“ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!”
Сурататро чӣ кунам, чун ту надорӣ сират.
Кас ба як ҷав нахарад сурати бемаъниро.
Пештарҳо ин байт аз ҷониби бузургсолон батакрор садо медод. Ҳолиё он ва ба ин монанд байтҳо, ки наслҳои ҷавонро ба сӯи ахлоқи ҳамида роҳнамоӣ кунанд, аҳёнан шунида мешаванд. Яъне, масъулияти тарбия карданро батадриҷ аз ёд бароварда истодаем. Бархе ба он менозанд, ки фарзандонашон чандин забонро медонанд ва дар кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил намудаанд ва ё менамоянд. Албатта, ин хуб аст, аммо дар сурате ки ахлоқи ҳамидаи миллиро тарк нагуфта бошанд. Вақте онҳо ин ахлоқро намедонанд, намешиносанд ва барои пойдорияш саъй ба харҷ намедиҳанду ба он ифтихор намекунанд, пойбанди ахлоқи бади дигарон мешаванд ва муҳаббати миллат ба зудиву осонӣ аз дилашон меравад. Он гоҳ бо дарку эҳсоси мустақилият ба волидайни худ ҳам эҳтиром намегузоранд. Агар ба синни пирӣ расида бошанд, маргашонро хостор мешаванд. Боз агар волидоне, ки сарватманд бошанд, дар андешаи мерос меафтанд. Бехабар аз ин ки, “ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз”. Бехабар аз ин, ки он падарон бо чи ранҷҳо ин молро ба хотири осудагиву зиндагии шоистаи фарзандонашон ҷамъ овардаанд. Посухи ин қадрношиносӣ ва амалҳои бадашонро ҳатман аз фарзандонашон мегиранд. Пушаймонӣ он замоне дар мекӯбад, ки дигар суде намебахшад.
Яке аз афроди шинохтаи кишвар, ки бо ваъз ба тарбияи дигарон машғул буд, аз он афсӯс мехӯрд, ки фарзандонашро нозпарвар намуд ва онҳо роҳи бадро интихоб кардаанд. Мо аксар аз рӯи муҳаббатамон ба ин одат кардаем, ки тамоми имкониятро барои фарзандонамон муҳайё намоем. Мехоҳем беҳтарин мошин, телефон, хона, сарулибосро барояшон бихарем, аммо дар харидани як китоби тарбиявӣ худро гирифтор ба мушкилоти бузург мепиндорем. Бароямон, гӯё таъни бузург аст, ки вориди дукони китобфурӯшӣ шавем: мабодо касе моро бубинад ва айб кунад. Агар ба тарбияи фарзанд машғул мешавем, манфиатҳои худро дар ин тарбияи нодуруст дар шумор меоварем.
Падаре, ки худ тарбияи дуруст надидааст ва дар чоҳи ҳирсу муҳаббати дунёву ҷоҳ афтодааст, на насиҳатро медонаду мешиносад ва на дуруст тарбия карда метавонад.
Тарбия кори саҳл нест. Ҳазору як усулу донишро хостор аст. Оне, ки худ роҳро намедонад, чӣ гуна метавонад, роҳнамо бошад? Дар ин сурат:
Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,
К-ин раҳ, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст.
Дар ин биёбон бе барномаи дуруст ва роҳнамои шоиста набояд роҳ рафт, чун ҳазор роҳзан дар камин нишастааст.
Фарзандонамонро бо ахлоқи ҳамидаи миллӣ на барои худ, балки барои ҷомеа бояд тарбия намоем. Имоми Аъзам (рҳ) барҳақ фармудааст: “Фарзандонатонро барои худ дӯст бидореду барои ҷомеа тарбия бикунед”. Аз рӯйи ин фармуда амал намудаем? Кош посухамон мусбат мебуд.
Дар аксар хонадони мо барои тарбияи фарзанд барномарезӣ намекунанд ва ҳам аз барномаҳои мавҷуда, ки пешиниёни бошарафамон барои мо навиштаанд, истифода наменамоянд. Ҳанӯз се ҳазор сол пеш Конфутсий ба ин маънӣ мегуфт: “Агар барномаи яксола дорӣ, биринҷ бикор, агар он даҳсола аст, ниҳол биншон ва агар барномаат садсола аст, инсон тарбия бикун”.
Риштаи тарбия агар барои андак замон канда мешавад, солҳо бояд, то онро пайванд намоӣ, яъне ҷуброни онро ба осонӣ наметавон кард.
Ба ин маънӣ ҳам Мавлоно хуб таъкид доштааст:
Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.
Имрӯз бисёр даъвои мусулмонӣ доштанро мекунем, аммо андешаи инсон шудан, инсони комил шуданро камтар менамоем.
Расму ойини шоиста ва ахлоқи ҳамидаи миллиро бархе аз миллатҳои шоиста, ҳатто, ба дандон, зарур шавад, ҳифз мекунанд.
Ин ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки мо ориёием, ба маънои ба он дин баргаштан ва парастишҳои ориёиҳо нест, балки бояд чун он пешиниёни бошарафамон наҷиб ва асилзода будан мебошад. Ин ки Сарвари давлат моро ба донистани таърих, гузаштаи худамон водор месозанд, мақсад ибрат гирифтан аз он ва чун шарафмандонамон зистан аст. Ин ки Президенти мамлакат бо ҳисси ифтихор мегӯянд: “Тоҷикистон, ба пеш!”, ба маънии бо дастовардҳо, шинохти ҳувияти миллӣ, ифтихор аз гузашта, дӯстдории Ватан, ноил гардидан ба дастовардҳои бузург, ахлоқи ҳамидаи миллӣ ба пеш рафтани миллати мутамаддинамон мебошад.
Мо дар сурате метавонем ба пеш равем, ки таълиму тарбияро тавъам дуруст ба роҳ монем ва он набояд танҳо кори омӯзгору мактаб бошад. Ҳар нафар бояд худро дар иҷрои ин масъулиятҳои бузург вазифадор бидонад.
Ин ки бо ташаббусу сарпарастии Сарвари давлат бо харҷи маблағҳои зиёд китоби адибонамон (силсилаи “Ахтарони адаб”) нашр шуд ва озмунҳои гуногунро чандин сол боз баргузор мекунанд, ба ин хотир аст, ки бо дониши муфиду тарбияи дуруст ба воя бирасем ва миллату Ватанамонро аз дилу ҷон дӯст бидорем.
Агар танҳо дониш дошта бошем, моро дигарон ба осонӣ метавонанд бихаранд ва пас аз як насл тағйироти бузурге дар мо ворид кунанд, ҳувияти миллиамонро аз мо бигиранд. Агар он дониш бо ахлоқи ҳамида якҷо бошад, бароямон манфиати миллӣ, пешрафти кишварамон муҳимтар арзёбӣ мешавад. Барҳақ фармудаанд: “Подшоҳи ҷаҳаннами худ бош, на хидматгори биҳишти дигарон”. Бадбахтии бузург ин аст, ки бе тарбияи дурусту дониши муфид инсон инсонияти худро аз даст медиҳад ва ба сирати ҳайвонӣ зуҳур мекунад. Бобо Тоҳири Урён, он шоири ориф, барои мардуми ҳамаи замонҳо исрор меварзид:
Бувад қадри ту афзун аз малоик,
Ту қадри худ намедонӣ, чӣ ҳосил.
Мавлоно дар замони худ ба ҷустӯҷуи инсони комил мегашт, то аз ӯ баҳрае бардорад ва ба мақоми шоиставу арзандаи инсонӣ бирасад:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Ба ӯ гуфтанд, ки онҳо ҷустаанд, аммо наёфтаанд. Ӯ ин ҷустуҷӯро дурусту комил намеҳисобид, аз ин рӯ, гуфт:
Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт: Он кӣ ёфт менашавад, онам орзуст.
Мавлоное, ки Шамси Табрезиро ёфта буд, мехост дигарон ҳам чун ӯеро биҷӯянду биёбанду ба мақоми инсонӣ бирасанд; мақоме, ки барои он баъд аз ҳазор сол тай кардан, дар роҳи мусулмонӣ тайи боз ҳазор соли дигар зарур аст. Арабҳо мақоле доранд: “Ҷоҳил зиндагӣ мекунад, то бихӯрад, оқил мехӯрад, то зиндагӣ кунад”.
Номе аз хеш дар ҷаҳон бигзор,
Зиндагонӣ барои мурдан нест.
Бисёр шахсиятҳои бузургу тарбиятгарони асил дорем, ки ё онҳоро намешиносем ва ё аз суҳбату дарсу маҷлисҳояшон истифода намекунем. Бар замми ин, ба ҳоли баъзе аз онҳо механдем, ки аз пешрафти замон қафо мондаанд.
Мирзо Абдулқодири Бедил чи зебо гуфтааст:
Ҳамсуҳбатони ин базм аз дида рафтагонанд,
Ибрат хуш аст, аз инҳо рӯ бар қафо нишинад.
Сохтани иморатҳои бузургу боҳашамат мушкил нест, осон аст. Мушкил дар он аст, ки ин гуна кохҳои боҳашамату бузурги маърифату ахлоқро бар асари ғафлат, фаромӯшӣ, беэътиноӣ дар вуҷуди худ, бо ин ки олами кабир маҳсуб мешавем, сохта наметавонем. Ба чӣ бинозем? Ба хӯрдану хуфтан ва асири шаҳват будан? Миллат бо донишу ахлоқи ҳамида ва расму ойини худ пойдор мемонаду шарафманд мешаваду рушд мекунад. Пешрафтҳое, ки дар дунё шуда истодааст, бояд дар баробари шод гардидан аз онҳо, ба ин андеша водорамон созад: оё мо маҳв намешавем?
Андешаи пойдорӣ, пешравии миллату давлат вазифаи танҳо Пешвои маҳбуби миллатамон нест. Бояд ҳама дар баробари ин шахсияти таърихии миллату давлатсоз биандешем, албатта, бо ҳисси дилсӯзӣ ва дар иҷрои ин мақсаду мароми нек пайравашон бошем. Барои мо таъкид мекунанд, ки зиракӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем. Барои мо бо ташаббусашон қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро ба тасвиб расонданд. Ҳамаи саъю талошашон барои мо ва пойдориву пешрафти миллатамон аст. Тарбия ва роҳнамоӣ, фикр мекунам, ки аз ин зиёд намешавад. Барои мо таъкид менамоянд, ки ба қадри волидайн бирасем, дар тарбияи дурусти фарзандонамон ғофилу беҳавсала набошем. Барои мо мақоми занро боло бардоштанд, то модари солим тарбиятгари дурусти фарзанди солим бошад.
Мушкил нест, ки ҳар рӯз аз худ бипурсем: мо барои тарбияи фарзанд, насли ояндасози миллат чӣ кори хубу бузург ва ё арзандаро ба анҷом расондем? Агар ин гуна масъулияту пурсишро ҷиддӣ бишносему бигирем, “Ба пеш!” бо дили пур ва дастовардҳои бузург, бе хавфу ҳарос ва хатар рафта метавонем. Ҳақ бар ҷониби Сарвари давлат аст, ки барои мо таъкид менамоянд: “Тоҷикистон, ба пеш!”.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”