ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

14 феврал 2025, Ҷумъа
57
0


ХАТЛОН
Содироти маҳсулот ба хориҷа дар ҳоли афзудан аст
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ гуфт: “Қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,7 дарсад иҷро шуда, ба хазина 2,8 миллиард сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нақша 122 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба соли 2023-юм 50 миллион сомонӣ зиёд аст. Гардиши савдои хориҷӣ 480 миллиону 56 ҳазор  доллари ИМА-ро дар бар гирифт. Содироти мол ба 248 миллиону 862 ҳазору 200 доллар баробар шуд, яъне нисбат ба соли пеш 16 миллион доллар боло рафт.  
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12,5 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2023-юм 903,1 миллион сомонӣ бештар аст”. 
Ҳамчунин, иттилоъ дод, ки варзишгарони вилоят дар 190 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ, 1217 медали тилло, 1055 нуқра ва 1393 медали биринҷиро соҳиб гаштанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 259 медал зиёд аст. 

Суннати СОДИҚ


Ҳаҷми ММД то 8,4 дарсад афзуд
Дар натиҷаи истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардондани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар соли 2024 устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид. Дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 153,4 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонда шуд.
Ин нуктаро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. 
Тазаккур дода шуд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат дар панҷ соли охир 74,3 миллиард сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 миллиард сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфтанд. Дар ин муддат новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди иқтисодии глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли гузашта, асосан, аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдо, мусофиркашонӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ таъмин гашт.
Сатҳи таваррум 3,6 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра, асосан, аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа (3 фоиз), молҳои ғайриозуқа (4 фоиз) ва хизматрасонӣ (4,8 фоиз) ташаккул ёфтааст.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


БМТ 
Музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 12 миллиард сомонӣ
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома ёфта, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт ва устувории низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ андешидааст, - иброз дошт, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ баҳри танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 120 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнокро ба маблағи 12 миллиард сомонӣ баргузор кард. Дар баробари ин, аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,1 миллиард сомониро ташкил менамоянд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соли 2024 ба низоми бонкии кишвар ба маблағи 4,2 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ (қарз, сармоягузориҳои мустақим ва дигар намуди сармоягузориҳо) ҷалб шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 88,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ Шурои мудирони Хазинаи байналмилалии асъор Барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI)-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд. Барномаи мазкур ба муҳлати 22 моҳ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, ба нигаҳдории устувори макроиқтисодӣ, таҳкими асосҳои сиёсии мақомоти кишвар ва дастгирии талошҳои онҳо дар самти таъмини рушди нисбатан устувору фарогир равона мегардад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


КУМИТАИ АНДОЗ
Рақамикунонии мақомот вусъат меёбад
- Ҷиҳати гузариш ба низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон, васеъ намудани имкониятҳои техникӣ ва пурратар гардидани махзани маълумот Кумитаи андоз шакли таҷдидшудаи барномаи системаи иттилоотии идоракунии андозро таҳия ва мавриди амал қарор дод, ки намуд ва модулҳои нави хизматрасонӣ, барномаҳои компютериро дар бар мегирад, - гуфт Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, мутаассифона, ҷараёни номнависшавии шаҳрвандон ба замимаи мобилии «Андози ман», ки аз моҳи октябри соли гузашта дар ду платформа ҷорӣ шудааст, бисёр суст аст. Ҳол он ки ба воситаи ҳамин замимаи мобилии «Андози ман» мешавад, ки тамоми намуди хизматрасониҳои мақомоти андоз анҷом дода шаванд.  Аз моҳи октябр то ин дам аз шумораи умумии андозсупорандагон, ҳамагӣ 5,1 ҳазор нафар номнавис шудааст. 
Зикр гардид, ки дар маҷмуъ, имрӯз дар мақомоти андоз зиёда аз 45 номгӯи хизматрасониҳои  электронӣ ба роҳ монда шудааст. Пешниҳоди эъломияҳо вобаста ба рақамикунонӣ дар ин давра 23,7 ҳазор зиёд шуд. Имрӯз 190 ҳазор субъект ба таври электронӣ ҳуҷҷатҳову эъломияҳояшонро пешниҳод мекунанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 23,7 ҳазор зиёд мебошад. 
Шаҳноз ҚУРБОН


ЗАЙНИДИН МУХТОРОВ:
“Соли 2024 чор ихтисоси нав таъсис ёфт”
Зайнидин Мухторов, ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки Донишкада дар соли гузашта чор ихтисоси нав ташкил кард. Аз ҷумла, “Менеҷменти бизнес ва молия”, “Менеҷменти бизнес ва маркетинг”, “Технологияи иттилоотӣ” ва “Мудирияти туризми байналмилалӣ”.
Ректор иттилоъ дод, ки Донишкада навтаъсис буда, дар соли таҳсили 2023-2024, 41 донишҷӯ қабул намуд. Аз ин шумора, 25 нафар дар зинаи бакалавриат ва 16 нафар дар магистратура таҳсил дорад. Ҳамзамон, зикр шуд, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар соли хониши 2025-2026 ба 150 нафар хоҳад расид. 
- Донишкада барои рушди фаъолияти худ бо як қатор ташкилоту муассисаҳои давлативу бахши хусусӣ, аз ҷумла бо ҶДММ "Авесто гурӯҳ", ИКХ "Коиноти нав", ҶСШК "Тоҷикгидроэлектромонтаж" ва ҶС "TCELL" шартномаву тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст, ки дар асоси он маблағи таҳсили донишҷӯён аз тарафи ин ширкатҳо пардохт гардида, донишҷӯён дар ин корхонаҳо таҷриба омӯхта, малакаашонро сайқал мебахшанд, - гуфт Зайнидин Мухторов.
Дар заминаи ҳамкориҳои муштарак ҳоло 10 донишҷӯйи курси дуюми бакалавриат аз ҳисоби пардохти корхонаҳои болозикр таҳсил менамояд ва 9 донишҷӯи магистратураи зинаи "MBA" (Master of Business Administration) аз ҳисоби корхонаҳои ҷойи фаъолияти меҳнатии худ, таҳсил менамоянд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

Санаи нашр: 14.02.2025 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив