ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) муайян карда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
2) субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд;
3) санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ – намуди фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла омӯзиш, таҳлил ва назорати фаъолияти субъекти соҳибкорӣ оид ба мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;
5) давраи мораторий ба санҷишҳо – муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ карда шудаанд;
6) мақомоти ваколатдори давлатии назоратию санҷишӣ – мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд;
7) Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратӣ ва доимоамалкунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 4 Қонуни мазкур, боздошта мешавад.
2. Баъд аз анҷоми мораторий ба санҷишҳо, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ аст.
Моддаи 4. Истисноҳо дар татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ
1. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба санҷишҳои мақомоти андоз татбиқ намегарданд.
2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 3 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:
1) бо мақсади танзими давлатии дурустии ташаккулёбӣ ва татбиқи нархҳои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ;
2) дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ;
4) дар асоси дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.
3. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 2 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.
Моддаи 5. Мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мегузаронад.
2. Мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ баъд аз анҷоми мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ гузаронида шуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 6. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 8 июни соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №6, мод. 342) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 9. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2142
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №700 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №4-5, мод. 249) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 31 январи соли 2025, № 1568
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 598
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми истеҳсолоти органикиро муқаррар намуда, ба ташаккул ва таъмини устувории низоми агроэкологӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) гардиши маҳсулоти органикӣ – коркард, нигоҳдорӣ, тамғагузорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ;
2) истеҳсолоти органикӣ – фаъолият оид ба истеҳсол ва (ё) коркарди маҳсулот ё ашёи хоми органикӣ, ки бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, миллӣ ва регламентҳои техникии дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ муқарраргардида амалӣ карда мешавад;
3) маҳсулоти органикӣ – маҳсулоте, ки аз растанӣ, аз ҷумла ашёи хоми растаниҳои худрӯй, инчунин чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, миллӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ истеҳсол карда мешавад;
4) регламенти техникии истеҳсолоти органикӣ – санади меъёрии техникие, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулоти органикӣ дар ҷараёни истеҳсол, коркард, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ муқаррар мекунад;
5) низоми агроэкологӣ – низоми аз тарафи субъектҳои хоҷагидор истифодашаванда, ки дар он мувозинаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баргардондани унсурҳои таркибии он барои гардиши моддаҳои маъданию органикӣ таъмин карда мешавад;
6) стандарти истеҳсолоти органикӣ – қоида, дастур ва (ё) тавсифҳо, ки ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дахл доранд;
7) субъекти хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ – соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқие, ки истеҳсол ва гардиши маҳсулоти органикиро амалӣ менамояд;
8) тамғаи молии маҳсулоти органикӣ – аломате, ки дар шакли чопӣ ё графикӣ дар рӯйи борҷомаи маҳсулоти органикӣ тасвир ёфта, бо мақсади нишон додани ҷойи истеҳсол ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ё миллӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ ҷавобгӯй будани маҳсулоти органикӣ гузошта мешавад;
9) усули гидропонӣ – тарзи парвариши растанӣ дар муҳити сунъӣ, бе истифодаи хок, ки дар он ғизо дар шакли маҳлул мустақиман ба реша дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти органикӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти органикӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои низоми истеҳсолоти органикӣ
Мақсадҳои низоми истеҳсолоти органикӣ аз инҳо иборатанд:
1) нигоҳдории гуногунии биологӣ ва агробиологӣ;
2) баланд бардоштани фаъолнокии биологии хок бо мақсади нигоҳ доштани ҳосилхезии он барои давраи дарозмуҳлат;
3) истифодаи такрории партовҳои олами наботот ва ҳайвонот бо мақсади ба хок баргардондани моддаҳои ғизодиҳанда ва кам кардани истифодаи захираҳои барқарорнашаванда;
4) истифодаи захираҳои барқароршаванда дар низоми хоҷагидорӣ дар маҳал;
5) мусоидат ба ҳифзи хок, об ва ҳавои атмосфера, инчунин кам кардани ҳамаи намудҳои ифлосшавӣ дар натиҷаи фаъолияти кишоварзӣ;
6) коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади дар ҳамаи марҳилаҳо нигоҳ доштани яклухтии органикӣ ва хусусиятҳои ҳаётан муҳимми он;
7) ҳифзи саломатии аҳолӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои истеҳсолоти органикӣ
Ба принсипҳои истеҳсолоти органикӣ мансубанд:
1) риояи мувозинати экологии табиат ва барқарор намудани захираҳои он;
2) ҷорӣ намудани усулҳои самарабахши истифодаи захираҳои табиии барқарорнашаванда, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва агробиологӣ;
3) ихтиёрӣ будани фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
4) нигоҳ доштани ҳосилхезии хок, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва саломатии аҳолӣ;
5) баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокии истеҳсолоти кишоварзӣ бе расондани зарар ба табиат ва саломатии аҳолӣ.
Моддаи 5. Самтҳои асосии истеҳсолоти органикӣ
Ба самтҳои асосии истеҳсолоти органикӣ мансубанд:
1) растанипарварии органикӣ;
2) чорводории органикӣ;
3) парандапарварии органикӣ;
4) занбӯриасалпарварии органикӣ;
5) моҳипарварии органикӣ;
6) истифодаи маҳсулоти органикӣ аз ашёи хоми растаниҳои худрӯй;
7) коркарди органикии ашёи хоми органикӣ.
Моддаи 6. Шартҳои истифодаи растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ
1. Растаниҳои худрӯй ва меваҳои онҳо, инчунин набототи худрӯйи дигар бо мақсади истифода дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бояд бе расондани зарар ба низоми экологӣ ҷамъоварӣ карда шаванд.
2. Барои истифодаи растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо дар ҳудуди ҷангал ва чарогоҳҳо бояд қитъаҳое интихоб карда шаванд, ки бо моддаҳои кимиёвӣ коркард нашуда бошанд.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ
Моддаи 7. Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ
Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ аз инҳо иборат мебошанд:
1) таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
2) банақшагирии стратегӣ ва танзими асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
3) мониторинги фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) амалӣ намудани тадбирҳои истифодаи роҳҳои муносиби коркарди хок, усулҳои агротехникии муосир, таъсиррасонии камтарин ба таркиби хок, воридкунии моддаҳои ғизоӣ тибқи стандартҳои миллӣ ва роҳ надодан ба сахтшавии хок дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
5) амалӣ намудани тадбирҳои муҳофизати растаниҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
6) назорати риояи талаботи бехатарии биологӣ, карантини растаниҳо ва тадбирҳои беҳдошти байторӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
7) ба роҳ мондани сертификатсияи экологии маҳсулоти органикӣ, арзёбии равандҳои технологии истеҳсол ва коркарди он ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани зарар ба муҳити зист, ҳамчунин таъмини амнияти экологӣ;
8) назорати риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, миллӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
9) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ.
Моддаи 8. Танзими раванди фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар истеҳсоли маҳсулоти органикӣ
1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ машғул мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ ба қайд гирифта мешаванд.
2. Субъектҳои хоҷагидор зимни бақайдгирӣ маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:
1) ном ва нишонии субъекти хоҷагидор;
2) маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва биноҳое, ки дар онҳо фаъолияти истеҳсолӣ ба роҳ монда мешавад;
3) хусусияти амалиёти истеҳсолӣ ва хосияти маҳсулоти органикӣ.
Моддаи 9. Талабот барои истеҳсоли маҳсулоти органикӣ
Истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар асоси талаботи зерин ба роҳ монда мешавад:
1) алоҳида ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти органикӣ аз маҳсулоти истеҳсолшаванда, ки ба истеҳсолоти органикӣ тааллуқ надоранд;
2) манъи истифодаи агрокимиёҳо, пеститсидҳо, антибиотикҳо, ба истиснои онҳое, ки дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ё миллӣ дар истеҳсоли маҳсулоти органикӣ иҷозат дода шудаанд;
3) манъи истифодаи пайвандсозии ҷанин, усулҳои ба таври сунъӣ гирифтани клони организмҳо, ҳуҷайра ё молекулаҳо, организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, инчунин маҳсулоти бо усулҳои муосири биотехнология ҳосил кардашуда;
4) манъи истифодаи нумӯяҳои афзоиш ва маҳсулнокии ҳайвонот, воситаҳои гормондор;
5) манъи истифодаи растаниҳои бо усули гидропонӣ рӯёндашуда;
6) манъи истифодаи афканишоти ионофар барои коркарди маҳсулоти хӯроквории органикӣ ё хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ, инчунин ашёи хом барои тайёр кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ё хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ;
7) истифодаи воситаҳои биологии мубориза бар зидди организмҳои карантинию зараррасон, касалиҳои растанӣ ва бемориҳои ҳайвонот;
8) амалисозии чораҳо барои пешгирии талафёбии растанӣ ё маҳсулоти он аз организмҳои зараррасон, ки ба муҳофизат аз зараррасонҳо, интихоби намуд, навъи растанӣ, киштгардон, усулҳои парвариши растаниҳо ва тарзи коркарди маҳсулоти органикӣ асос меёбанд;
9) интихоби зот ё намуди ҳайвоноти кишоварзӣ бо назардошти қобилияти мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба касалиҳо, муҳайё сохтани шароит барои нигоҳдории саломатии ҳайвоноти кишоварзӣ, барқароршавии табиӣ, таъмини нишондиҳандаҳои санитарию беҳдоштӣ ва байторӣ;
10) истифодаи ғизои иловагӣ, воситаҳои ёрирасони технологӣ, хушбӯйкунанда, қувватфизои таъм, дорувории ферментӣ, микроэлементҳо, витаминҳо, аминокислотаҳои бо стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ё миллии дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ пешбинишуда;
11) истифодаи микроорганизмҳои биологӣ, аз ҷумла барои коркарди маҳсулоти ғизоӣ истифодашаванда, амалисозии чораҳои муҳофизатии маҳсулоти ҳайвонот аз вайроншавии микробиологӣ, ки ба таъсири мутақобилаи микроорганизмҳо дар муҳити табиӣ асос ёфтаанд;
12) манъи омезиши маҳсулоти органикӣ ба маҳсулоти бо тарзи маъмулӣ истеҳсолшуда дар раванди нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ;
13) манъи истифодаи банду баст, зарфҳои истеъмолӣ ва нақлиётии ба ифлосшавии маҳсулоти органикӣ ва муҳити зист мусоидаткунанда, аз ҷумла банду басти полимерӣ, зарфҳои истеъмолӣ ва нақлиётӣ.
БОБИ 3. ТАМҒАГУЗОРӢ, ВОРИДОТ ВА СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ ОРГАНИКӢ
Моддаи 10. Тамғагузории маҳсулоти органикӣ
1. Тамғагузории маҳсулоти органикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Тамғаи борҷома ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳсулоти органикӣ бояд дорои чунин маълумот бошанд:
1) ном ва суроғаи истеҳсолкунанда ё корхонаи коркарди маҳсулоти органикӣ;
2) номи маҳсулот бо зикри усули истифодашудаи истеҳсолоти органикӣ;
3) дарҷи ном ва тамғаи молии маҳсулоти органикӣ;
4) шартҳои нигоҳдории маҳсулоти органикӣ ва муҳлати мувофиқатии он;
5) ишора дар бораи тартиби нигоҳ доштани маҳсулоти органикӣ бо маҳсулоти дигар.
3. Субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулоти органикиро истеҳсол менамоянд, ҳуқуқи истифодаи тамғаи молии мувофиқати маҳсулоти органикиро доранд.
4. Истифодаи ҳамаи намуди аломат, аз ҷумла аломатҳои дар тамғаҳои тиҷоратӣ истифодашаванда, инчунин услубҳои тамғагузорӣ ва рекламаи маҳсулоти органикӣ ё ҷузъиёти аз он истеҳсолшуда, ки метавонанд истеъмолкунандаро ба иштибоҳ оранд, манъ мебошад.
Моддаи 11. Воридот ва содироти маҳсулоти органикӣ
Воридот ва содироти маҳсулоти органикӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 4. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ ВА ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ
Моддаи 12. Дастгирии давлатии рушди истеҳсолоти органикӣ
1. Рушди истеҳсолоти органикӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлат дастгирӣ карда мешавад.
2. Дастгирии давлатии соҳаи истеҳсолоти органикӣ бо роҳҳои зерин анҷом дода мешавад:
1) ҷалби сармоя барои пешбурди соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
2) мусоидат ба амалисозии чорабиниҳо оид ба ҳосилхезгардонӣ, беҳтар намудани ҳолати беҳдоштӣ ва ҳифзи заминҳо;
3) рушди инфрасохтори бозори маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти органикӣ;
4) таъмини дастрасии иттилоот оид ба ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ;
5) ташкили таҳқиқоти илмӣ оид ба рушди истеҳсолоти органикӣ, услуб, тарз ва технологияҳои инноватсионии истеҳсоли маҳсулоти органикӣ;
6) роҳҳои дигари дастгирӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 13. Шаффоф ва ошкоро будани иттилоот дар бораи истеҳсолоти органикӣ
1. Иттилоот дар бораи истеҳсолоти органикӣ шаффоф ва ошкоро мебошанд.
2. Ба иттилоот дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ, ки дастрасии тарафҳои манфиатдор ба онҳо озод мебошад, маълумоти зерин дохил мешаванд:
1) дар бораи тадбирҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ;
2) дар бораи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ, номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти органикӣ;
3) оид ба субъектҳои дигари дар рушди истеҳсолоти органикӣ иштироккунанда.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 14. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ
Баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 16. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 529; с. 2019, №4-5, мод. 220) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2141
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2013, №1171 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 5, мод. 347; с. 2019, №2-3, мод. 121) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 19 декабри соли 2024, № 1508
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 596
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ»
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз 4 июли соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, №7-9, мод. 600) пас аз калимаи «накардааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2144
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 январи соли 2025, № 1531
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 592
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 204, №11, мод. 958; с. 2016, №5, мод. 362; с. 2017, №1-2, мод. 14; с. 2020, №7-9, мод. 610; с. 2024, №1-2, мод. 8) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз қисми 6 калимаҳои «ба хазинаи ташкилоти дахлдори адвокатӣ ворид карда шавад ё» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 7 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 10 пас аз калимаи «ҳуқуқӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2145
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 январи соли 2025, № 1529
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 593
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод.1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1, мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1, 2-3, мод. 13, №6, мод. 346, №12, қ. 2, мод. 775, мод. 776; с. 2023, №4-6, мод. 157; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, №2092, №2093, №2094) сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ - 11 январ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2146
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 19 декабри соли 2024, № 1510
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 595
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1, мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1-3, мод. 13, №6, мод. 346, №12, қ. 2, мод. 775, мод. 776; c. 2023, №4-6, мод. 157; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, №2092, №2093, №2094; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2024, №1510) сархати чилу сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Иди Тиргон – 1 июл;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2147
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 30 январи соли 2025, № 1565
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 594
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, №1, 2-3, мод. 18, №12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, №1-3, мод. 8, №11, мод. 472; с. 2024, №5-6, мод. 267) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Кодекс калимаҳои «иҷрои уҳдадориҳои андозӣ» ба калимаҳои «инчунин муносибатҳои байни давлат ва андозсупорандаро вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ (минбаъд – муносибатҳои андозӣ)» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
1) дар ҷумлаи дуюми зербанди а) банди 13) пас аз калимаи «Агар» калимаҳои «дар муҳлати пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ» илова карда шаванд;
2) аз банди 30) калимаҳои «, маблағи суғуртавӣ» хориҷ карда шаванд.
3. Аз муқаддимаи қисми 9 моддаи 14 аломати вергул пас аз калимаи «ки» хориҷ карда шавад.
4. Ба банди 1) қисми 3 моддаи 17 пас аз калимаҳои «агенти ваколатдор» калимаҳои «ва (ё) брокери суғуртавӣ» илова карда шаванд.
5. Дар банди 3) қисми 1 ва сархати якуми қисми 2 моддаи 44, қисми 9 моддаи 46, қисми 5 моддаи 96, сархати чоруми қисми 3 моддаи 103 ва қисми 9 моддаи 397 калимаҳои «низоми электронии тамғагузорӣ», «низоми электронии тамғагузории» ва «тамғагузории» мувофиқан ба калимаҳои «низоми рамзгузории электронӣ», «низоми рамзгузории электронии» ва «рамзгузории» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 47:
1) қисми 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«9. Дар ҳолатҳои зерин бе гузаронидани санҷиши сайёри андоз дар давоми то 10 рӯзи корӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ санади дахлдор дода мешавад:
1) ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) ҳангоми барҳамдиҳӣ, ҳамроҳшавӣ ва муттаҳидшавии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо, кооперативҳои моликони манзил ва субъектҳои дигари мустақил, ки ба фаъолияти ҷамъиятӣ, эҳсонкорӣ ва (ё) ҳамчун ташкилоти тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, агар онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул набошанд;
3) ҳангоми қатъи фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ (ба истиснои супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ, ки ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд);
4) ҳангоми гузариши соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба шахси ҳуқуқӣ.»;
2) қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«10. Ҳангоми гирифтани маълумоти иловагии бо ҳуҷҷатҳо асосноккардашуда дар бораи аз ҷониби андозсупоранда пинҳонкунии маблағи андозҳо, мақомоти андоз дар фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ санҷиши сайёри андозро танҳо дар муҳлати даъво дар асоси хулосаи комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ мегузаронанд.»;
3) қисми 10 қисми 11 ҳисобида шавад.
7. Дар моддаи 64:
1) ба қисми 1 пас аз калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ» калимаҳои «, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шаванд;
2) дар қисми 2 калимаҳои «ва шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқие,» ба калимаҳои «, шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие,» иваз карда шаванд;
3) дар қисми 4 калимаҳои «дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда муайяншуда» ба калимаҳои «воқеӣ ва шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 1 моддаи 68 калимаҳои «ва шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «, шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 83:
1) дар қисми 1 калимаҳои «якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ» хориҷ карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавфҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти пайдо шудани хавфҳои нав ва (ё) аз байн рафтани хавфҳои амалкунанда пайваста такмил дода мешаванд.»;
2) қисми 3 хориҷ карда шуда, қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.
10. Дар ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 103 калимаҳои «аз ҷониби» ба калимаи «ба» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 106:
1) қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«10. Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ маблағҳои андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои барзиёд пардохт ё ситонидашуда, аз рӯйи пардохти қарзи андоз аз пардохтҳои дигар ба ҳисоб гирифта мешаванд. Агар шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии аз Феҳрист хориҷшаванда барои баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохт, ё ситонидашудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ариза пешниҳод накарда бошад, пас чунин маблағҳо аз ҳисобварақаи шахсии чунин андозсупоранда бароварда мешаванд. Новобаста ба ин, чунин андозсупорандагон ҳуқуқ доранд дар муҳлати даъво барои барқарор кардани маблағҳои барзиёд пардохт ё ситонидашудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки аз ҳисобварақаи онҳо хориҷ карда шуда буданд, ариза пешниҳод намоянд.»;
2) қисмҳои 10 ва 11 мувофиқан қисмҳои 11 ва 12 ҳисобида шаванд.
12. Ба қисми 4 моддаи 145 пас аз калимаи «гардидаанд» калимаҳои «ё андозсупорандагоне, ки нисбати онҳо ҷиҳати рӯёнидани қарзи андоз санади судӣ қабул шудааст» илова карда шаванд.
13. Дар банди 6) қисми 3 моддаи 186 калимаҳои «мукофотпулии суғурта», «полиси суғуртавӣ» ва «мукофотпулии суғуртавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ)», «шартномаи суғурта» ва «мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ)» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 189:
1) банди 2) қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) арзиши молу мулки дар шаклҳои аслӣ (ғайримоддӣ) ва (ё) пулие, ки аз шахсони воқеӣ бо роҳи мерос ё туҳфа гирифта шудааст, ба истиснои:
- даромаде, ки меросгир аз фурӯш (бегона кардан) ё ба иҷора додани молу мулки ба мерос гирифташуда ба даст овардааст;
- подошпулие, ки ба меросгирони (ворисони ҳуқуқии) муаллифони асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат, иҷрокунандагони асарҳои адабиёт ва санъат, инчунин кашфиёт, ихтироот ва намунаҳои саноатӣ пардохт мешавад;»;
2) банди 11) қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«11) фарқияти афзоиши арзиши молу мулки ғайриманқул ҳангоми фурӯш ё шакли дигари бегона кардан (ба истиснои объектҳои ғайриманқули бо мақсадҳои соҳибкорӣ истифодашаванда), агар то лаҳзаи бегона кардан на камтар аз 2 сол дар моликияти шахси воқеӣ қарор дошта бошад;»;
3) дар банди 26 қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 27) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«27) маблағҳои музди меҳнат, подошпулиҳо ва пардохтҳои дигаре, ки мураббиён, мутахассисон, кормандон ва бозингарони хориҷии субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон гирифтаанд.»;
4) дар банди 8) қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, бандҳои 9) ва 10) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«9) корхонаҳо, ба истиснои корхонаҳое, ки ба фаъолияти савдо, миёнаравӣ, таъминотӣ-фурӯш ва захиракунӣ машғуланд, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:
а) на камтар аз 50 фоизи шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд;
б) на камтар аз 50 фоизи маблағҳои музди меҳнат ва таъминоти дигари моддӣ, аз ҷумла дар шакли натуралӣ барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст;
10) даромадҳои субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон.».
15. Ба қисми 5 моддаи 191 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Муқаррароти қисми мазкур, инчунин нисбат ба даромади маъюбони гурӯҳи I, ки дар шакли музди меҳнат ва аз соҳибкории инфиродӣ гирифта нашудаанд, татбиқ мегардад.».
16. Дар қисми 1 моддаи 200 калимаи «тавозунии» ба калимаи «ибтидоии» иваз карда шавад.
17. Дар қисми 6 моддаи 214 калимаҳои «полиси суғуртавӣ» ба калимаҳои «шартномаи суғурта» иваз карда шаванд.
18. Дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 217 калимаҳои «ҷубронпулии суғуртавии» ба калимаҳои «ҷуброни суғуртавии» иваз карда шаванд.
19. Дар қисми 2 моддаи 220 калимаҳои «чунин пардохтҳо, ҳангоми пардохти андозҳои дар ҳамин қисм номбаршуда» ба калимаҳои «пардохти чунин андозҳо» иваз карда шаванд.
20. Дар қисми 2 моддаи 224 калимаҳои «андоз аз фоида» ба калимаҳои «андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
21. Дар банди 4) қисми 8 моддаи 239 калимаҳои «маблағҳои суғуртавие», «мешаванд» ва «суғуртавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мукофоти суғуртавие (ҳаққи суғуртавие)», «мешавад» ва «мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ)» иваз карда шаванд.
22. Дар қисми 4 моддаи 241:
1) дар муқаддимаи қисм пеш аз калимаҳои «аз даромадҳое» калимаҳои «аз даромади шахсони воқеӣ» илова карда шаванд;
2) ба сархати якум пеш аз калимаи «резидентҳо» калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ-» илова карда шаванд;
3) ба сархати сеюм пеш аз калимаи «маблағҳои» калимаҳои «зиёда аз 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо» илова карда шаванд;
4) сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- миёнаравҳо, ба истиснои миёнаравҳои касбӣ, аз шахсоне, ки агенти андоз намебошанд, даромад мегиранд;».
23. Дар қисми 2 моддаи 242 пеш аз калимаҳои «андозсупоранда дар» ва «дар ҳамон» мувофиқан калимаи «умумии» илова гардида, калимаи «онҳо» ба калимаҳои «маблағи андоз» иваз карда шаванд.
24. Дар қисми 1 моддаи 243 калимаҳои «дар муҳлатҳои барои пешниҳод намудани эъломияҳои андоз муқарраршуда» ба калимаҳои «на дертар аз санаи 15-уми пас аз моҳи тақвимие, ки дар он даромад гирифтаанд» иваз карда шаванд.
25. Дар қисми 5 моддаи 245 калимаҳои «якчанд намуди фаъолияти» ва «чунин шахсро ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирад» мувофиқан ба калимаҳои «фаъолияти якчанд субъектҳои» ва «маводро нисбати чунин шахс бо мақсади ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифтан ба баррасии комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ пешниҳод намояд» иваз карда шаванд.
26. Дар қисми 7 моддаи 248 пас аз калимаҳои «молҳои воридотӣ» ва «воридшуда» мувофиқан калимаҳои «ва хариди дохилӣ, ба истиснои молҳое, ки нархҳои (тарифҳои) онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд» ва «ва харидашуда» илова гардида шуда, калимаи «воридоти» ба калимаҳои «молҳои воридотӣ ва хариди дохилии» иваз карда шавад.
27. Дар моддаи 251:
1) дар банди 11) қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, банди 12) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«12) хизматрасонии оператори маълумоти фискалӣ, ки ба мақомоти андоз дар як вақт маълумоти дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавиро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо ва рамзгузории электронии молҳо ирсол мекунад ва дорои таҷҳизоти махсус барои коркард, қабули мустақил ва доимӣ, ҳифз ва нигоҳдории криптографии маълумоти фискалии дар реҷаи онлайн (воқеӣ) гирифташуда мебошад.»;
2) ба сархати дуюми қисми 4 пас аз калимаи «сарватҳо» калимаҳои «, инчунин воридоти сабикаҳои ченакие, ки аз металлҳои қиматбаҳои онҳо дар хориҷи кишвар коркард карда шудаанд» илова карда шаванд;
3) дар сархати панҷуми қисми 4 калимаҳои «дорувории тиббӣ, ба истиснои дорувории тиббии дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки тартиб ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд» ба калимаҳои «инчунин дорувории тиббии алоҳидае, ки номгӯйи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ба истиснои дорувории тиббии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда» иваз карда шаванд;
4) аз сархати шашуми қисми 4 калимаи «давлатии» хориҷ карда шавад;
5) дар сархати сездаҳуми қисми 4 аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Номгӯй ва ҳаҷми воридоти молу мавод бевосита барои субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво вобаста ба эҳтиёҷоти худии онҳо, бо назардошти ҳаҷми истеҳсоли мол барои соли дахлдор, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;»;
6) дар сархати ҳаждаҳуми қисми 4 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархатҳои нуздаҳум ва бистум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти марказҳои барқу гармидиҳӣ, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад;
- воридоти молҳои варзишӣ барои таъмини эҳтиёҷоти субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон. Номгӯй ва миқдори молҳои варзишӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.»;
7) ба қисми 5 пас аз калимаҳои «ба истиснои воридоти» калимаҳои «техникаву таҷҳизот,» илова карда шаванд;
8) қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«9. Воридот ва содироти барқ дар доираи созишномаи байниҳукуматии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи интиқол ва транзити неруи барқ, инчунин танзими басомадҳо дар хатти интиқоли барқи байнидавлатӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.».
28. Дар қисми 2 моддаи 254 калимаҳои «чунин мол» ба калимаҳои «чунин моли содиротшуда, новобаста аз муқаррароти қисми 3 моддаи 251 ва қисми 1 ҳамин модда,» иваз карда шаванд.
29. Дар моддаи 258:
1) номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 258. Маҳали иҷрои кор ё хизматрасонӣ»;
2) қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«9. Барои мақсадҳои фасли мазкур маҳали ҷойгиршавии харидори хизматрасониҳо (корҳо), ки ин хизматрасониҳо (корҳо) бештар бо он алоқаманд мебошанд, маҳали иҷрои кор ё хизматрасонӣ эътироф карда мешавад. Муқаррароти мазкур нисбат ба хизматрасониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
1) ба моликият додан ё гузашт кардани патентҳо, иҷозатномаҳо, тамғаҳои савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои дигари шабеҳ;
2) гузаронидани машваратҳо, хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, аудиторӣ, муҳандисӣ-техникӣ (инжинирингӣ), дизайнерӣ, маркетингӣ, адвокатӣ, муҳосибӣ, муҳандисӣ, инчунин хизматрасониҳои коркарди маълумот (ба истиснои паҳнкунии маҳсули воситаҳои ахбори омма) ва хизматрасониҳои дигари шабеҳ;
3) ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои воситаҳои нақлиёт);
4) хизматрасониҳо оид ба ташкили саёҳат.».
30. Дар банди 2) қисми 1 моддаи 264 пас аз калимаҳои «коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» калимаҳои «, ба истиснои коркарди пахта» илова карда шаванд.
31. Ба қисми 11 моддаи 266 калимаҳои «воридоти мол» ба калимаҳои «хариди молҳо ва воридоти молҳо» иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 267:
1) ба қисми 1 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҳангоми талаф ёфтани неруи барқ;»;
2) дар банди б) қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, банди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«в) талаф ёфтани неруи барқ - ин дар раванди истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ талаф ёфтани неруи барқ мебошад, ки дар натиҷаи ин рӯйдод неруи барқ то қабулкунанда (харидор) намерасад. Талаф ёфтани неруи барқ дар доираи меъёрҳои талафоти технологии неруи барқ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи барқ тасдиқ карда шудааст, талаф ёфтани неруи барқ дониста намешавад.»;
3) қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Новобаста ба муқаррароти моддаи 249 Кодекси мазкур ва қисми 3 ҳамин модда, андозсупорандаи истифодабарандаи меъёри стандартӣ уҳдадор аст то 1 апрели ҳар сол тасҳеҳи андоз аз арзиши иловашударо барои тамоми давраи соли тақвимии гузашта гузаронад.».
33. Ба қисми 1 моддаи 323:
- пас аз калимаи «шудааст,» калимаҳои «вале на камтар аз нархи миёнаи таҳвили мол, ки дар давраи андоз дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ё биржаҳои байналмилалии (минтақавии) дигар ташаккул ёфтааст,» илова карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҳолати дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ё биржаҳои байналмилалии (минтақавии) дигар муайян нашудани нарх, манбаи андози рентаи содиротӣ дар асоси нархҳои бозорӣ муайян карда мешавад.».
34. Ба моддаи 326 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки дар давоми се моҳи ҳисоботӣ ҳисоботҳои андозиро пешниҳод накардаанд, маблағи рентаи содиротӣ аз рӯйи меъёри дар қисми 4 моддаи 37 Кодекси мазкур муқарраршуда ҳисоб карда мешавад.».
35. Дар қисми 4 моддаи 332 пеш аз калимаи «хоҷагиҳои» калимаҳои «ба истиснои» илова карда шаванд.
36. Қисми 6 моддаи 334 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Ҳисоби андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки бояд ҳар нимсолаи тақвимӣ то санаи 15-уми моҳи пас аз нимсолаи ҳисоботӣ пардохт карда шавад, дар асоси маълумоти мақоми давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ташаккул дода шуда, дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда огоҳинома дар шакли электронӣ ирсол мегардад. Дар ҳамин муҳлат хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ уҳдадор мебошад, ки маблағи андозро ба буҷети давлатӣ пардохт намояд. Ҳангоми гирифтани маълумоти иловагӣ аз мақомоти соҳавӣ ё аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок), мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот (тавзеҳот) уҳдадор аст, ки онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳшударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ворид намояд ва дар ин хусус ба андозсупоранда огоҳнома ирсол намояд.».
37. Дар сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 347 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархатҳои нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- объектҳои ғайриманқули субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон;
- объектҳои ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ, ки 50 фоизи кормандонашонро маъюбони гурӯҳҳои I ва II ташкил медиҳанд, нисбат ба объектҳои ғайриманқуле, ки бевосита аз ҷониби чунин шахсон барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии худ истифода мешаванд.».
38. Дар моддаи 352:
1) дар зербанди а) банди 2) қисми 3 калимаи «замин» ба калимаҳои «замине, ки бо мақсади сохтмони манзили истиқоматӣ, бӯстонсарой ва қитъаҳои дигари замини ёрирасони шахсӣ истифода мегарданд (ба истиснои заминҳои барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда)» иваз карда шаванд;
2) ба зербанди а) банди 2) қисми 3 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- заминҳои дигари шахсони воқеӣ, ба истиснои сархатҳои якум-сеюми зербанди а) ва зербанди б) банди 2) - бо меъёри яккарата;»;
3) дар зербанди б) банди 2) қисми 3 калимаҳои «меъёри панҷкаратаи барои масоҳатҳои дар сархати якуми зербанди а) банди 2) ҳамин қисм муқарраргардида» ба калимаҳои «андозаи панҷкаратаи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
4) дар қисми 4 калимаҳои «меъёри панҷкаратаи дар сархати якуми зербанди а) банди 2) қисми 3 ҳамин модда муқарраргардида» ба калимаҳои «ба истиснои заминҳое, ки нисбат ба онҳо андози ягонаи кишоварзӣ ҳисоб карда мешавад, андозаи панҷкаратаи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
39. Дар сархати понздаҳуми қисми 1 моддаи 353 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз ва сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- қитъаҳои замини ба субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон вобастагардида.».
40. Дар қисми 4 моддаи 354 калимаҳои «андоз аз объектҳои ғайриманқул» ба калимаҳои «андози замин» иваз карда шаванд.
41. Дар моддаи 355:
1) дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти андози маҳали бақайдгирии андозсупоранда» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
2) дар қисми 3 калимаҳои «мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқул» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
42. Дар сархати ҳафтуми моддаи 361 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- воситаҳои нақлиёти субъектҳои соҳаи футболи Тоҷикистон.».
43. Ба қисми 2 моддаи 381 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Супорандаи андози низоми содакардашуда уҳдадор аст, ки дар санаи анҷом додани таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба субъектҳои дигари хоҷагидор ҳисобнома-фактураи электронӣ пешниҳод намояд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.».
44. Дар моддаи 388:
1) қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ҳисоби маблағи андози ягонаи кишоварзӣ, ки бояд барои соли ҳисоботӣ пардохт карда шавад, дар асоси маълумоти мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ то 1-уми феврали соли ҳисоботӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ташаккул дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсӣ, телефони мобилӣ, суроғаи электронӣ ё ба суроғаи ҳуқуқии андозсупоранда ирсол мегардад.»;
2) қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Дар ҳолати гирифтани маълумоти иловагӣ аз мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва (ё) аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок), мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот уҳдадор аст онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳкардашударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ворид намояд ва дар ин бора ба андозсупоранда огоҳинома ирсол намояд. Шакли ҳисобот ва огоҳинома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Агар бо ягон сабаб огоҳинома оид ба ҳисоби маблағи андози ягонаи кишоварзӣ ба андозсупоранда нарасида бошад, чунин шахс уҳдадор аст ба мақомоти андози маҳали бақайдгирӣ муроҷиат намуда, ҳисоби андозро гирад ва мустақилона маблағҳои андозро дар муҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур пардохт намояд.»;
3) қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
45. Дар сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 2 моддаи 389, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 391 калимаи «нуқтаи» ба калимаи «хазинаи» иваз карда шавад.
46. Дар моддаи 392:
1) дар қисмҳои 1 ва 2 калимаи «воҳиди» ба калимаи «як» иваз карда шавад;
2) қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Меъёри андоз барои объектҳои бизнеси бозӣ, ки мустақиман тавассути сомонаи бизнеси бозии идораи букмекерӣ амалӣ карда мешавад, дар алоҳидагӣ барои ҳар яки онҳо ба андозаи на камтар аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад.»;
3) ба қисми 4 пас аз калимаҳои «дигари сомонаи бизнеси бозӣ» калимаҳои «ва субъектҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ташкил ва гузаронидани лотереяҳо ва бозиҳои дигари бурднок машғул мебошанд,» илова карда шаванд;
4) дар қисми 5 калимаи «нуқтаи» ба калимаи «хазинаи» иваз карда шавад.
47. Дар моддаи 396:
1) ба қисми 1 пас аз калимаи «технологиро» калимаҳои «дар парки технологии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда» илова карда шаванд;
2) ба қисми 3 пас аз калимаи «худ» калимаҳои «дар чунин парки технологӣ» илова карда шуда, калимаҳои «ба истиснои пардохти андози иҷтимоӣ ҳамчун андозсупоранда-суғуртакунанда, пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоии суғурташаванда, инчунин дар лаҳзаи пардохти даромадҳо дар манбаи пардохт, аз ҷумла суди саҳмияҳо ҳамчун агенти андоз,» хориҷ карда шаванд;
3) қисмҳои 4, 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Даромади андозбандишавандаи шахсони воқеӣ аз кори кироя дар субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ ба андозаи 50 фоизи меъёри муқаррарнамудаи моддаи 183 Кодекси мазкур озод карда мешавад.
5. Даромади бо андози иҷтимоӣ андозбандишавандаи шахсони воқеӣ-резидентон (суғурташаванда)-и субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ ба андозаи 50 фоизи меъёри муқаррарнамудаи сархати дуюми қисми 2 моддаи 332 Кодекси мазкур озод карда мешавад.
6. Даромади саҳмдорон (иштирокчиён)-и субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ аз пардохти андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт озод карда мешавад.»;
4) қисми 4 қисми 7 ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур 1 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2143
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 январи соли 2025, № 1551
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 599
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСӢ»
Моддаи 1. Дар банди 2) моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз 19 июли соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №7, мод. 433) пас аз калимаҳои «пардохтҳои» ва «шахсӣ,» калимаҳои «ҳатмии» ва «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2148
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 январи соли 2025, № 1535
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 597
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №1-3, мод. 7) пас аз калимаи «мебошад,» калимаҳои «хариди аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, № 2149
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 31 январи соли 2025, № 1570
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, № 600
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 329; с. 2011, №6, мод. 439) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи «ӯҳдадориҳои» ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати чорум калимаҳои «саломатӣ ва ирсияти» ба калимаи «саломатии» иваз карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаи «муқарраршуда» ба калимаҳои «муқарраршудаи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ» иваз карда шавад.
3. Аз матни моддаи 2 аломат ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд.
4. Матни моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.».
5. Дар қисми 1 моддаи 5:
- дар сархати якум калимаҳои «саломатӣ ва ирсияти» ба калимаи «саломатии» иваз карда шаванд;
- ба сархати шашум пеш аз калимаи «истифодаи» калимаҳои «таъмини самаранокии энергетикӣ,» илова карда шаванд.
6. Дар сархати ҳаштуми моддаи 6 калимаи «чопи» ба калимаи «интишори» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 8:
- дар сархати чоруми қисми 1 калимаи «чопи» ба калимаи «интишори» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои «техникии мазкур» ба калимаи «техникӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 9:
- дар ном ва муқаддимаи модда калимаҳои «Салоҳияти» ва «салоҳиятҳои» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколатҳои» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум ва тамоми матни Қонун калимаҳои «мӯҳлати», «мӯҳлат», «Мӯҳлати» ва «мӯҳлате» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлати», муҳлат», «Муҳлати» ва «муҳлате» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаҳои «ҳокимияти иҷроияи» ба калимаҳои «иҷроияи ҳокимияти» иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои «иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «салоҳияти» мувофиқан ба калимаҳои «дигари иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» ва «ваколатҳои» иваз карда шаванд.
10. Ба қисми 1 моддаи 12 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот (хизматрасонӣ);».
11. Дар моддаи 13:
- ба қисми 4 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тавсифи сатҳи хатари эҳтимолӣ ба бехатарии биологӣ, экологӣ, радиатсионӣ, саноатӣ, химиявӣ, ягонагии усулҳои санҷишу ченкунӣ ва талаботи дигари бехатарии маҳсулот. Тавсифи мазкур бояд талаботро оид ба иттилоотонии истеъмолкунандагон (харидорон) дар бораи зарар ва омилҳое, ки аз онҳо хавфи расондани зарар ба ҳаёт ва саломатии инсон, муҳити зист, олами ҳайвонот ва наботот вобастагӣ дорад, ба эътибор гирад;»;
- дар қисми 8 калимаҳои «баёнёфта корношоям» ба калимаҳои «пешбинишуда номувофиқ» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 1 моддаи 22 калимаи «чопшуда» ба калимаи «интишоршуда» иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 23:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Маблағгузории корҳои бамеъёрдарории техникӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор, инчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.»;
- дар муқаддимаи қисми 2 калимаҳои «маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад» ба калимаҳои «буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд» иваз карда шаванд.
14. Моддаи 241 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 241. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ
Баҳсҳо дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2150
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2024, № 1517
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №601
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ТИҶОРАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» аз 18 июни соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №6, мод. 461) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 1 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми якуми моддаи 2 калимаҳои «Доираи амали» хориҷ ва калимаҳои «ба иттилоот» ва «паҳн» мувофиқан ба калимаҳои «ба мансуб донистани иттилоот ба сирри тиҷоратӣ» ва «татбиқ» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати ҳафтуми моддаи 3 ва тамоми матни қонун калимаи «гражданӣ» ба калимаи «маданӣ» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 5:
- аз зербанди б) калимаҳои «ба шахс» хориҷ карда шаванд;
- дар зербанди г) калимаҳои «муҳити атроф» ба калимаҳои «муҳити зист» иваз карда шаванд;
- дар зербанди з) калимаҳои «шарту шароитҳои озмунҳо ва савдо дар музояда» ба калимаҳои «шартҳои озмун ва музоядаҳо» иваз карда шаванд;
- дар зербанди и) калимаҳои «истифодаи меҳнати беподоши шаҳрвандон» ба калимаҳои «ҷалби волонтёрон» иваз карда шаванд;
- зербанди л) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«л) маълумоте, ки ҳатмияти ошкор кардан ё манъи маҳдудкунии дастрасӣ ба он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.».
5. Дар моддаи 6:
- дар қисми 1 калимаҳои «талаби», «мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «бидуни подош», «Талабномаи», «мӯҳлати» ва «қонунгузорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «дархости», «мақомоти давлатӣ», «тариқи ройгон», «Дархости», «муҳлати» ва «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «ин иттилоотро», «мақомоти ҳокимияти давлатӣ» ва «додан нахоҳад» мувофиқан ба калимаҳои «додани ин иттилоотро», «мақомоти давлатӣ» ва «рад намояд» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 ва тамоми матни қонун калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «мӯҳри», «будубоши» ва «фамилия» мувофиқан ба калимаҳои «муҳри», «ҷойгиршавии» ва «насаб» иваз карда шаванд.
6. Дар зербандҳои д) ва ж) қисми 2 моддаи 7 калимаҳои «ӯҳдадории», «қонун» ва «товони» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадории», «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «ҷуброни» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 2 моддаи 8 калимаи «ӯҳдадориҳои» ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад.
8. Дар ном ва матни моддаи 9 калимаҳои «қарордоди» ва «иттилооти дастрасшуда нисбати низоми сирри тиҷоратӣ» мувофиқан ба калимаҳои «фармоиши» ва «низоми сирри тиҷоратӣ нисбати иттилооти гирифташуда» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 1 моддаи 10:
- дар зербанди в) калимаҳои «чунин тартибот» ба калимаи «он» иваз карда шаванд;
- дар зербанди г) калимаҳои «дастёфта» ва «расонида» мувофиқан ба калимаҳои «иҷозатдошта» ва «дастрас» иваз карда шаванд;
- дар зербанди е) калимаҳои «мӯҳри», «будубош» ва «фамилия» мувофиқан ба калимаҳои «муҳри», «ҷойгиршавӣ» ва «насаб» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 11:
- дар муқаддимаи қисми 1 ва матни модда калимаҳои «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳои» ва «ӯҳдадории» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадор», «уҳдадориҳои» ва «уҳдадории» иваз карда шаванд;
- дар зербанди а) қисми 1 калимаҳои «воқифгардии ӯ аз» ба калимаҳои «дастрасии ӯ ба» иваз карда шаванд;
- дар зербанди б) қисми 1 калимаи «ӯро» ба калимаи «кормандро» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «Корманд бо», «надорад» ва «шинос» мувофиқан ба калимаҳои «Дастрасии корманд ба», «дорад» ва «амалӣ» иваз карда шаванд;
- дар зербанди б) қисми 3 калимаҳои «мақсади худ» ба калимаҳои «мақсадҳои шахсӣ» иваз карда шаванд;
- дар зербанди в) қисми 3 калимаҳои «мӯҳлати» ва «худ дар тӯли» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлати» ва «дар муддати» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «товони», «даст» ва «мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «ҷуброни», «дастрасӣ» ва «муҳлати» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «қувваи» ва «тартиботи» мувофиқан ба калимаҳои «ҳолатҳои» ва «низоми» иваз ва калимаи «товони» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 8 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 12:
- дар қисми 2 калимаҳои «аз нав ташкил кардан ва барҳам хӯрдани» ва «ӯҳдадории» мувофиқан ба калимаҳои «азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии» ва «уҳдадории» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «шарти» ба калимаи «тартиби» иваз ва калимаи «тарзу» хориҷ карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи «мӯҳлати» ба калимаи «муҳлати» иваз карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои «расидаро», «бояд» ва «товони зиёнро диҳад» мувофиқан ба калимаҳои «дастрасшударо», «уҳдадор аст» ва «зиёнро ҷуброн намояд» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти», «маҳаллӣ», «ӯҳдадоранд» ва «барояшон расонидаанд» мувофиқан ба калимаҳои «Мақомоти», «шаҳраку деҳот», «уҳдадоранд» ва «ба онҳо дастрас кардаанд» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «маҳаллӣ», «мақомотҳои мазкур ҳақ», «ӯҳдадориҳои», «аз он» ва «воқиф шудаанд» мувофиқан ба калимаҳои «шаҳраку деҳот», «мақомоти мазкур ҳуқуқ», «уҳдадориҳои», «ба онҳо» ва «маълум шудааст» иваз карда шаванд.
13. Моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2151
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 январи соли 2025, №1524
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №602
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» аз 2 апрели соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, №4-5, мод. 236; с. 2023, №11, мод. 479) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ҳуҷҷати электронии тасдиқкунандаи пардохти ғайринақдии маблағи хизматрасонии муздноки давлатӣ, аз ҷумла расиди электронӣ, супоришномаи пардохтшуда ва огоҳиномаи дигари таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба иҷрои амалиёти пардохти ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ пас аз ба низоми баҳисобгирии қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасонанда ворид гардидани нусхаи электронии онҳо эътироф карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2152
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 январи соли 2025, №1537
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №603
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» аз 25 июни соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №6, мод. 394) моддаи 361 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 361. Пардохтҳо марбут ба роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ
Пардохтҳо марбут ба роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, тариқи ғайринақдӣ ба амал бароварда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2153
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 январи соли 2025, №1533
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №604
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз 17 майи соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №5, мод. 284; с. 2024, №1-2, мод. 27) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати шашуми моддаи 9 пас аз калимаи «инчунин» калимаҳои «ба таври ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 3 моддаи 31 пас аз калимаи «зарар» калимаҳои «ба таври ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2154
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 январи соли 2025, №1539
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №605
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с. 2014, №11, мод. 662; с. 2020, №7-9, мод. 619; с. 2022, №12, қ. 2, мод. 785) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима, сархатҳои якум, дуюм, панҷум, ҳафтум, ҳаштум ва ёздаҳуми моддаи 1, қисмҳои 1, 3, 4, 7 ва 14 моддаи 4, моддаи 41, қисми 1 моддаи 6, қисмҳои 2, 3 ва 5 моддаи 7, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 8, қисми 1, сархати шашуми қисми 2 ва қисми 4 моддаи 10, қисми 1, сархати панҷуми қисми 2 ва қисми 4 моддаи 11, қисмҳои 2, 3, 4, 5, 6 ва 7 моддаи 12, моддаҳои 13 ва 14, қисмҳои 1 ва 4 моддаи 15 калимаҳои «кӯтоҳмуддат», «мӯҳлати», «Мӯҳлати», «мавзӯи», «Мавзӯи», «мӯҳр», «мӯҳри», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳояшро» ва «ӯҳдадории» мувофиқан ба калимаҳои «кутоҳмуҳлат», «муҳлати», «Муҳлати», «мавзуи», «Мавзуи», «муҳр», «муҳри», «уҳдадор», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳояшро» ва «уҳдадории» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 3 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар қисмҳои 12, 14 ва 15 моддаи 4 ва сархати сеюми қисми 3 моддаи 9 калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии)» ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и» иваз карда шаванд.
4. Дар қисмҳои 1 ва 7 моддаи 12 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2155
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 январи соли 2025, №1541
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №606