ДДК. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БУДАН МАРОМИ МОСТ!
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти муассиса дар соли 2024 бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани азизу маҳбуб, неъмати ҳувиятбахше чун истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъии халқи кишвар ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди устувори муассиса дар соли сипаригардида ва самараи талошу заҳамоти ҷомеаи меҳнатӣ сухан дар миён гузошта шуд.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимии кишвар ҷиҳати омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад, хосса дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду пешрафти бесобиқа касб намуда, бо татбиқи иқдомҳои судманди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолати муқаддасу пуршараф гомҳои устувор бармедорад. Аз ҷумла, дар давраи сипаригардида, новобаста ба шароити мутаҳаввили ҷаҳони муосир, таъсири чолишҳои асри иттилоот ба низоми илму маориф, бо таъмини рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавқеи сазовори хешро нигоҳ дошт.
Яъне, дар ин марҳала Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, аз ҷумла бо назардошти таҳлилу масъалагузориҳояшон дар мулоқотҳои таърихӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (09.03.2024), бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024), ҷиҳати тақвияти ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии аҳолӣ бобати риояи меъёрҳои қонунгузории миллӣ, посдории арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, тақвияти заминаҳои моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши насли ихтироъкор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, тадбирҳои омодасозии шогирдон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ иқдомҳои судманду бороварро роҳандозӣ намуд.
Дар зимн, бо мавриди таваҷҷуҳ қарор додани ҳолати татбиқи Стратегияи рушди Донишгоҳ таъкид карда шуд, ки “Бо назардошти талаботи бозори меҳнат, беҳтарсозии вазъи таълиму тарбия, ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳ, ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии таълимгоҳ, бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳо барои донишҷӯёну омӯзгорон, такмили озмоишгоҳҳои мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, рушди хоҷагии минтақа ва ҷумҳурӣ як қатор корҳо ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, боиси нишоти афзуни коллективи Донишгоҳ аст, ки дар доираи тадбирҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ корҳои марбут ба бунёди бинои 8-ошёнаи наву замонавии таълимӣ ба ҷойи бинои 2-ошёнаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг оғоз гардида, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар он бомаром идома дорад. Илова бар ин, тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ роҷеъ ба бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб ба анҷом расида, оғози корҳои сохтмонӣ дар назар аст.
Дар идома, таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ устоди факултети физика ва математикаи боргоҳи таълимӣ, дотсент – Ғафоров Сатор ба гирифтани НАХУСТПАТЕНТ (№TJ 1552, 8.11.2024) оид ба ихтироъ “Барои чен кардани параметрҳои электрофизикӣ ва пайвастагиҳои нимноқилӣ дар ҳарорати миёна” дар соҳаи физика шарафёб гардид. Дар ин радиф ба Исоева Фариза– магистранти курси 2-юми ихтисоси биология ва Назаров Аминҷон – ассистенти кафедраи илмҳои компютерии муассиса хабарнома барои соҳиб гардидани НАХУСТПАТЕНТ ба 2 ихтироъ “Маҳсулоти табиии шифобахш дар шакли чой бо номи “Иқтидор” ва “Маҳсулоти табиии шифобахш дар шакли нӯшоба бо номи “Иқтидор” дастрас гардида, муаллифон дар наздиктарин муҳлат бо сомон додани расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ соҳиби НАХУСТПАТЕНТ мешаванд.
Хурсандибахш аст, ки Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ, устоди тахассуси рӯзноманигорӣ дар озмуни вилоятии “Неруи сухан” барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон аз рӯйи номинатсияи “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ғолиб омада, барандаи ҷоизаи озмун ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Ҳамчунин, сомонаи расмии муассиса дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи интернетӣ”-и озмуни мазкур ғолиби ҷойи аввал, барандаи ҷоизаи озмун, дипломи дараҷаи 1 дониста шуд.
Таъкид гардид, ки устодони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳ Маҳмуд Абдуллоев - доктори илмҳои таърих, профессор ва Меҳрафрӯз Холмуродзода - номзади илмҳои таърих, дотсент, мақолаи худро дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва рушди мактабҳои олии омӯзгории Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ” дар бахши илмҳои педагогии Маҷаллаи байналмилалии илмӣ-амалии “Дар олами илм ва маориф”-и Қазоқистон ба нашр расонида, дар ин робита ба муаллифон ҷиҳати нашри мақола сертификат супорида шудааст.
Маълумот дода шуд, ки ҳайати устодону кормандон дар соли 2024 аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул гардида, дар ин давра 1 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки дар ин давра заҳмат ва талошҳои коллективи меҳнатии Донишгоҳ дар роҳи омоданамоии донишҷӯён барои иштирок дар Озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи нек ба бор оварда, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ бо гирифтани 3 ҷойи намоён (1 ҷойи якум аз номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, як ҷой аз номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”) ва 2 ифтихорнома барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар муаррифгари шоистаи Донишгоҳ гардиданд.
Дастовардҳои муҳассилини Донишгоҳ аз Озмуни пуршукӯҳи «Илм - фурӯғи маърифат» низ нишотовар буда, дастаи олимпии Донишгоҳ ба гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи дуюм аз номинатсияи “География”, 2 ҷойи сеюм (як ҷой аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ”, як ҷой аз номинатсияи “Химия”) ва 1 ифтихорнома барои иштироки фаъолона) дар миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шарафёб гардид.
Дар ин давра дастаи олимпии Донишгоҳ бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ ва 2 ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар Олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар бахши фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ҷойи дуюмро касб намуд.
Муҷиби ифтихори ҳайати кормандони Донишгоҳ аст, ки омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он - Файзиев Пулодҷон, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни устодону собиқадорон дар миёни 400 варзишгар аз 15 давлат фаъолона ширкат варзида, дар вазни 71 кг ба гирифтани ҷойи сеюм зафарёб гардида, бо диплом ва медали биринҷии чемпионат сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин, Худойдод Ҳакимов - донишҷӯи курси 1-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳ дар мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯйи намуди гӯштини тарзи озод миёни наврасону ҷавонон дар вазни (-92 кг) барандаи нишони тилло, диплом ва камарбанди мусобиқа гардид.
Дар ин баробар, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм гузаронида шуд, ба гирифтани ҷойи 3-юм шарафёб гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти Донишгоҳ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ибрози назар карда шуд, ки дар шароити кунунии таҳаввули рӯзафзуни сохтори иҷтимоии кишварҳо бар асари тараққиёти илму техника ва технологияи рақамӣ, тақозои такмили пайвастаи низому барномаҳои таълимӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра Донишгоҳ бо зиёда аз 106 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ҳамкории судмандро идома додааст, ки ба самтҳои табодули таҷриба доир ба дастовардҳои соҳаи таълим, илм ва иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ва ғайра равона шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳ бо 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.С. Пушкин шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Маҳз аз самари фаъолияти густурда дар ин самт рӯзи 16-уми декабри соли 2024 зимни баргузории ҳамоиши Дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон таҳти унвони “Рӯнамои барномаҳои Эрасмус+: имкониятҳо ва имтиёзҳо”, Донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар татбиқи лоиҳаҳои грантии Эрасмус+ дар миёни 48 МТОК-и ҷумҳурӣ, соҳиби Ҷоиза ва сертификати Иттиҳоди Аврупо шуд.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ хотирнишон гардид, ки фаъолияти пурмаҳсули коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳ дар асос ва заминаи татбиқи Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои солҳои 2023-2028 роҳандозӣ гардида, бандҳои он мавриди иҷрову амал қарор доранд. Ба боварии комил ва мутмаинӣ гуфта шуд, ки коллективи азизу муътабари Донишгоҳ дар рушд ва пешрафти ояндаи ин даргоҳи муқаддас корҳои созандаву чашмгирро анҷом хоҳанд дод.
Муҳаммадҷони АБДУВОҲИД, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 18.02.2025 №: 38