ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Имрӯзҳо сокинони сарфарози ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба хотири таъмини зиндагии шоиста, ҳамқадами замон будан ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдкориро мароми хеш қарор додаанд. Айни ҳол сохтмони зиёда аз 60 иншооти фарҳангиву маишӣ идома дорад, – гуфт Зафар Гулзода, раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Раис афзуд, ки соли сипаришуда дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ ба маблағи 64 миллиону 776 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмону навсозии 216 иншооти гуногуни хоҷагии халқ дар нақша буда, солҳои 2022-2023-юм 67-тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Соли рафта бошад, 43 иншоот ба истифода дода шуд. Соли равон бунёди 45 ва соли оянда 37 иншоот дар назар аст.
Хушбахтона, тули солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидашуда, шароит фароҳам омад, ки дар ноҳия, дар баробари рушди дигар соҳаҳо, соҳаи саноат низ рӯ ба рушд овард. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 220 миллиону 410 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 106 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Айни ҳол 14 корхонаи саноатӣ 26 намуди маҳсулот мебарорад. Соли равон бо мақсади ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ дар ноҳия бунёди 4 коргоҳу корхонаи саноатӣ, аз қабили коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, парандапарварӣ ва истихроҷи тилло дар назар аст.
Кишоварзӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқ ба шумор меравад. Соли рафта деҳқонон дар майдони 14258 гектар зироат кишт карда, 25762 тонна ғалладона, 4438 тонна картошка, 3675 тонна сабзавот, 2607 тонна полизӣ, 20014 тонна меваҷот, 1634 тонна ангур ва 21326 тонна хӯроки чорво захира кардаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин давра 35 гектар боғи нав бунёд гардид.
Дар ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши насли наврас чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Маърифати ҳуқуқӣ” дар сатҳи зарурӣ баргузор гардиданд. Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби ду ҷойи якум, як ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм гаштанд. Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни мазкур хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-ум Аҳлиддин Табаров аз рӯи номинатсияи “География” сазовори ҷойи дуюм гардид.
Табиист, ки пешрафти ҳар давлату миллат аз насли солими он вобастагӣ дорад. Бинобар ин, пайравони Сино – табибони ҳозиқ имрӯз баҳри солимии ҷомеа хизмати шоистаро анҷом медиҳанд. Дар ноҳия беморхонаи марказӣ, маркази бемориҳои сил, маркази саломатии ноҳиявӣ, панҷ беморхонаи рақамӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 19 бунгоҳи тиббӣ ва 8 муассисаи дигари тандурустӣ бо фарогирии 53 табиби маълумоти олидор ва 445 нафар маълумоти миёнаи соҳавидошта дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд. Айни ҳол барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби шарикони рушд сохтмони маҷмааи «Модару кӯдак» барои 66 кати хоб, маркази саломатии ноҳиявӣ иборат аз се ошёна ва се бино идома дорад.
Боиси хушнудист, ки мардуми ноҳия дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷиҳати боз ҳам ободтар намудани диёр камари ҳиммат баста, саъй доранд, ки дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.02.2025 №: 38