Мулоқоти Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода
18-уми феврал дар шаҳри Теҳрон Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён бо Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода вохӯрд.
Мусоҳибон аз рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамзабон, ки пас аз сафари давлатии Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон хеле ривоҷ ёфтааст, ёдовар шуданд. Изҳори боварӣ шуд, ки тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои Тоҷикистон бо Эрон ҳамчун авлавият боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Қоҳир Расулзода ҷиҳати ширкат дар Ҳамоиши сеюми иқтисодии баҳри Хазар дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.
Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо вазири неруи Эрон Аббос Алиободӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре ба мо дар Вазорат тавзеҳ доданд, ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имконоти таҳкими ҳамгироии энергетикӣ табодули назар намуданд.
Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Gulfood» намояндагони 11 корхонаи коркарди хушкмеваи ҷумҳурӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноат, шуруъ аз 17-уми феврал дар шаҳри Дубай Намоишгоҳи байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳои «Gulfood 2025» оғоз гардид. Дар он беш аз 5500 ширкат аз 130 кишвари ҷаҳон иштирок дорад. Маҳсулоти пешниҳоднамудаи корхонаҳои коркарди хушкмеваҳои Тоҷикистон - «Водии меваҳо», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Меваи тиллоӣ», «Меваи заррин», «Висол» ва «Тути Помир» писанди иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳ шуданд.
Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ барои солҳои 2025-2026»
Татбиқи бастаҳои хизматрасонии машваратӣ ва нақшаи амалишавии лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ барои солҳои 2025-2026» 17-уми феврал дар вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода ва директори Дафтари намояндагии Бонки осиёии рушд Ко Сакамото баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки ҷониби БОР дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва монеаҳое, ки имрӯз садди рушди соҳаи сайёҳӣ гардидаанд, изҳори омодагӣ намуд.
Таъсиси Маркази махсуси тамос вобаста ба арзу шикоят
Дар Хадамоти алоқа Маркази махсуси тамос бо рақами кӯтоҳи 40-30 барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон ба фаъолият шуруъ намуд.
Марказ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ дар мамлакат, расидан ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои дар соҳа ҷойдошта тавассути механизми содаву дастрас барои шаҳрвандон таъсис ёфтааст. Минбаъд шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам барои ҳалли мушкилоте, ки доир ба хизматрасонии соҳаи алоқа ба миён меоянд, ба Хадамот муроҷиат намоянд.