Мулоқоти муовини якуми Сарвазир бо ҳайати Фонди саудии рушд
13-уми феврал дар шаҳри Душанбе муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо директори минтақавии Фонди саудии рушд дар Осиёи Марказӣ Муҳаммад ал-Масъуд мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди мазкур, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки то имрӯз аз ҷониби Фонд дар ҳаҷми 306 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзнок ба Тоҷикистон ҷудо шудааст. Ҳоло чор лоиҳаи дигар ба миқдори умумии 180 миллион доллар мавриди амал қарор дорад.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, лоиҳаи созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб» баррасӣ шуд. Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа аҳамияти байналмилалӣ дошта, пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриро бо ВМКБ ва минбаъд бо Чин, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои минтақа мепайвандад.
«Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Таҳти ҳамин унвон 12-уми феврал дар Маркази тадқиқоти стратегӣ Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гашт.
Ҳадаф аз баргузории Конфронс, баррасии нақш ва ҷойгоҳи интихобот дар низоми сиёсии мамлакат, таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи маърифати сиёсии шаҳрвандон вобаста ба интихобот, таҳлилу арзёбии арзишҳо ва дастовардҳои интихоботи қаблан доиргардида дар солҳои соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, ҳолат ва дурнамои рушди институти интихоботӣ дар Тоҷикистон, пешниҳодҳои таҳкими раванди интихобот ва такмили қонунгузории дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
220 НОМЗАД БАРОИ 63 ҶОЙ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ 152 нафарро ҳамчун номзад барои ширкат дар интихоботи парлумонии кишвар ба қайд гирифт, ки 85 нафараш аз ҷониби 6 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ва 65 нафар ҳамчун худпешбар сабти ном шудаанд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) – 52 нафар; Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) – 18 нафар; Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) – 7 нафар; Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) – 4 нафар; Ҳизбии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) – 3 нафар; Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ)– 3 нафар; ба таври худпешбарӣ – 65 нафар.
Илова бар ин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 68 номзадро аз 6 ҳизби сиёсии кишвар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта, ба онҳо иҷозат дод, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ барои 22 курсии парлумон вориди корзори интихоботӣ шаванд.
Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор хоҳад шуд.
Муаррифии номзадҳо оғоз шудааст ва бо мақсади риояи фарҳанги муошират, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи интихоботии дигар субъектҳои раванди интихобот дар ҷараёни ташвиқоти пешазинтихоботӣ, ҳифзи суботи ҷомеа ва барнаангехтани ҳисси бадбинӣ, хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ ва миллӣ, суиистифода накардан аз озодии воситаҳои ахбори омма, риояи қонун байни ҳизбҳои сиёсӣ созишнома ба имзо расид. Дар созишнома зикр гардидааст, ки ҳизбҳои сиёсии дар раванди интихобот иштироккунанда қоидаҳои пазируфташудаи мубоҳиса ва муоширатро дар раванди ташвиқоти пешазинтихоботӣ риоя мекунанд ва ба истифодаи усулҳои номақбул дар ин раванд роҳ намедиҳанд.
Ҳамаи роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ иброз намуданд, ки дар интихобот ба хотири пешрафт, ягонагию ваҳдат ва суботи Тоҷикистон ширкат ва муқаррароти қонунгузорӣ ва қоидаҳои пешбинамудаи созишномаро риоя мекунанд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.02.2025 №: 36