ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН ИФОДАГАРИ ОРМОНҲОИ АРЗИШМАНДИ БАШАРӢ АСТ

12 феврал 2025, Чоршанбе
18


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати Ҷашни Сада, изҳор доштанд, ки имрӯз се ҷашни миллии мо: Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанду таҷлил мешаванд. Дар ҷашнҳои миллии мо на танҳо арзишҳои фарҳанги бостонӣ ва ниятҳои неку созандаи мардумамон бозтоб гардидаанд, балки онҳо ифодакунандаи ғояву ормонҳои пурарзиши башарӣ низ мебошанд. Маҳз бо назардошти ҳамин нукта, онҳо аз доираи як миллат ва як минтақа фаротар рафта, бо ташаббуси Тоҷикистон ба ҷашнҳои умумибашарӣ мубаддал гардида истодаанд. 
Воқеан, имрӯз сокинони кишварҳои ҷаҳон ба ҷашнҳои миллии мо таваҷҷуҳ доранду онҳоро арзиши муштараки мардуми сайёра медонанд. Ин нуктаро матолиби нашршуда дар рӯзномаҳои бонуфузи дунё собит месозанд. Аз ҷумла, “Ла Репубблика” (La Repubblica), яке аз рӯзномаҳои бонуфузи итолиёвӣ, зери унвони “Қиссаҳои таърих” (Storie di Storia) матлаберо рӯйи чоп овард, ки доир ба ҷашнҳои миллии мардуми тоҷику форс, маълумоти муфассалеро пешниҳод намудааст. Муаллифи мақола Франческо Де Лео (di Francesco De Leo), барои исботи фикраш аз осори бузургони мо – Ҳофизу Саъдӣ далелҳо меорад. Ӯ менависад: “Мардумони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон, дар он шабу рӯзҳо (Ялдо, Сада, Наврӯз) гирди ҳам меоянд ва шоҳномахонӣ мекунанд. Л. Франческо бар он аст, ки моҳият ва асли идҳои тоҷикӣ - форсӣ  пирӯзии шодию сурур бар ғаму андуҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ мебошад.  
Сомонаи расмии ЮНЕСКО (https://www.unesco.org/en) низ доир ба чӣ гунагии идҳои тоҷикӣ, алалхусус Сада, мавод нашр намуд. Дар гузориш омадааст: “Сада дар тақвими мардумӣ рӯзест, ки заминҳои кишоварзӣ барои киштукори баҳории навбатӣ омода мешаванд ва мардум поён расидани рӯзҳои сардтарини зимистонро ҷашн мегиранд. Ин унсур дар Тоҷикистон ва Эрон зуҳуроти гуногун дорад: сурудхонӣ, рақс ва дуо кардан дар атрофи оташро дар бар мегирад...” 
Ҳамчунин, дар расонаи “Tehran Times” (https://www.tehrantimes.com) зери сарлавҳаи “Сада: ҷашни қадимаи оташ ва нур” матлаби ҷолибе нашр шуд, ки дар он мероси фарҳангии тоҷикон будани Ҷашни Сада эътироф гаштааст.
Ба ҳамин мазмуну муҳтаво, дар дигар расонаҳои иттилоотии кишварҳои хориҷ низ метавон матолиби зиёдеро вобаста ба ҷашнҳои миллии тоҷик (Меҳргон, Сада, Наврӯз) пайдо намуд. 
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 2009 Ҷашни Наврӯз, бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт. Сипас, 6-уми декабри соли 2023, дар иҷлосияи 18-уми ЮНЕСКО, Ҷашни Сада ва 4-уми декабри соли 2024 дар 19-умин ҷаласаи ин Созмони бонуфуз Ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуданд. 
Мавриди зикр аст, ки дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон ва эҳёву гиромидошти беҳтарин расму оинҳои гузашта худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии мардуми кишварро таҳкиму тақвият мебахшад.

Шодмон АБДУРАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.02.2025 №: 33