сан-Франсискои ИМА ва шаҳри Базели Швейтсария низ роҳандозӣ гардид.
Калонтарин боми сабзкоришудаи ҷаҳон дар маркази намоишгоҳии Порт де Версали Париж (Франсия) ҷойгир аст, ки масоҳаташ ба 14 ҳазор метри мураббаъ (баробари ду майдони калони футбол) мерасад. Баландтарин боми сабзкоришудаи дунё дар Лондон, дар болои иморати 35-ошёнаи Sky Garden воқеъ аст. Сабзавот дар болои бом бо усули аэропонӣ (бидуни хок) ва бе истифодаи заҳрхимикатҳо парвариш карда мешавад. 
Бунёди боғу ба роҳ мондани парвариши сабзавот дар болои боми  иморатҳо чӣ бартариҳо дорад?
Пеш аз ҳама, бинобар васеъ шудани майдони боғу киштзор ҳавои шаҳр тоза мешавад. Дуюм, «дӯстони сабз»-и мо дар баробари чангу ғуборро ба худ гирифтан, сатҳи  шавқун (мағал, садои баланд)-ро паст менамоянд. Сеюм, ба шарофати дарахтони болои бом тобистон ҳаво дар ҳуҷраҳо салқинтар мешавад. Чорум, дар фасли зимистон  ҳаво нисбатан гарм меистад, ки ин талабот ба кондитсионерро кам мекунад.
Олимон зимни таҷриба муайян намуданд, ки дар болои бом зиёда аз 60 намуд  рустаниро метавон парвариш кард. Дар баъзе шаҳрҳо дар болои бом қуттиҳои занбӯри асал гузоштаанд, то ки занбӯрҳо гули дарахтони боғу хиёбонҳоро гардолуд карда, аз он асали шифобахш низ ҷамъ оранд. 
Дар шаҳри Утрехти Нидерландия бо мақсади зебоӣ ва ҷалби занбӯрҳои асал болои боми 300 истгоҳи автобусро гулпӯш карданд. 
Танҳо дар боми иморатҳои шаҳри Париж 75 фермер дар масоҳати умумии 15 гектар боғдорию обчакорӣ мекунанд.
Олимони Дания пас аз таҷрибаи бисёрсола ба хулосае  омаданд, ки зиёд шудани майдони сабз дар шаҳрҳо хатари авҷгирии бемориҳои равониро дар сокинон кам мекунад. 
Одамон чанд аср пеш ҷангалу буттазорро  вайрон карда, шаҳрҳо бунёд намуданд, вале табиати инсонӣ ҳамеша ба сӯи гулу дарахту буттаҳо майл дорад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунад, ки дар шаҳр зиста, аз табиат ҷудо набошад. Месазад, ки мо низ аз ин таҷриба истифода бурда, шаҳрҳоямонро сарсабзу  дилкаш ва маҳсулоти озуқавориро зиёд гардонем. 

Сайфиддин СУННАТӢ,
рӯзноманигор

Санаи нашр: 11.02.2025 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив