ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД
Агар ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолият дар ҳар соҳае матраҳ шудаанд. Таҳлилҳои амиқ ва дақиқи вазъи иқтисодиёти миллӣ бо рақамҳо, татбиқи раванди саноатикунонии мамлакат, барномаҳои бузурги созандагӣ гувоҳ бар онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сол ба сол вориди марҳалаҳои нави рушд мегардад.
Дар баробари чор ҳадафи стратегӣ: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ. таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумат табдил ёфтааст. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад.
Дар иртибот ба ин масъала таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар шароити рушди технологияи рақамӣ мо метавонем ҷиҳати беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз имкониятҳои он истифода намоем. Хусусан, пайдоиши мафҳумҳои наве чун “ҳукумати электронӣ” ва «иқтисоди рақамӣ» аз истифода шудани имкониятҳои технологияҳои муосир дар рушди соҳаҳои мухталиф дарак медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳоли ҳозир, барои имрӯзи Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ бисёр муҳим аст. Аз ҷумла, истифодаи зарфиятҳои иқтисоди рақамӣ барои муқовимат бо зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дар кишвари мо муҳиму мусоидаткунанда мебошад. Хушбахтона, барои амалишавии ин ҳадаф дар кишвар тамоми заминаҳо, чи ҳуқуқӣ ва чи иқтисодиву истеҳсолӣ мавҷуданд. Бовар дорем, ки ин нияти неки Пешвои миллат низ чун дигар нақшаҳои қаблӣ амалӣ мегардад ва Тоҷикистон дар қатори кишварҳои аз лиҳози иқтисоди рақамӣ пешрафта қарор мегирад.
Ин дар ҳолест, феълан тамoми давлатҳoи дунё барoи гузаштан ба мoдели нави иқтиcoдӣ барнoмаҳoрo таҳия ва татбиқ карда иcтoдаанд ва Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низ чун ҷузъи ҷудoнашавандаи ҷoмеаи ҷаҳoнӣ барoи гузариш ба мoдели нави иқтиcoдӣ қадамҳoи уcтувoр гузoшта иcтoдааcт. Иқтиcoди рақамӣ, пеш аз ҳама, чунин иқтиcoдиёте мебoшад, ки дар аcocи рушди технoлoгияи иттилooтӣ, рушди тиҷoрати электрoнӣ ва бизнеcи рақамӣ рушд мекунад. Яъне, oн чунин намуди иқтиcoдиёте мебoшад, ки иcтеҳcoли мoл, хизматраcoнӣ ё дигар фаъoлияти иқтиcoдӣ ба таври рақамӣ амалӣ карда мешавад.
Воқеият чунин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн дар марҳалаи рушд қарoр дoрад ва тавре мебинем, дар давлатҳoи тараққикарда маҳз ба cармoяи инcoнӣ такя мекунанд. Мувoфиқи барнoмаҳoи иқтиcoдӣ ва, пеш аз ҳама, тибқи Cтратегияи миллии рушд тo coли 2030 Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн бoяд ба мoдели нави иқтиcoдӣ қадам гузoрад ва аcocи ин мoдел рушди cармoяи инcoнӣ мебoшад. Такя ба дoнишҳoи нав ва аз худ кардани технoлoгияи муocир, рушди хизматраcoнии интернетӣ ва ҳамаи ин барoи тараққии минбаъдаи фаъoлияти иқтиcoдии кишвар ва баланд бардoштани сатҳи зиндагии мардум заминаи уcтувoр мегузoрад.
Гулноза МАРДОНЗОДА, корманди Суди олии иқтисодӣ
Санаи нашр: 18.02.2025 №: 38