"ҶУМҲУРИЯТ". ЯК АСРИ ФАРҲАНГГУСТАРӢ Ё МАКТАБЕ ДАР ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Матбуоти даврӣ аз ибтидои ташаккул то имрӯз як бахши бузурги таърихи миллат ба ҳисоб меравад. Ин василаи иттилоърасон барои рушди тафаккури ҷамъият хидмат намуда, дар раванди созандагиҳо ва таҳаввулоти фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ пешоҳанг мебошад. Ба маънои дигар, матбуоти даврӣ василаи аслӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаи ҳар як миллату давлат маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, дар ҷараёни зиндагию рӯзгори миллатҳо ҳастанд нашрияҳое, ки ҳастияшон ба сарнавишти мардум, тафаккури ҷомеа, фарҳангу маънавияти аҳолии як кишвар ва фаъолияташон ба ояндаи дурахшону илман асоснокбудаи он марбут мебошад. Яке аз чунин ҷаридаҳо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” аст.
Таърих гувоҳ аст, ки ин нашрияи миллӣ аз ибтидои рӯи нашр омадан, бо рисолати баланди мафкурасозӣ, маорифпарварӣ, донишгустарӣ ва рушди тафаккури миллӣ амал карда, исми он низ бо маромномаи ӯ мувофиқу муносиб интихоб гардид. Сарчашмаҳои адабӣ ва махзани матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ нишон медиҳанд, ки нахустшумораи “Ҷумҳурият” бо номи “Иди тоҷик” 15-уми марти соли 1925 ба нашр расида, аз шумораи дуюм исми “Бедории тоҷик”-ро гирифт. То 8-уми октябри соли 1928 бо унвони “Бедории тоҷик” рӯи нашр меомад. Рӯзнома дар он марҳалаҳои ҳассооси таърихӣ, ки барои миллати тоҷик ва забону таърихи кишвар лаҳзаҳои сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар самте таҳоҷуми фарҳангӣ, забонӣ, сиёсӣ ва идеологӣ болои мағзи хасташудаи мардум ҷараён дошт, барои бедорӣ, рушди тафаккури миллии мардуми мо ва оммавигардонии андешаҳои давлатсозии тоҷикону тоҷикистониён хидмати арзишманди таърихӣ анҷом дод.
“Ҷумҳурият” сад соли қабл дар марҳалаи авҷи афкори пантуркизм рӯи кор омада, барои расидан ба давлати озоду мустақили тоҷикон талошҳои пешоҳангӣ кардааст. “Ҷумҳурият” дар иҷрои ин рисолати азим аз ҳувияти тоҷикӣ дифоъ намуда, асолати миллатро бо ғановати забону адабиёти он густариш медод.
“Ҷумҳурият” на танҳо як рӯзнома, балки нашрияи тафаккурсоз, андешаофарин ва раҳнамункунандаи ҷомеаи Тоҷикистони пасоамирӣ ва пасошуравӣ мебошад, ки дар ҳар шароите бо забони ноби тоҷикӣ нашр шудаву афкори пешқадаму созандаро манзури ҷомеа кардааст. Аз бедорӣ гуфтаву миллатро ба иттиҳод хондааст, аз давлат навиштаву дар раванди соҳибистиқлолии кишвар ҳам нақши тақдирсоз доштааст.
Ба маънои дигар, “Ҷумҳурият” худ таърихнома асту таърих сохтааст; сарчашмаи илмию фарҳангӣ асту дар ташаккули фарҳанги миллӣ нақш доштааст; забони муосири тоҷик дар саҳифаҳои ин нашрия шукуфо шудааст; адабиёти навини тоҷикро маҳди маънавӣ будааст; дар тарбияву такомули касбии чеҳраҳои таъсиргузори адабиёти тоҷик хидмат намудааст.
Махсусан, мактаби тарбияи мутахассисони “Ҷумҳурият”-ро агар таҳлил намоем, чеҳраҳои намоёне чун қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, суханварону арбобони фарҳангӣ ба мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мирсаид Миршакар, Ғуломризо Ализода, Ҳаким Карим, Ҷалол Икромӣ, Ғоибназар Қаландар, Ибод Файзулло, Шарифҷон Ҳусейнзода, Мирзо Ризо ва даҳҳо касони дигар дар мактаби фикрию адабии ин нашрияи миллӣ дар давраҳои мухталиф камоли адабӣ ёфтаанд. Имрӯз низ ин нашрия дар тарбияи кадрҳои ҷавон нақши бориз дошта, барои фардои адабиёту фарҳанги миллии тоҷик насли навро эҳдо менамояд. Умед аст, ки ин насл бо камоли фарҳангӣ ва ахлоқи адабӣ барои рушди адабиёту рӯзноманигории тоҷик хидмат намояд.
Имрӯзҳо низ рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар тамоми равандҳои созандагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун нашрияи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат пештоз аст; барои тарғибу ташвиқи андешаҳои солим, равнақи ваҳдатгустарию миллатмеҳварӣ ва илмомӯзию маорифпарварии Пешвои муаззами миллат талоши густурда анҷом медиҳад. Ҳамзамон, ин нашрияи бунёдгарову бунёдгузор дар қиболи ҳар як таҳаввули сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангии ҷаҳон устувор буда, аз манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон дифоъ мекунад. “Ҷумҳурият” дар муқобилият бо афкори муғризонаи душманони миллат бо нигоштаҳои илман асосноки худ муқовимат мекунад.
Барои ҳамагон маълум аст, ки муқовимати адабию маънавии “Ҷумҳурият” на танҳо барои имрӯз, балки барои садсолаҳои ояндаи миллати тоҷик асту барои ҳифзи асолати фарҳангу адаб ҷавшани маънавиро мемонад. Пас, бо бовари комил метавон гуфт, ки агар сад соли фаъолияти “Ҷумҳурият” моро ба давлати соҳибистиқлоли худамон расонд, фаъолияти ояндаи он бо сарпарастии Пешвои миллат пойдории кишвар ва фарҳанги миллии тоҷикро дар арсаи ҷаҳон пойдор хоҳад кард.
Ҷумахон ФАЙЗАЛИЗОДА,
директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи
иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
