ИСТИҚЛОЛ. АЗ РОҲАНДОЗИИ СИЁСАТИ НУРАФЗО ТО ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ
Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми нави Президенти кишвар, ки хеле гуворо буд ва гӯши мардумро навозиш намуд, муждаи истиқлолияти энергетикист. Тавре Сарвари давлат изҳор намуданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар НБО «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Дар давраи соҳибистиқлолӣ, баъди он, ки навбату ҷустуҷӯи нон пурра пушти сар шуд, душвории дигари ҷиддӣ, нарасидани неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва ҷорӣ намудани маҳдудияти таъмини барқ дар ин овон буд. Маҳдудияти барқ ҳам барои мардум ва ҳам иқтисоди миллӣ душворӣ ва ногувориҳои хеле зиёд меорад. Вале, вобаста ба махсусияти системаи энергетикии кишвар ва он имкониятҳое, ки низоми энергетикии мамлакат имрӯз дорад, ин тадбир аз ноилоҷист. Гап сари он аст, ки дар фасли зимистон захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон обанбори Норак ба ҳисоб меравад ва бо фаро расидани хунукиҳо маҷрои дарё кам мешаваду лозим меояд, ки танҳо аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол намуд. Ин ягона захираи зимистони обӣ-энергетикии Тоҷикистон, агар маҳдудият ҷорӣ карда нашавад, мардуми моро ба баҳор намерасонад. Дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки дар обанбори Норак аз нуқтаи 857 метр то нуқтаи 910 метр, ки сатҳи фоиданоки он ба шумор меравад, мо ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки мо аҳолӣ ва иқтисодиёти худро то баҳор бо барқ таъмин созем. Дарвоқеъ, обанбори Норак на танҳо барои НБО “Норак”, балки барои тамоми неругоҳҳои дигари поёноб – “Бойғозӣ”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва се неругоҳи силсилаи неругоҳҳои Вахш захираи зимистон ва манбаи тавлиди барқ ба шумор меравад.
Дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ низ Тоҷикистон дар фасли тирамоҳу зимистон худро пурра бо барқ таъмин карда наметавонист. Дар он овон низ ҳар зимистон аз Ӯзбекистон 600 миллион кВт.соат ва аз Туркманистон то 1200000 кВт.соат барқ ба кишвари мо ворид мешуд. Дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ, умуман, низоми энергетикии мо воҳид набуд. Вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) аз Ӯзбекистон барқ мегирифт ва, дар ҷавоб, мо ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон барқ медодем.
Танҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ баробари ба кор даровардани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб – Шимол» низоми энергетикии ҷумҳуриамон воҳид шуд.
Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳти партави сиёсати нурафзои Пешвои миллат, пешрафти соҳаи энергетика муназзам аст. Маҳз дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Помир-1”, «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази дуюми барқу гармии Душанбе ва садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, навсозии иқтидорҳои мавҷуда амалӣ гардид. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиди неругоҳҳои “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ гардида истодаанд.
Дар солҳои охир, бинобар куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоти асосӣ, иқтидори НБО “Норак” коҳиш ёфта, аз 3000 мегаватти лоиҳавӣ то тавоноии 2600 мегаватт паст фуромада буд. Баъди татбиқи пурраи лоиҳа, таҷдиду навсозӣ иқтидори лоиҳавии Неругоҳ ба 3375 мегаватт расонда шуда, бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мВт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории он 775 мегаватт зиёд мешавад. Яъне, бо анҷом ёфтани корҳои навсозии пурраи Неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва иқтидорҳои наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии НБО «Сангтӯда-1», ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад. Дигар хел гӯем, баъди пурра ба охир расидани таҷдиди Неругоҳ, иқтидори он зиёд шуда, гӯё як неругоҳи нави иқтидораш аз НБО «Сангтӯда-1» зиёдтар пайдо мешавад.
Дар НБО “Сарбанд”-и силсилаи неругоҳҳои Вахш низ айнан ҳамин вазъият ҳукмфармо буд; бо гузашти солҳо иқтидори истеҳсолии он аз 240 мВт-и лоиҳавӣ ба 160 мВт паст фуромада буд. Баъди навсозӣ иқтидори НБО “Сарбанд” ба 270 мегаватт ва НБО “Қайроққум” аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт бардошта шуда, эътимоднокии кори онҳо баланд мегардад.
Тавре дар Паёми навбатӣ зикр шуд, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона гаштааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, навсозӣ шуда истодааст. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз бе барқ мемондем. Бо вуҷуди ин, пешрафти соҳаи энергетика аз афзоиши шумораи аҳолӣ ва талабот ба барқ ҳанӯз қафо мемонад. Муқоиса кунед: агар аҳолӣ 50 фоиз зиёд ва рушди саноат зиёда аз се баробар афзуда бошад, иқтидори энергетикии кишвар ҳамагӣ 28 фоиз афзудааст. Аз дигар тараф, баробари боло рафтани сатҳи зиндагӣ, талаботи мардум ба барқ меафзояд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, агар то соли 1990 аз тарафи аҳолии ҷумҳурӣ дар як сол 1-1,1 миллиард кВт.соат неруи барқ истифода мешуд, пас солҳои охир ин нишондиҳанда ба 3,8-4,0 миллиард кВт.соат дар як сол баробар гаштааст.
Бобати ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари навсозии иқтидорҳои мавҷуда бунёди НБО «Роғун», албатта, нақши аз ҳама асосиро мебозад. НБО «Роғун», чун нишонаи муъҷази сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат, на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки амалӣ шудани орзуҳо, корнамоӣ дар марзи номус, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад. Маҳз бунёди он, ки тавре дар Паём гуфта шуд, аз 50 фоиз гузаштааст, имконият фароҳам меорад, ки мардуми мо бебарқиро фаромӯш намоянд. Алҳол ҳар шабонарӯз то 5-6 миллион кВт.соати барқи НБО «Роғун» ба системаи энергетикии кишвар ворид мешавад. Баробари ба кор даромадани агрегатҳои навбатӣ ин рақам афзоиш хоҳад ёфт ва то баҳори соли 2027, асосан, НБО «Роғун», имконият фароҳам меорад, ки мо ба истиқлолияти энергетикӣ, ки ҷузъи муҳимтарини истиқлолияти миллист, шарафёб гардем.
Таҳти партави сиёсати нурафзои Пешвои маҳбуби миллат ба истиқлолияти энергетикӣ молик шудан ҳамчун як марҳалаи хеле муҳими рушд дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт ҳоҳад буд.
Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда, Аълочии «Барқи Тоҷик»