ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

ПАЁМ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

18 феврал 2025, Сешанбе
24
0

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мисли дигар паёмҳояшон саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсола мебошад. Ҳамзамон бо ин, Паём дар низоми муосири давлатдории мо ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, сухани самимии Сарвари давлат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи рушди устувори давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад.
Чун дигар паёмҳо ин навбат низ Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, таъкид намуданд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд. Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат бошад, эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ намудан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳад монд.
Дар баробари рушди соҳаи маориф ва илм, рушди соҳаи фарҳанг низ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифта, дар Паёми навбатӣ низ ба он ишора рафт. Аз ҷумла, зикр гардид, ки агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024 ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод. Гуфта шуд, ки тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Ба таъкиди Пешвои миллат, танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Гузашта аз ин, имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Ҳамзамон, дар пойтахти мамлакат сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ босуръат давом дошта, дар рӯзҳои Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки то имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру навсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем. Дар ин росто, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта ба истифода диҳанд. 
Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамаи дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ бадастовардаи МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдориро ба даст гирифтан ба рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои санъат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои Донишкада ва сатҳу сифати таълим дар ин боргоҳи фарҳангу ҳунар ба  куллӣ дигаргун  гашт. 
Сарвари давлат 26-уми июни соли 2011 дар маросими ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози арғунуни Донишкада ширкат ва суханронӣ намуда, зикр карда буданд: “Дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифтани толори нави консертӣ ва сози арғунун рамзи ниҳоят нек мебошад. Зеро ин сози қадима маҳсули ҳамгироии тамаддунҳои Ғарбу Шарқ буда, аз нав тармиму таъмир гардид ва дар ин рӯз навозиши суруди ваҳдати миллӣ тавассути ин дастгоҳи мусиқӣ рӯйдоди ниҳоят хотирмону фараҳбахш аст”. 
Дар ҳамон суханронии барои аҳли фарҳангу ҳунари кишвар таърихӣ  Пешвои  миллат таъкид намуданд, ки мо ба рушди густурдаи фарҳанг заминаҳои устувор мегузорем, зеро фарҳанг як ҷузъи таркибии таърихи ғановатманди халқи тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар самти худогоҳиву худшиносӣ ва фарҳанги давлатдориву давлатсозиамон нақши ниҳоят муҳим мебозад. 
Ҳоло дастуру нишондодҳои Паёми навбатии Пешвои миллат дар меҳвари фаъолияти раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» қарор гирфта, онҳо муваззаф гардиданд, ки ҳар як нуктаи дар ин ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллӣ ироашударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода,  дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа, тавсеаи фаъолияти илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият дар ҳамаи самтҳо, инчунин, дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён ва ба ин  васила сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  саҳми чашмрас гузоранд.

Муҳриддин НИЗОМӢ, ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филология, профессор

Санаи нашр: 18.02.2025 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив