АЗ «ИДИ ТОҶИК» ТО «ҶУМҲУРИЯТ». НАҚШИ ҚАҲРАМОНҲОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ РӮЗНОМАИ 100-СОЛА
Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки имсол 100-солагиашро таҷлил менамоем, бо ному корномаи шахсиятҳои барҷастаи давру замон пайванди ҷовидонӣ дорад. Танҳо кофист аз саҳми қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар рангорангии саҳифаҳои рӯзнома, таъсису пойбарҷо мондани он ёд оварем.
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА «БЕДОРИИ ТОҶИК»
Назари андаке афкандан ба саҳифаҳои рӯзнома нишон медиҳад, ки солҳои 20-уми асри гузашта Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳайси арбоби давлатӣ дар таъсиси рӯзномаҳои тоҷикӣ хизматҳои мондагоре анҷом додааст. Он солҳо, ки мавҷудияти халқи тоҷик аз ҷониби иддае дидаву дониста инкор мегашт, ӯ ҳамчун намояндаи сиёсӣ овоз баланд намуд ва, аз ҷумла дар таъсиси рӯзномаи «Бедории тоҷик» низ саҳм гузошт. Ба эътирофи академик Баҳодур Искандаров: «Зиндагиномаи Шоҳтемур ин худ таърихи фишурдаи миллати тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юм аст». Дар баробари хизматҳои шоёнаш дар дигар соҳаҳо, ӯ ҳамчун роҳбари ҳизби Тоҷикистон дар таъсиси рӯзномаи «Бедории тоҷик», ки шумораи аввалаш 15-уми марти соли 1925 бо унвони «Иди тоҷик» нашр шуд ва ҳоло номи «Ҷумҳурият»-ро дорад, саҳм гузоштааст. Ҳамин тавр, Шириншоҳ Шоҳтемур аз нафаронест, ки бонги бедории тоҷик задааст ва ба ин минвол номи хешро дар саҳифаҳои таърихи матбуот барои ҳамеша дарҷ кардааст.
АЗ УСТОД АЙНӢ ТО БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Нақши қалами ин бузургон дар рӯзнома
Нақши қалами устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров низ дар саҳифаҳои рӯзнома сабт аст. Доктори илмҳои филология, профессор Масрур Абдуллозода ба хизматҳои устод Айнӣ дар роҳи побарҷо мондани забони тоҷикӣ назар афканда, иброз медорад, ки устод Айнӣ дар солҳое забони тоҷикиро дифоъ кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ ягон рӯзномаи тоҷикӣ вуҷуд надошт. «…Баъд аз бастани «Шуълаи инқилоб» дар соли 1924 аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ – «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик», ки имрӯз ҳамин «Ҷумҳурият» аст (соли 1925) ташкил шуд. …Баъд аз таъсиси рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» миллати тоҷик соҳиби забон, яъне соҳиби рӯзнома гашт ва баъдан соҳиби ҷумҳурӣ ҳам шуд».
Тавре аён аст, устод Айнӣ аз рӯзҳои аввал бо идораи рӯзнома ҳамкорӣ доштанд ва аз муаллифони нахустини он ба шумор мераванд.
Сарнавишти академик Бобоҷон Ғафуров низ ба «Тоҷикистони сурх» дар солҳои сиюму чилум пайвандӣ дорад. Бобоҷон Ғафурови ҷавон чун журналисти оташинсухан ба майдони матбуот омад. Аз кори матбуот, ки хуб бохабар буд, ба таҳқиқи профессор Мурод Муродӣ, аз ҷумла дар рӯзнома бо нашри мақолаҳои «Қобилияти ҷангии матбуоти республикаро боз ҳам баландтар мекунем» (соли 1937) ва «Дар бораи баъзе масъалаҳои пропаганда дар матбуоти районӣ» (соли 1940) барои пешрафти кор дар назди муҳаррирону масъулон вазифаҳои мушаххас мегузошт.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТИ «ҶУМҲУРИЯТ»
Дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, бо вуҷуди вазъи мушкили иқтисодӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисии рӯзномаро ба уҳда гирифта, ба он мавқеи расмӣ доданд ва чопи мунтазамашро таъмин намуданд. 21-уми феврали соли 1998 дар номае аз чоп баромадани шумораи 20-ҳазоруми рӯзномаро шодбош гуфта, иброз доштаанд:
«Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки рӯзномаи номбурда дар тули беш аз 70 соли арзи вуҷуд доштанаш, ба нафъи халқу Ватан хизмати пурарзиш карда, дар ҷодаи ғанӣ гардондани маънавиёти сокинони кишвар, пешрафти хоҷагии халқ, маорифу илму фарҳанг, ба меҳнати ҳалолу софдилона даъват намудани мардум ва ошкор сохтани камбудию нуқсонҳои дар ҷомеа ҷойдошта, фош кардани амалҳои ашхоси қонуншикан саҳми бузург гузошта меояд».
Сарвари давлат ба нақши рӯзнома дар тарбияи журналистони касбӣ ишора намуда, ба мактаб табдил ёфтани газетаро махсус таъкид менамоянд, ки шогирдонаш баҳри пешрафти ҷомеа дар хизматанд.
Ҳамзамон, бо қаноатмандӣ меафзоянд, ки дар раванди таъмини ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани якпорчагии Ватан, ба ҷомеаи ҳақиқии демократию дунявии ҳуқуқбунёд табдил додани кишварамон саҳми рӯзнома ва кормандони эҷодии он эҳсос мешавад.
Ин суханҳои Сарвари давлат ишора ба нақши таърихии рӯзнома аст, ки мусоидат кардан ба пешрафти ҷомеа аз рӯзҳои аввал мароми он будааст.
Ҳамин тавр, абармардони миллат дар мисоли қаҳрамонҳои Ватан, дар рушди матбуоти кишвар, аз ҷумла таъсису ҷоннок шудани кори рӯзномаи №1 кишвар, саҳми арзанда гузоштаанд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ бо нашри матолиби гуногун ва роҳандозии озмунҳои ҷудогона, ки фарогири кору рӯзгори онҳост, хизматҳои мондагорашонро пос медорад. Месазад ин ҷо озмунҳои роҳандозикардаи рӯзномаро махсус таъкид кард, ки бо зикри кору пайкори ин мардони бузурги арсаи сиёсату илм ба насли ҷавони кишвар сабақи таърихӣ ва дарси ватандорию хештаншиносӣ медиҳад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»