ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ЁР-ЁР».  ТАРОНАЕ ҲАМПАЙВАНДИ МИЛЛАТ

«ЁР-ЁР».  ТАРОНАЕ ҲАМПАЙВАНДИ МИЛЛАТ

19 феврал 2025, Чоршанбе
48
0


Китоби тозанашри доктор Асадуллоҳи Шуур бо номи «Ӯланг-ӯланг: таронаи маросими арусии мардуми Ҳирот; пешина ва густариши он» яке аз осори муҳими таҳқиқотӣ дар мусиқии мардумӣ ва адабиёти шифоҳии форсизабонон мебошад. Дар ин асар, решаҳои таърихии таронаи маросими арӯсии тоҷикӣ – «Ёр-ёр-ёроне», ки дар Ҳирот ва Систон бо номи «Ӯланг-ӯланг» шинохта мешавад, муаррифӣ гардидааст.

Гарчанде ки дар китоб бештар ба шакли ҳиротии ин оҳанг таваҷҷуҳ шудааст, муаллиф шаклҳои тоҷикии онро дар муқоиса бо таронаҳои арусии ӯзбекӣ ва туркманӣ баррасӣ намуда, исбот кардааст, ки шакли тоҷикӣ-форсии ин тарона аслӣ ва решаӣ маҳсуб меёбад. Муаллиф бо истифода аз санаде, ки 40 сол қабл дар шаҳри Душанбе аз нусхаи хаттии китобхонаи шахсии Баҳром Шермуҳаммадӣ, ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон пайдо карда буд, исбот менамояд, ки барои нахустин бор Муҳаммади Ҷомӣ (бародари Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ) бо илҳом аз оҳанги маросимҳои арӯсии дарбориён, матни дуоомезеро барои ин тарона эҷод намуда. Матн чунин оғоз мешуд: 
Ӯланг-ӯланг, ҳай ӯланг, шамсу қамар ёр-ёр, 
Лаъли лаби дилбарон, ғунчаи тар ёр-ёр. 
Аввали дафтар шуда, номи Худо ёр-ёр, 
З-он ки ғайри ӯ ҳама фано ёр-ёр. 
Ҳар кӣ кунад ӯланг, ёд кунад Ҷомиро, 
Ҷомии бечораро шод кунад ёр-ёр.

Муаллиф дар асоси таҳқиқоти худ менависад, ки ин тарона дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ маъмул буд. Аз ҷумла, он дар ҷашнҳои арусии солҳои 1924 васеъ иҷро мешуд. Баъдан, шаклҳои гуногуни он дар гӯшаҳои дигари Осиёи Марказӣ пайдо шудаанд, ки дар китоб намунаҳои тоҷикии таронаи «Ёр-ёр» аз Истаравшан, Фарғона ва Самарқанд низ оварда шудаанд. Гарчанде дар нусхаи хаттӣ номи шоир ҳамчун Аҳмади Ҷомӣ сабт шудааст, муаллиф таъкид мекунад, ки ин шеър дар девони Аҳмади Ҷом вуҷуд надорад (дар асарҳои дигари классикӣ низ ӯро ҳамчун Аҳмади Ҷом ном мебурдаанд, на Ҷомӣ). Аз ин рӯ, эҳтимол меравад, ки ин шеър ба давраи темуриён тааллуқ дошта бошад. Ва эҳтимол меравад, ки Муҳаммади Ҷомӣ, ки дар шеър ва мусиқӣ дастболо буд, ин таронаро эҷод кардааст. Агар чунин бошад, таърихи эҷоди таронаи «Ёр-ёр» ба 600 сол қабл мерасад, аммо агар онро ба Аҳмади Ҷом нисбат диҳем, пас тарона 900-сола мешавад. Ин китоб, бо овардани нотаи мусиқии оҳангҳо ва баррасии муқоисавии онҳо, арзиши тадқиқотии асарро бештар мекунад. 

Муҳаммадҷон МӮСОЗОДА,
корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Санаи нашр: 19.02.2025 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив