ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶУМҲУРИЯТ». ФЕЛЕТОН ДАР САҲИФАҲОИ РӮЗНОМАИ САДСОЛА

«ҶУМҲУРИЯТ». ФЕЛЕТОН ДАР САҲИФАҲОИ РӮЗНОМАИ САДСОЛА

18 феврал 2025, Сешанбе
15
0


«…Ин хел шуданашро агар медонистам валло ки як тахтаи дуздидаашро лахта карда медодаму худро ба ҷанҷоли ӯ намеандохтам. Аз куҷо донам, ки ӯ ин қадар камбудию норасоиҳои маро панҷ панҷа барин медонистааст. Ҳатто, дар ҳаҷми 3832 сӯм ба асбобҳо акт тартиб дода, аз эътибор соқит карда, онҳоро ба чор тараф обу лой карданамро нағз дар хотир доштааст…», - гуфта, дилашро холӣ кард Ҷаҳонбек Одилов, сардори Управленияи «Тоҷикучпедместснаб»-и Тоҷикистон»» баъди шикоят кардани кормандонаш Бӯрӣ Назиров ва Аҳмад Марҳамов ба ОБХСС-и шуъбаи корҳои дохилии райони Роҳи Оҳан, ки худ аз коргоҳашон тахта рабудаанд. 

Бо чунин мазмун мутолаа кардани фелетон дар саҳифаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз 20-уми сентябри соли 1977 хеле ҷолиб ба назар расид. Муаллифи сатрҳо Усмон Раҳимов мавзуъро хуб омӯхта, таҳлил кардааст, ки тамоми «сирру асрор»-и раиси вақти «Тоҷикучпедместснаб»-ро бо факту далел рӯйи коғаз овардааст. Муаллиф бо истифода аз жанри фелетон тавонист вазъро бо ҷузъиёташ инъикос намояд. Аз худи сарлавҳаи «Одилов ҳасрат мекунад» аён аст, ки фелетон дар бораи як нафаре нақл мекунад, ки аз кори кардааш пушаймон аст. 
Дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз солҳои 60-70-ум сар карда, то охири асри ХХ муаллифони зиёде чун Ҷ. Воситов, И. Файзуллоев, Б. Ғаниев, И. Мирзоев, М. Узоқов, Н. Каримов, С. Шафқат, Х. Ҷумъаев, Ҳ.Ёров ва дигарон ба фелетоннависӣ машғул будаанд, ки саҳифаҳои нашрияро рангину хонданбоб кардаанд. Фелетонҳои «Тортанак аз хонаи маданият», «Ба пулдор кабоб…», «Худкардаро даво не», «Маро «Ҷаноб нагӯед», «Омад-омадат гардам», «Сим-сим, дарро кушо!», «Моҳиҳои даргирандаи Норвегия», «Қиссаи як шӯрапушт», «Якбор ҷастӣ, малахак…» аз қабили чунин матолиб буда, бозгӯи инъикоси воқеии ҳодисаю рӯйдодҳои солҳои 1976-1977 мебошанд. Ғайр аз фелетон, луқма, ки онро хоҳари фелетон меноманд, на танҳо масъалаҳои сиёсию иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ, балки байналмилалиро бо тарҷума аз расонаҳои хориҷӣ фаро гирифтааст. Аввалин шинохти шартии фелетон ҳамин аст, ки он дар муқобили очерк қарор мегирад ва агар очерк нишон додани симои мусбату барои ҷомеа намунаи ибрат бошад, фелетон ин ифшои хиёнату амалҳои манфии як нафар дар ҷомеа ба шумор меравад. «Тоҷикистони советӣ» дар саҳифаҳои дар як сол беш аз 10 фелетон, очерк ва аз он бештар луқмаро ба табъ расонд. Рӯзнома ба ҳар рӯйдод воқеъбинона ва ҳақиқатнигорона назар намуд.
Бахтиёр Ҳошимзода, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доир ба муҳимияти ин жанр дар матбуот чунин гуфт:
– Фелетон ҳамчун  жанр дар публитсистикаи тоҷик дар замони ҳокимияти шуравӣ шакл гирифтааст. Он бештар тавассути намояндагони матбуот эҷод мешавад. Фелетон ба фаъолият ва тақдири шахсӣ сарукор дошта, таҳқиқи ҳуҷҷатҳо, мулоқотҳо, омӯзиши аснод зербунёди он ба ҳисоб мераванд. Дар фелетон ба ҷурму иллати табиии қаҳрамон хандидан мумкин нест. Таҳқир ҳам хосияти фелетон намебошад. Саҳнаҳои тахайюлие, ки муаллиф месозад, бояд воқеиятро комил созанд. Асоси фелетон факт аст ва он бояд нав бошад. Истифодаи ду-се факт дар ин жанр кифоя аст, зеро факти зиёд моҳият ва таъинотии жанрро гум мекунад. 
Имрӯзҳо дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият», албатта, жанри фелетон камтар мушоҳида мешавад, вале, таҳияву интишори маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ, ки дорои таҳлил ва факту далелҳои нав мебошанд, ба фелетон мансубият доранд. Барои мисол, дар мақолаи Ёқуби Содиқ «Худам шоҳу табъам вазир», вобаста ба худхоҳии ҷамъиятҳои мусофиркаш, аз 20-уми январи соли 2023, мавзуъ воқеъбинона инъикос ёфта, таҳқиқи дурусти фактҳо далели он аст, ки матлаби мазкур ба талаботи фелетон мувофиқат мекунад. Агар дар мақола симо ва характери як нафар тасвир нашуда бошад ҳам, муаллиф дар симои фаъолияти як ҷамъият амалҳои роҳбарияти онро ифшо намудааст. 
Курбон Мадалиев, собиқадори матбуот, дар ин бора, изҳор намуд:
–  «Ҷумҳурият» дар ҳамаи давру замон рисолати мафкурасозии худро дар чаҳорчӯбаи қонун иҷро кардааст ва имрӯз низ дар чунин мавқеъ қарор дорад. Аз рӯзи таъсисаш, ки 100 сол мешавад, сиёсати давлатро инъикос менамояд ва дар баробари матлабҳои расмӣ, мақолаҳои ба ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидаткунандаро ба чоп мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола дар саҳифаҳои рӯзнома беш аз  100 маводи танқидию таҳлилӣ ба табъ расида, онҳо ба дарди ҷомеа мехӯранд. Аз ҷумла, солҳои 2018-2019 маводҳои «Ба 69 хонанда 1 компютер. Чаро?», «Пасандоз ягона муттакоям буд», «Тоҷикобод. Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад», «Замин. Чаро он ҳамеша мавзуи баҳс аст?, «Муъминобод. Тақсимоти замин барои эҳтиёҷот аст ё тиҷорат?», «Беобӣ. Модарпроблемае, ки сокинони Далёни Болоро нигарон кардааст», «Шаҳритус. Муҳоҷирони дохилӣ кай соҳиби барқ мешаванд?», «Писта. Тақсимоти ҷангал чӣ зарурат дорад?», «Сокиншавии аҳолӣ ва чанд мушкили деҳот» ва дигар маводҳои нашршуда  камбудиву проблемаҳои ҷомеа ва амалҳои манфии роҳбарону масъулонро ошкоро баён намудаанд. 
Бале, аз ин ҷост, ки рӯзнома бо фарогирии таҳлили ин маводҳо ба роҳбарону масъулон ҳушдор дод, ки дар баратараф сохтани камбудиҳо бетараф набошанд. Махсусан, дар иҷрои фармони №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» масъулияти бештар эҳсос намоянд. Аз ҷумла, дар мақолаи «Фармони №622. Чаро баъзе роҳбарон масъулият эҳсос намекунанд?» ва «Фармони 622. Роҳбарон аз иҷрои уҳдадориҳояшон саркашӣ мекунанд. Чаро?» омадааст, ки бархе аз роҳбарони вазорату идораҳо ба нишон додани вокуниш ба мақолаҳои таҳлиливу танқидие, ки солҳои 2018 ва 2019 нашр шудаанд, кӯшише накарданд. 
Воқеан, чунин матлабҳо далели онанд, ки рӯзнома пайваста дар пайи инъикоси воқеии ҳодисаю рӯйдодҳо буда, кӯшиш менамояд, то онҳо дар доираи жанрҳо таҳия ва чоп шаванд. Албатта, навиштани фелетон маҳорати  баланд тақозо менамояд ва баъзан, маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки фелетонҳо чун очеркҳои мондагор камшумор мегарданд. 
Дар ҳар сурат, фелетони солҳои шуравӣ ва матлабҳои имрӯзи таҳқиқотӣ ва танқидию таҳлилӣ, ки ба ҳалли мушкилот мусоидат мекунанд, тағйир ёфта, дар ҳар шакл таҳия мешаванд. Саҳифаҳои чандсолаву имрӯзаи рӯзнома  далели онанд, ки чи гуна рӯзноманигорон ва адибону нависандагони моҳир аз минбари баланди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ва ҳоло «Ҷумҳурият» садо баланд намуда, ба рушду нумуи соҳаҳои пешбарандаи ҷомеа саҳм мегузорад. Рӯзнома рисолати худро иҷро менамояд: «Ҷумҳурият» ҳақиқатнигор аст.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.02.2025 №: 38
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив