ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАМСИДДИН ШОҲИН.  БАРДОШТ АЗ НОҲИЯЕ, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД

ШАМСИДДИН ШОҲИН.  БАРДОШТ АЗ НОҲИЯЕ, КИ РӮ БА РУШД ДОРАД

14 апрел 2023, Ҷумъа
156
0

  
- Заҳматкашони ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба талош доранд, - гуфт Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Мавсуф афзуд, ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 январи соли 2022, № 311, тармиму навсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани 216 иншооти таъиноти гуногун дар нақша аст. Аллакай, 51 иншоот ба истифода дода шуд.
Бояд зикр кард, ки соли гузашта нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 110,6 фоиз таъмин гардида, 20 миллиону 727 ҳазору 987 сомонӣ ба буҷет ворид гашт, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 986 ҳазору 625 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 62 миллиону 413 ҳазору 886 сомонӣ иҷро шуд. Маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 41 миллиону 933 ҳазору 772 сомонӣ таъмин гардид, ки 100 дарсади дурнаморо дар бар мегирад. Аз ҳисоби барзиёдии буҷети маҳаллӣ барои хариди компютер ба соҳаи маориф 500 ҳазор сомонӣ равона гардид. 

РУШДИ САНОАТ ОМИЛИ НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ АСТ
– Соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 100 миллиону 520 ҳазору 700 сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешин 28 миллиону 123 ҳазор сомонӣ бештар аст, – тазаккур дод раиси ноҳия. – Соли гузашта Корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори 100 ҳазор дона дар як шабонарӯз, коргоҳи истеҳсолии масолеҳи пластикӣ ва ҶДММ “Содиқзода Анвархон” дар самти истихроҷи тилло мавриди истифода қарор гирифтанд ва дар маҷмуъ, 80 ҷойи корӣ омода шуд. 

КИШОВАРЗӢ ВА ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ЗАМИН
– Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, ҳамасола ба рушди он таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Имсол низ, пешравиҳо назаррасанд, – иброз намуд Зафар Гулзода. – Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 420 миллиону 606 ҳазор сомонӣ баробар гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 миллиону 98 ҳазор сомонӣ ё худ 6,3 дарсад зиёд аст. Аз ҷумла, дар соҳаи рустанипарварӣ 252 миллиону 825 ҳазору 400 сомонӣ, чорводорӣ 167 миллиону 780 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти моҳипарварӣ ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ истеҳсол шуданд. Инчунин, 1000 тонна маҳсулот ба хориҷ содирот гардидааст, ки 300 тоннаашро хушкмева дар бар мегирад. Барои ободонӣ ҳазорҳо бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ, гулҳои лола, садбарг ва мавсимӣ шинонда шуданд. 

СОҲАҲОИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ
– Возеҳ аст, ки соҳаи маориф калидӣ ба ҳисоб рафта, диққати ҳамаҷониба мехоҳад, - идома бахшид ба сухани худ раиси ноҳия. - Соли 2022 барои маорифчиён соли бобарор буд, зеро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби шарикони рушд, бо мақсади беҳтар намудани шароити таҳсили таълимгирандагон дар назди муассисаҳои таълимии №№ 7,30 сохтмони 20 синфхонаи иловагӣ ва бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия оғоз гардид. Маврид ба зикр аст, ки аз  тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии ашхоси саховатпеша дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 33, 52, 57 сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ шуруъ шуд. Дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таълими ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 мактаб – интернат, 1 муассисаи томактабӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ амал мекунанд. Дар онҳо  11 ҳазору 348 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 5 ҳазору 603 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. 
Боиси ифтихор аст, ки соли гузашта бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бинои маркази санитарию эпидемиологии ноҳия баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби шарикони рушд сохтмони Маҷмааи “Модару кӯдак” барои 66  кат, маркази саломатӣ иборат аз 3 ошёна ва 3 бино оғоз гардид. 
Айни замон 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, маркази бемориҳои сил, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 17 маркази саломатии деҳот, 18 бунгоҳи тиббӣ ва 8 муассисаи дигари тиббӣ, бо фарогирии 52 нафар табиби маълумоти олидор дар хизмати мардум қарор доранд.

Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.04.2023 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив