ИСТИҚЛОЛ. ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ҶАҲОНИШАВӢ
“Иқдомоти дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшиданд.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Фарҳанг яке аз арзишҳои муҳими миллӣ буда, асоси ҳастии ҳар як қавму миллатро ташкил медиҳад. Миллатҳо тавассути фарҳанг ва тамаддуни худ шинохта мешаванд ва маҳз фарҳанги миллӣ онҳоро аз омезиш ва нобудӣ ҳифз мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки боиси омезиши фарҳангҳо ва таъсири бештари тамаддунҳои бузург ба фарҳангҳои хурдтар мегардад, ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Имрӯз, вақте ки фарҳангҳои бегона ба воситаи васоити иттилоотӣ ва технологияҳои нав ба ҳар гӯшаи ҷаҳон нуфуз мекунанд, ҳифзи фарҳанги миллӣ барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ арзиши бештар касб мекунад. Зеро, агар ин раванд зери назорат гирифта нашавад, эҳтимоли он меравад, ки унсурҳои бегона дар фазои фарҳангиву маънавии мо мавқеъ пайдо кунанд.
Дар ҳамин радиф, ҷаҳонишавӣ, ки боиси густариши муносибатҳои байнифарҳангӣ ва интиқоли арзишҳои нав мегардад, метавонад ҳам манфиат ва ҳам хатар дошта бошад. Аз як тараф, он имконият медиҳад, ки миллатҳо аз дастовардҳои фарҳангии ҳамдигар баҳра баранд. Аммо аз тарафи дигар, фарҳангҳои бегона метавонанд ба нобудшавии унсурҳои фарҳанги миллӣ оварда расонанд. Масалан, ҷорӣ шудани тарзи либоспӯшии бегона, сабкҳои мусиқии ғайримиллӣ ва заиф гардидани мавқеи арзишҳои суннатию анъанавӣ дар ҷомеа метавонад боиси гум шудани баъзе унсурҳои муҳими фарҳанги миллӣ гардад.
Ҳамзамон, васоити ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳсулоти фарҳангии хориҷӣ, аз қабили филмҳо, мусиқӣ ва адабиёт, таъсири ҷиддӣ ба афкори мардум мерасонанд. Дар шароити кунунӣ, бидуни сиёсати қавии фарҳангӣ ва ҳамбастагии мардум, махсусан қишри ҷавони мамлакат ҳифзи ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ тақрибан номумкин гардидааст. Ҳамин аст, ки дар аксари суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ (28.12.24) ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд:
“Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.
Дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”.
Воқеан, дар шароити муосир, яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, зуҳуроти номатлуб, аз қабили хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Ҳарчанд ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ бо фарҳанги миллии тоҷикон рабт надоранд, истифодаи нодурусти арзишҳои динӣ ва бегонагии фарҳангӣ метавонад барои густариши ин зуҳурот мусоидат кунад. Фарҳанги миллӣ метавонад ҳамчун сипаре бар зидди чунин тамоюлҳо хизмат кунад, зеро он дорои арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва маърифатпарварист.
Барои муқовимат ба хурофот ва ифротгароӣ, бояд арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ – илмомӯзӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи нек дар ҷомеа ташвиқ карда шаванд. Зеро маҳз ҷаҳолат ва нодонӣ метавонанд ҷавононро ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афкананд. Агар фарҳанги миллӣ ба наслҳои оянда дуруст тарғиб карда шавад, хатари гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб коҳиш меёбад.
Мо танҳо дар ҳамбастагии тамоми қишру табақаҳои ҷомеа, бахусус гурӯҳи руҳониён, бо роҳҳои пешбурди корҳои маърифатӣ- фаҳмондадиҳӣ, гузарондани вохӯрию мулоқотҳо бо фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа садди роҳи ин вабои аср дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ шуда метавонем.
Таърих собит кардааст, ки, агар фарҳанги як миллат заиф гардад, миллат низ тадриҷан завол меёбад. Бисёр халқҳои қадимӣ, ки дар гузашта давлатҳои қудратманд доштанд, маҳз бо сабаби гум кардани фарҳанги худ аз арсаи таърих нест шуданд. Аз ин нигоҳ, ҳифзи забон, расму оин, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва давлат аст. Дар акси ҳол, таҳти таъсири омилҳои бегона, на танҳо фарҳанг, балки худи миллат низ ба вартаи нобудӣ меравад.
Таназзули фарҳанг дар ҷомеа боиси косташавии ҳисси миллӣ, кам шудани эҳтиром ба таърихи хеш ва афзоиши тақлид ба арзишҳои бегона мегардад. Дар натиҷа, ҷомеа заиф мешавад ва метавонад дар муқобили таҳдидҳои дохилию хориҷӣ устувории худро аз даст диҳад. Бинобар ин, ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳим ва масъулиятноки ҳар як миллат мебошад. Барои нигаҳдошт ва таҳкими ҳувияти тоҷикон зарур аст, ки забон, адабиёт, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои маънавии хешро ҳифз намоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намуда, фарҳанги миллиро ҳамчун ҷузъи асосии худшиносии мардум тарғиб мекунад. Аз ҷумла, Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифз ва эҳёи фарҳанги миллӣ иқдомоти таърихиро анҷом додаанд, ки, аз ҷумла мақоми байналмилалӣ бахшидан ба Ҷашни Наврӯз, инчунин, эҳёи ҷашнҳои қадимаи миллӣ — Меҳргон, Сада ва Тиргон дар радифи суннатҳои аслии тоҷикон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бо ин тадбирҳо ҳувияти фарҳангии миллат таҳким ёфта, арзишҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд. Чунин иқдомҳои фарҳангдӯстонаи Сарвари давлати тоҷикон ба ин маъност, ки танҳо бо нигоҳ доштани фарҳанги худ мо метавонем ҳамчун миллат ва давлат дар арсаи ҷаҳонӣ устувор боқӣ монем ва ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳои фарҳангиро ба мерос гузорем.
Барои ин, муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи фарҳанг саҳм гирад – аз омӯзиши таърихи миллат сар карда, то эҳтиром ва риояи расму оинҳои миллӣ. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем фарҳанги худро аз нобудӣ ҳифз карда, онро ба наслҳои оянда бо тамоми бузургиаш ба мерос гузорем.
Саидаъзам ҚОДИРЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон