ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО ТОҶИКИСТОН
Аз чеҳраҳои намоёни адабиёти муосири тоҷик, ки бо фаъолияти доманадору серпаҳлуи худ ҳамчун шоири рангинхаёлу навҷӯю боистеъдод эътироф шудааст, Ғоиб Сафарзода мебошад.
Мувофиқи даврабандиҳое, ки дар бахши адабиёти муосири тоҷик сурат гирифтааст, шоир намояндаи насли савуми ин давра ба ҳисоб меравад. Ғоиб Сафарзода дар охири даҳаи 50 ва ибтидои даҳаи 60-уми асри гузашта ба майдони адабиёт қадам гузошт. Ин давраест, ки дар қаламрави шеъри тоҷикӣ як навъ тағйиру дигаргунии сифатӣ ба зуҳур мерасид, барои тағйири сабку услуб ва тарзҳои маълуми шеърофаринӣ саъю кӯшишҳо мешуд, нишасту баҳсҳои судманде дар матбуот, нашрияҳои илмӣ ва маҷаллаҳои адабии давр ба табъ мерасиданд.
Фаъолияти эҷодии Ғоиб Сафарзода аз охири солҳои панҷоҳум, аз айёми донишҷӯйӣ оғоз ёфта, ҳамагӣ 13 сол, яъне то дами марги фоҷиавиаш (соли 1972) идома кардааст. Ӯ ҳамчун ҷавони эҷодкор, нисбат ба худ басо серталаб буд. Дар умри кӯтоҳ бо ашъори рангинаш дар назми солҳои шастуми садаи бист саҳми арзанда гузошт.
Ғоиб Сафарзодаро баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ соли 1962 барои кор ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”), ки яке аз бонуфузтарин нашрияҳои марказӣ буд ва ҳаст, даъват карданд, чунки маҳорату нукташиносӣ, мушоҳидакориву борикбинӣ, ҳақҷӯиву ҳақгӯияш, аллакай барои соҳибназарон ва ғамхорони адабиёту фарҳангу матбуот маълум гардида буданд. Ӯ то охири умр дар ин нашрияи бонуфуз фаъолият кардааст.
Асарҳои Ғоиб Сафарзода бо унвони «Мероси ҷавонӣ», «Ҷавонӣ», «Корвони орзу», «Ошёни офтоб», «Мунтахабот» (дар ду ҷилд) ба нашр расидаанд. Шоир на танҳо дар шакл, бандубаст, балки дар мазмуну мундариҷа ва навъҳои шеър ҳам навоварӣ кардааст. Ашъораш саршори саноеи шеърию ғояҳои олӣ мебошанд.
Ғоиб Сафарзода дар синни 25-солагӣ (1965) узви Иттифоқи журналистон ва дар 31-солагӣ (1971) узви Иттифоқи нависандагони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ (ҳоло ИН Тоҷикистон) гардидааст.
Дар эҷодиёти Ғоиб Сафарзода мавзуи Ватан ҷойгоҳи хосса дорад. Ватан барояш маконест, ки инсон дар домани он зода мешавад, бузург мегардад, хона, оила бунёд месозад, дар оғӯши он пайвандони худро парвариш медиҳад.
Табиист, ки муҳаббату садоқат ба Модар, Ватан, зодгоҳ ба замири шахс гармӣ ва ҳарорат мебахшад. Аввалин чакидаҳои шогирдонаи хомаи шоир Ғоиб Сафарзода маҳз дар бораи зодгоҳи азиз аз рӯи муҳаббату садоқати зиёд аст:
Дар миёни кӯҳҳои сарбаланд
Чашмаҳои соф дар ҷӯшу хурӯш.
Мевазад ҳар гаҳ насими дилписанд,
Бар димоғам мерасонад бӯйи хуш...
Сахттар андар дили ман гашт ҷо
Меҳри деҳи дилкашу хушманзарам.
Меҳри поки зодгоҳи хешро
Умрбод андар дилам мепарварам.
Меҳри Ватан аз шири модар ва аз гаҳвора сар мешавад. Ин ҳар ду муқаддасот ба кас одатан дар зодгоҳ насиб мегардад. Шоир ҳамеша бо ёди зодгоҳ зиндагонӣ мекард ва дар шеъри «Ёди зодгоҳ» чунин гуфтааст:
Агарчи аз канорат дур ҳастам,
Зи фасли навбаҳорат дур ҳастам,
Вале шодам ба ёди кӯҳсорат,
Ба ёди чашмаҳои ҷӯшдорат...
Дил аммо ҷӯш аз ҷӯши ту дорад,
Ҳамеша майли оғӯши ту дорад.
Шоир дар баробари ин, бо қалби пурэҳсос дарк менамояд, ки меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан, ба халқу диёри азизу маҳбуб ва миллаташ мебошад:
Маро ҷӯйед дар ҳамбастагӣ бо Тоҷикистонам,
Диёри кӯҳсорони қатори осмонбардӯш,
Диёре, к-андар ӯ дарҷ аст дороию имонам,
Диёре, ки маро додаст дунёи хурӯшу ҷӯш.
Воқеан ҳам, кас ба қадри Ватану модар, муқаддасию бузургии онҳо ҳамон вақт бештар мерасад, ки аз канораш дур бошад.
Ғоиб Сафарзода меҳру муҳаббати нисбат ба Меҳанро дар баробари муҳаббату садоқат ба модар медонад:
Модар – Ватанам, номи шумо вирди забонам,
Бо амри шумо ҷониби афлок равонам...
Эй модари маҳбуб, эй кишвари маҳбуб!
Шоир аз Тоҷикистон, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, ки ба оламиён шинос аст, ифтихор дошт, ки он мақому манзалати хосса дорад:
Ватан дорам, ки дунёро писанд аст,
Амонӣ дар паноҳаш бегазанд аст.
Биарзад, ки ба номи ӯ бифахрам,
Сари ман аз мақоми ӯ баланд аст.
Бояд зикр кард, ки дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва умуман, дар руҳияи ватандӯстӣ, ватандорӣ, хештаншиносию ифтихори миллӣ тарбия намудани онҳо дар таълимгоҳҳо, макотиби олӣ ва дар вохӯрию корҳои таблиғотӣ аз ин навъи сурудҳои Ғоиб Сафарзода пайваста истифода кунанд, бамаврид ва судманд аст.
Маҳтовбӣ МИРЗОЕВА,
номзади илмҳои филология,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ