ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

12 феврал 2025, Чоршанбе
23
0


Директоре, ки 69 нафарро фиреб доду ба толори суд рафт
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба директори ҶДММ “Арса”-и ноҳияи Сино Қ. М. Одилов бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262 қисми 2 банди «в» (қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда) баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, Қ. Одилов ҳамчун директори ҶДММ “Арса”, ҳанӯз охирҳои моҳи декабри соли 2023 ба боварии шаҳрвандон даромада, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт аз онҳо бо ваъдаи таъмини ҷойи кор дар Британияи Кабир маблағҳои пулӣ гирифтааст. Аз ҷумла, 69 нафар бехабар аз қасди фиреб ба Қ. Одилов дар умум, 1 939 180 сомонӣ додаанд. Номбурда баъд аз гирифтани маблағ ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, пулро ба корҳои шахсиаш харҷ намудааст.
  

Ду ноболиғ бо ҷурми дуздӣ дастгир шуд
Кормандони милитсия ду сокини шаҳри Душанбе (ноболиғони 16 ва 17-сола)-ро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, гумонбарон 6-уми феврали соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии сокини 28-солаи пойтахт шуда, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳиротро дуздидаанд.
Зарари расондашуда 30 ҳазор сомониро ташкил дода, оид ба ҳодиса тафтишот идома дорад.  


Зани қаблан судшуда боз даст ба қаллобӣ зад
Мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба сокини 33-солаи шаҳри Хуҷанд, ба гумони содир намудани кирдори қаллобӣ ба миқдори махсусан калон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, боздоштшуда 24-уми октябри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, бо баҳонаи тиҷорат аз ӯ 950 ҳазор рубли русӣ ва 20 ҳазор доллари ИМА гирифта, то ҳол маблағро барнагардондааст. 
Бар асоси иттилои манбаъ, зани гумонбар бо ҳамин ҷурм (моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ) дар соли 2022 низ суд шуда будааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 12.02.2025 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив