ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 60 СОЛ ДАР САҲНАИ ҲУНАР

60 СОЛ ДАР САҲНАИ ҲУНАР

14 феврал 2025, Ҷумъа
11
0


Овози марғубу дилнишини сароянда руҳи касро осоиш мебахшад. Ва ин бор сухан дар бораи овозхони дилписанд Ҳимматхудо Амирхудоев меравад, ки бо садои хушаш дили мухлисони зиёдро тасхир кардааст.  Дар баробари сарояндаи мумтоз будан, устод дар саҳнаи театр бо маҳорати воло нақш меофарад.

РОҲ БА СӮЙИ ҲУНАР
Мавсуф шаст сол дар ин ҷода гомҳои устувор мегузорад. Сарояндаи хушовозу ҳунарманди шинохта 5-уми феврали соли 1947 дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ чашм ба олами ҳастӣ боз намуд. Ӯ аз хурдӣ ба табиат ва манзараҳои диёраш таваҷҷуҳи хоса дошт. Чаҳ-чаҳи булбулону хониши кабкони дарӣ  дили ӯро чун чашмасорон ба ҷӯшу хурӯш меовард ва ӯ беихтиёр сурудеро замзама мекард. Бо гузашти айём, бародараш Давлатхудо, ки худ мутриби хушнаво буд,  дар рушду камоли  ҳунари ӯ камари ҳиммат баст. Ҳимматхудо соли 1964, баъди хатми мактаби миёна, роҳ пеш гирифт  сӯйи пойтахт ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар ин боргоҳ аз устодони  номвар Ғаффор Валаматзода, Мирбобо Зиёев, Устоқадам Машрабов ва Мастибек Палаев сабақ омӯхт. Баъдан, ба факултети санъати шуъбаи актёрии  Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ҳуҷҷат супурда, ба олами ҳунари театрӣ пайваст ва то имрӯз рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад.

ДАР САҲНАИ ТЕАТР 
Соли 1974, баробари диплом ба даст гирифтан, бо азму иродаи қавӣ ба Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор омад ва ба фаъолияти актёрии худ оғоз бахшид. Дар ин боргоҳи ҳунар образҳои ҷолиби диққат офарид. Алберго аз намоиши “Муаллими рақсҳо”-и Лопе де Вега,  Падар аз “Хостгорӣ”-и Попович, Акабеги аз “Ситорадуздон”-и  С. Саймуродов, Ровии нобино аз “Даҷҷол” ва  Яъқуб аз “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон”-и Фаррух Қосим аз нақшҳое мебошанд, ки ӯ дар саҳна бо маҳорати том бозида,  сазовори баҳои баланди тамошобинон гардидааст.
Ҳимматхудо Амирхудоев бо нақшҳои ҷолиби худ дар дили мухлисони театр ҷой гирифт. Дар натиҷаи кӯшишу ҷустуҷӯҳои зиёд ва омӯхтани ҳунари устодони забардасти санъати тоҷик ба комёбӣ ва муваффақиятҳо ноил гардид.

ФАЪОЛИЯТИ ҲУНАРӢ ДАР ТЕАТРИ “АҲОРУН”
Устод яке аз поягузорони театри “Аҳорун” буда, дар ин театри шуҳратдор нақшҳои зиёдеро бозидааст ва дар сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Белгия, Эрон, Полша, Франсия, Нидерланд, Афғонистон бо садои хушаш тамошобинонро мафтун кардааст. Он ғазалҳое, ки устод оҳанг мебастааст, бозгӯи маъниҳои ҳаёти имрӯзу фардои инсоният  ва ҳидоятгар ба ватандӯстию росткорӣ мебошанд.

САБК ВА УСЛУБИ ҲУНАРМАНД
Ҳимматхудо Амирхудоев ҳунармандест, ки ҳаётро дар саҳна мувофиқи зиндагии худ таҷассум менамояд. Аз рӯзҳои аввали нақшофарияш барои кушодани шахсияти ҳар қаҳрамон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ӯ пайрави театри ҳаётист. Дар ҳар намоиш кӯшиш мекунад, ки ҳақиқати ботинии қаҳрамон  ва рафтору кирдори ӯро ба таври ҷолиб пешкаши тамошобин намояд.  

Судоба ФАЙЗАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.02.2025 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив