ҚОНУНИ ТАНЗИМ. АЗ МАНФИАТИ ИҚТИСОДӢ ТО ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР РУҲИЯИ САРФАКОРӢ
Дар хурдсолӣ моҳияти сарфакорӣ ва зарари исрофро фаҳмонидан ба фарзандон бисёр муфид аст. Чунки ҳар андешаву боваре, ки дар кӯдакӣ дар зеҳни хурдсолон ҷой мегирад, дар тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо нақши якумрӣ мегузорад.
Албатта, давоми чанд соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» падару модарон моҳияти сарфаву сарфакориро хубтар фаҳмиданд, зеро пулҳои сарфашударо барои беҳбуди шароити зиндагиву илмомӯзии фарзандонаш харҷ намуданд. Барои онҳо сарулибос, ашёи хониш, лавозимоти варзишӣ ва, ҳамчунин, китобҳои гуногун хариданд ва ҳамагон манфиати Қонуни миллиро дарк карданд.
Аммо, ҳанӯз ҳам, бояд дар ин масъала корҳои тарбиявиро ҷоннок намуд, ки дар ин амр зарур аст падару модарон ва омӯзгорони мактабҳо масъулияти бештар ҳис намоянд. Лозим аст, онҳо аз рӯзҳои аввал кӯдаконро дар руҳияи сарфакорӣ тарбия намоянд. Масалан, ба онҳо фаҳмонанд, ки китобҳои дарсиро ҳамчун дӯст ва роҳнамо қабул кунанд, эҳтиёт намоянд, дафтару қалам ва асбобҳои дигари хонишро ҳам сарфакорона истифода баранд, либосҳояшонро низ тозаву озода нигоҳ доранд. Ин зинаи аввали талқини сарфакорӣ ба наврасон аст.
Дар масъалаи эҳтиёткор будан бояд ба таври мунтазам дар мактабҳо дарсҳои тарбиявӣ гузаронда шаванд. Бояд ба кӯдакон омӯзонем, ки сарфакорӣ танҳо дар баргузории ҷашну маросим не, балки чун як бахши муҳими зиндагӣ дар ҳаёти ҳаррӯза риоя шавад. Кӯдаке, ки дар солҳои аввали мактабхонӣ эҳтиёткориву сарфакориро наомӯхт, дар оянда барои бунёди зиндагии обод бисёр машаққат мекашад ва мутаассифона, дар бештари маврид муваффақ ҳам намешавад. Барои ҳамин бояд дар тарбияи наврасон, махсусан дар масъалаҳое, ки ҷиҳати шаклгирии тафаккур ва ҷаҳонбинӣ нақши муассир мегузоранд, бепарво набошем.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ ин нукта таъкид шуд: “Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.
Воқеан, бузургтарин неъмати Илоҳӣ барои волидон маҳз фарзанд мебошад. Барои ҳамин, бояд падару модарон дарк кунанд, ки беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти онҳо соатҳоест, ки барои тарбияи тифли хеш сарф мекунанд. Беҳтарин сармояашон ҳам маблағест, ки бар таълими онҳо харҷ менамоянд. Беҳтарин муваффақияташон ҳам тарбияи фарзанди сазовор аст.
Агар дар мактаб муаллимон ба наврасон илму дониш, касбу кор, рафтори нек, ватандӯстӣ, ростгӯӣ ва меҳнатдӯстиро омӯзанд, рафтори намунавии падару модар муҳимтарин дарси тарбиявӣ барои фарзандон аст. Зеро дар аксар маврид фарзанд дар мактабу кӯча он чиро такрор мекунад, ки дар хона дидаву шунидааст. Бинобар ин, падару модарро лозим аст, ки дар муҳити хона бештар ба таълиму тарбия таваҷҷуҳ кунанд. Махсусан, ба китобхонӣ ва касби одобу рафтори ҳамида. Инчунин, падару модарон бояд ҳар замон ба мактабҳо рафта, на танҳо аз дониши фарзандон, балки аз рафтору кирдор ва фаъолияти онҳо пурсон шаванд ва огоҳӣ ёбанд.
Дар иртибот ба ин мавзуъ, нуктаи қобили таъкид ин аст, ки дар роҳи сарфакорӣ тарбия кардани духтарон барои ояндаи ҷомеаи мо бисёр муҳим аст. Зеро фардо онҳо оила бунёд менамоянд ва рӯзгордориву қисмати насли оянда ба онҳо вогузор мешавад. Дар руҳияи сарфакорӣ тарбия ёфтани духтарон сабаб мешавад, ки рӯзгори оилаашон зуд обод гашта, хонаводаашон ҳамеша таъмину осуда бошад. Ба духтаронамон аз хурдсолӣ бояд фаҳмонем, ки масалан, дар хона сад қутти гӯгирд бошад ҳам, як донаи гӯгирдчӯбро беҳуда ва ба исроф истифода набаранд. Зеро “Сарфаи сари оташдон, савдогари Ҳиндустон” гуфтаанд. Ҳеҷ кас намедонад, ки оянда аз қазову қадар чи пеш меояд ва шояд баъди чанд вақт маҳз ҳамон як дона гӯгирдчӯб лозим ояду онро ёфта натавонем. Шайх Саъдӣ дар ин бора таъкиди нишонрасе дорад:
Ба духтар чӣ хуш гуфт бонуи деҳ,
Ки рӯзи наво барги сахтӣ бинеҳ.
Сарфакорӣ хислатест, ки он ҳам дар Қуръон, ҳам аз ҷониби Пайғамбар (с), ҳам аз сӯи тамоми бузургони илму адаби тоҷик талқин шудааст. Аз ин рӯ, агар мо хушбахтиву саодати фарзандонамонро хоста бошем, зарур аст, ки доир ба сарфакорӣ ва зарари исроф ҳар рӯз бо онҳо дар гуфтугӯ бошем. Дар ин сурат аз ҳозир кафолати зиндагии шоистаи онҳоро таъмин хоҳем кард.
Достон ДИЛОВАРЗОДА,
шаҳри Хуҷанд