2025-2030. ЭЪЛОНИ СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Эълон шудани 2025-2030 ҳамчун солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ба таъкиди коршиносон, татбиқи муваффақонаи фармони мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ вусъат ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил дода мешаванд ва санадҳои дахлдор дар ин самти барои кишвари мо муҳим қабулу амалӣ мегарданд.
Дар ҳамин радиф, Ҷамшед Солеҳ, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин баён дошт:
– Воқеан, Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаи иқтисодиёти миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Имрӯзҳо барномаҳои зиёде марбут ба технологияҳои рақамӣ ҷиҳати беҳтар кардани равандҳои идоракунӣ ва молиявӣ қабул гардида, як қатор иқдомҳои муҳим низ роҳандозӣ шуданд. Фарзи мисол, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ барои солҳои 2025-2029 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, ба беш аз 100 санади меъёрию ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Ин ва дигар иқдомоти вобаста аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Бо дарки муҳимияти мавзуъ, Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба як қатор самтҳои асосӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Ба андешаи ин ҷониб, дар заминаи ҳамин дастури Пешвои муаззами миллат, пеш аз ҳама, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ то шабакаҳои 5G, яъне инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси механизми мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили механизмҳои ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва, инчунин, бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ногузир аст. Дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмини амнияти киберии механизмҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, дар баробари ин, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти ватанӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Солҳои 2025-2030 инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои эълоншудаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия метавонад ба як давраи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам оварад, зеро гузариш ба иқтисоди рақамӣ қадаме барои беҳтар сохтани вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлат мебошад. Татбиқи воқеии иқдоми мазкур, пеш аз ҳама, вақтро сарфа намуда, сифати маҳсулот ва кору хизматрасониҳоро бамаротиб беҳтар менамояд ва ниҳоят ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад.
Дастури дигаре, ки дар Паём ироа гардид, ин то охири соли 2025 гузариши пурра ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Дар кишварҳои пешрафта пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар кишвари мо ба 22 дарсад баробар аст. Албатта, тақозои замон аст, ки дар ин самт бояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд. Пеш аз ҳама, сохторҳои дахлдори кишвар бояд дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро он яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонии баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия ба шумор меравад. Тавре дар Паём таъкид шуд, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ аҳамияти хосса дорад. Албатта, дар ин раванд зарурати истифода аз технологияҳои рақамӣ пайваста зиёд мегардад, зеро онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ нақши марказиро доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иктисод хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ, рушди иқтисоди рақамӣ имконият фароҳам меорад, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шавад ва маҳсулоти хушсифат дар бозори истеъмолӣ афзоиш ёбад. Фаромӯш набояд кард, ки мувофиқи Стратегияи миллии рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 бояд ба модели нави иқтисодӣ гузарад, ки асоси онро рушди сармояи инсонӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин, маҳз такя ба донишҳои нав ва аз худ кардани технологияи муосир, рушд додани хизматрасонии интернетӣ барои пешрафти минбаъдаи фаъолияти иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сифати беҳдошти аҳолӣ заминаи устувор гузошта метавонад.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”