АГАР МУСУЛМОНӢ ҲАМИН АСТ...
Инак, ду даҳаи ин моҳи шариф гузашта ва даҳаи сеюм оғоз шудааст. Пас аз чанд рӯз ид мешавад, иди Рамазон. Аз ҳама гуна ид мардум шод мешаванд ва онро бо муҳаббат истиқбол мекунанд. Аммо барои гурӯҳе пештар ва дар ҳамаи ин рӯзҳо «ид» буд ва идома меёбад. Ҳеҷ кас мисли онҳо фарорасӣ ва сӣ рӯзи моҳро истиқбол накардаву нахоҳад кард. Ин тоифа ё худ гурӯҳ савдогаронанд, албатта, на ҳама, вале аксарашон. Бо омадани моҳи рӯза нархҳои ҳамаи ашёи зарурӣ, хосса маводи хӯрокаро боло бардоштанд. Иди бузургу ҳақиқии онҳо чанд рӯз пештар аз омадани иди аслӣ буд.
Аз мақоли «бардорад зам кун, набардорад кам» бисёр хуб истифода мекунанд. Мутаассифона, фақат қисмати аввали ин мақол амалӣ мешавад. Нархҳоро чунон бардоштанду мебардоранд, ки ҳатман бояд ба ин гуфта розӣ бишавӣ, ки имон аз бозорҳову маконҳои фурӯш бармаҳал фирор карда ва ҳеҷ ҷуръати омадан намекунад. Агар зорӣ ҳам бикунӣ, ҳатто барои чанд дирам нархи маҳсулотро поён намефароранд. Агар барои таскини хотират аз онҳо бипурсӣ, ки оё рӯзадоранд, бешак, посухи мусбат мешунавӣ. Гӯиё, ҷамъу зарбро омӯхтаанду аз тарҳу тақсим хабаре надоранд. Ҳеҷ намеандешанд, ки бар кӣ ҷабр мекунанд. Ҷабр ҷабр аст, набояд онро ба касе раво бидорӣ. Аммо ин ҷабри дигар аст, ки онро ба ҳаммиллат, ҳамватан, ҳамдин мекунӣ. Ҳама медонад, ки нархи маҳсулотро, ки дар рамазон боло бибардоранд, дигар ҳеҷ гоҳ дар андешаи поён кардани он намешаванд. Гар мусулмонӣ аз ин аст, вой аз ин мусулмонӣ, вой аз ин мусулмонӣ.
Ин афрод дар кишварҳои хориҷӣ буданд ва дидаанд, ки фурӯшандагон, дар ин моҳ на танҳо нархҳои маҳсулоташонро арзон мекунанд, балки ҳимматашон дар ин моҳ ҷӯш мезанад ва хайри бештар ба нодорон, заифон, муҳтоҷон мекунанд.
Ин афрод шояд надонанд, ки дастархони ҳамватанонашон, хосса нодорон ҳар бегоҳӣ дар ин як моҳ чӣ гуна ороста буду мешавад. Бо вуҷуди ин, дар ин кор ҳеҷ худро гунаҳкор намешуморанд.
Нафаре барои пешгирии ин аъмоли нохуби онҳо ба руҳоние мегуфт: – Чаро пандашон намедиҳед, то аз ин ҷабр даст бикашанд ва аз роҳи хато бароянд?
Руҳонӣ ба ӯ посухи дурусту сазовор дод: - Ин афрод чун ба сухани Худову расули барҳаққаш гӯш намедиҳанд, метавонанд панду насиҳати моро бипазиранд.
Мутаассифона, ин дард, дарди нав нест, дарди куҳна аст. Табибон беҳтар медонанд, ки илоҷи дарди куҳна душвортар аст ва дар баъзе маврид номушкил.
Пас, то ба кай ин ҳол бояд идома биёбад? Бархе то ба ин сатҳ ҳам андешиданд, ки аз баҳри ин моҳу ин ид бибароянд. Бешак, аъмолу муносибати фурӯшандагон ҷуз чунин пешниҳод натиҷа, натиҷаи нек надорад.
Агар бипурсанд, ки аз рамазонҳои пешин чӣ монда ва аз ин рамазон чӣ хоҳад монд, шояд аксар посух бидиҳанд: Нархҳои гарон».
Мавлонои бузург агар ин ҳолро медид, шояд байти дигаре эҷод мекард ба ин мазмун, ки аз рӯза бархе на поку бар афлок мешаванд, аммо гурӯҳе ғамнок мешаванд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.04.2023 №: 77
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)