АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ
700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар ЮНЕСКО таҷлил мегардад
Соли гузашта ташаббусҳои нави Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид – "Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034", Рӯзи байналмилалии яке аз ҷонварони нодир бо номи морхӯр ва эълони Рӯзи чаҳонии футбол тавассути қатъномаҳои дахлдор қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо ифодагари нақши боризи кишвар дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳову гуногунии табиат ва варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд.
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ иброз дошт.
Ба саволи хабарнигори “Ҷумҳурият” Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки моҳи июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 700-солагии шоири бузурги тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ таҷлил хоҳад шуд. Дар доираи ин ҷашнвора, ҳамоиши илмӣ, барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз», шашмақомхонӣ, намоиши дастхатҳо ва консерти Оркестри симфонӣ дар назаранд, ки ҳадаф аз он пос доштани хотири мутафаккир ва шоири оламшумул буда, дар он олимону донишмандон аз тамоми гӯшаву канори олам ба ҳам меоянд.
Комрон САФАР
ДУШАНБЕ
Таъсис ва барқарорсозии 43240 ҷойи кор
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ дод, ки соли рафта 815 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 5,2 миллиард сомонӣ расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 824 миллион сомонӣ зиёд аст.
Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 31,3 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба соли 2023-юм 108,3 дарсад ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 20,4 дарсадро ташкил дод.
Соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 18,3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 14 дарсад зиёд аст.
Дар ин муддат аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаву муассисаҳои шаҳр, новобаста ба шакли моликияташон, 43240 ҷойи кор таъсис ва барқарор шуд, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 3,3 дарсад бештар мебошад.
Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои саривақтии қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт чораҳои зарурӣ меандешад.
Иброҳими САЙФУЛЛО
ЭНЕРГЕТИКА
Истеҳсоли неруи барқ боло рафту содирот кам шуд
Соли рафта дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК “Барқи Тоҷик” истеҳсоли неруи барқ, дар маҷмуъ, 17 миллиарду 420,5 миллион кВт/соатро ташкил кард, ки назар ба соли 2023-юм 941,5 миллион кВт/соат зиёд аст. Ин рақам зимни нишасти матбуотии якҷояи ҶСК «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» баён гашт.
Маҳмадумар Асозода, директори генералии ҶСК «Барқи Тоҷик», гуфт, ки истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ 15 миллиарду 760,9 миллион кВт/соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 1 миллиарду 659,6 миллион кВт/соат таъмин шуд. ҶСК “Барқи Тоҷик” бо мақсади беҳтар намудани таъмини неруи барқ аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Роғун” ва неругоҳҳои хориҷӣ 4 миллиарду 947,7 миллион кВт/соат неруи барқ харидааст.
Содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар дар муқоиса ба соли гузашта 203,9 миллион кВт/соат кам шуда, 2 миллиарду 473,2 миллион кВт/соатро ташкил кард. Неруи барқ дар мавсимҳои серобӣ (моҳҳои май-сентябр) ба Афғонистон беш аз 1,5 миллиард ва Ӯзбекистон 943,9 миллион кВт/соат фурӯхта шуд.
Масъалаи боло рафтани нархи истифодаи неруи барқ дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Кароматулло АТО
ФАРХОР
Авлавият ба ташкили корхонаҳои саноатӣ
Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки рушди саноат ва афзоиши саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ хеле назаррас мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли ҳисоботӣ ба 341437,1 ҳазор сомонӣ расид, ки ин баробари 118 фоизи нақша мебошад.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ноҳияи Фархор 38 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои дӯзандагӣ, консерв, коркарди пахта, биринҷ ва орд, шир, қаннодиву истеҳсоли нон, макарон, блоки сементӣ, қуму шағал, дару тирезаҳои пластикӣ, хишти пухта, тунука, обҳои нӯшоӣ ва ғайра фаъол мебошад.
Дар соли 2024-ум 6 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ “Дӯстии халқҳо” (корхонаи истеҳсоли хишти пухта ва хом), ҶДММ “Сабр АФ” (корхонаи истеҳсоли семент, бетон ва гулгаҷ), ҶДММ “Дӯстии дониши Фархор” ва ғайра ба кор даромад.
Холназар КАСИРОВ
МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд
- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1 млрд 787,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 168,9 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 110, 4 фоизро ташкил медиҳад, - гуфт раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Нурулло Мирзозода, дар ҳузури хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ афзуд. Тибқи маълумоти оморӣ аз ноҳия 2162 тонна маҳсулот ба хориҷа содир шудааст, ки 100,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар 5471 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда шудааст, ки 107 дарсади дурнамост. Корҳо дар самти кишти баҳорӣ бомаром идома доранд.
Саршумори чорво низ сол ба сол меафзояд.
Холназар КАСИРОВ
Санаи нашр: 12.02.2025 №: 33