ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ. НАШЪАМАНДӢ КОҲИШ ЁФТ, ВАЛЕ МУБОРИЗА БО ЗАҲРИ ҚОТИЛ ИДОМА ДОРАД
Хушбахтона, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани барномаҳои миллӣ, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва нашри маводи маърифатӣ дар васоити ахбори омма сол ба сол шумораи гирифторони нашъамандӣ дар кишвари мо коҳиш меёбад.
Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ дар мамлакат 4014 нафар бемори гирифтори нашъамандӣ сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 146 нафар ё худ 3,5 дарсад камтар аст. Дар соли 2008 бошад, 8645 нафарро ташкил медод.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар ҷаҳон гирифторони бемории нашъамандӣ афзоиш меёбанд. Тибқи гузориши охири Созмони Милали Муттаҳид, дар соли 2022 тақрибан 292 миллион нафар, ё худ ҳар 18-ум нафар маводи мухаддир истеъмол мекунад, ки ин нишондод назар ба даҳ соли қабл 20 дарсад зиёдтар аст.
Ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нашъамандӣ ҳанӯз соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул гардида, ин санад баъдан барои солҳои 2021-2030 тамдид шуд ва аксари коршиносон амалисозии муқаррароти ин ҳуҷҷати муҳимро яке аз омилҳои асосии камшавии шумораи нашъамандон дар кишвар медонанд.
Албатта, кам шудани шумораи гирифторон ба ин вабои аср дар Тоҷикистони азизи мо боиси хушҳолист, аммо бояд бо талошҳои муштараки мақомотҳои дахлдор ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву рӯзноманигорон он дар ҷомеаи мо аз беху бун баркандаву бенишон шавад. Зеро барои мардуми тамаддунофару фарҳангсолори мо, ки гузаштагонаш ҳама муаллимони ахлоқ будаанд ва бо талқини ғояҳои баланди инсонсозиву инсонгароӣ машҳури олам гаштаанд, даст задан ба чунин кирдорҳои манҳус мояи нанг аст.
Зери мафҳуми «нашъа» ва ё «маводи мухаддир» гурӯҳе аз маводҳои табиӣ ё кимиёӣ дар назар аст, ки истеъмоли онҳо боиси вобастагии ҷисмӣ ва равонӣ дар инсонҳо мешавад. Масалан, афюн, ҳашиш, героин, инчунин, кокаину экстазӣ ва дигар намудҳои маводи психотропии синтетикӣ ҳамагӣ мухаддирот ба шумор мераванд ва метавонанд бо эҷоди ҳисси сархушӣ истеъмолкунандаро ба истифодаи давомнок ва дар ниҳоят ба гирифторӣ мубтало кунанд.
Ташвишовар аст, ки маводи психотропии синтетикӣ, ки бештар ба шакли ҳаб омода мешавад, нисбат ба афюну героин арзиши камтар дорад ва аз ин сабаб, гардиши онҳо дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар ҳоли афзоиш аст.
Ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде дар соли 2024 дар маҷмуъ, мусодираи маводи нашъадор миқдоран кам гаштааст, лекин мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ нисбат ба соли 2023-юм 59 дарсад зиёд шудааст.
Ҷомеашиносон ҳамеша таъкид менамоянд, ки бештари истеъмолгарони маводи нашъадор аз миёни ҷавонон ҳастанд ва ин фикр ҳам, ки гӯё нодорӣ ё дигар мушкилоти иҷтимоӣ боиси даст задани ҷавонон ба чунин амали нанговар мегардад, дар аксари мавридҳо исботи худро намеёбад. Зеро фарзандони оилаҳои доро ва сарватманд ҳам маводи мухаддир истеъмол мекунанд ва гирифтори нашъамандӣ мешаванд.
Сабаби асосии гирифтор гаштани ҷавонон ба нашъамандӣ ба ду омил: надоштани маълумоти кофӣ дар бораи зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи мухаддир, риоя накардани тарзи ҳаёти солим вобаста аст.
Аз расонаҳо огоҳ ҳастем, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба мардум фаҳмондани зарару пайомадҳои истеъмоли маводи нашъадор, пешгирӣ аз ин вабои аср, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба таври мунтазам вохӯрию мулоқот, семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мегузаронанд. Аммо боз ҳам бештар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳ сохтани мардум, махсусан наврасону ҷавонон, талаботи замон аст ва дар ин самт бояд на танҳо мақомоти марбута, балки кулли ҷомеа фаъол бошанд.
Дувум, машғул шудан ба варзиш ва риояи талаботи тарзи ҳаёти солимро бояд ба фарзандон ва насли ҷавон ба таври пайваста талқин намоем, зеро барои ноил гаштан ба ҳадафҳои худ доштани иродаи қавӣ, матонат, дар тинати худ ташаккул додани сифатҳои ҳамидаи маънавӣ ва ахлоқӣ лозим аст. Маводи нашъаовар саломатии ҷисм ва мағзи сари инсонро халалдор менамояд ва шахсро дар бештари маврид ба таназзул ва марг бурда мерасонад. Хушбахтона, имрӯз аксари ҷавонони Тоҷикистон ба варзиш ва обутоби ҷисми худ шавқу рағбати зиёд доранд ва ин дар ояндаи наздик ба комилан аз байн рафтани нашъамандӣ дар кишвари мо мусоидат менамояд.
Дар гирифтани пеши роҳи муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол дар минтақа мебошад. Танҳо дар соли гузашта мақомоти қудратии кишвар 839 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор кардаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати қатъсозии фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба воридсозӣ ва паҳннамоии маводи нашъаовар машғуланд, фаъолияти самарбахши оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, дар ин давра кирдорҳои ғайриқонунии 32 гурӯҳи ҷиноятӣ ошкор ва қатъ карда шуд. Бояд таъкид намуд, ки дар ин самт низ бояд ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бо мақомоти дахлдор ҳамкории зич дошта бошанд, зеро мубориза бо паҳншавии маводи нашъадорро ҳар шаҳрванде, ки ба ояндаи фарзандон, ҷомеа ва миллату давлат бетараф нест, бояд қарзи худ донад.
Набояд фаромӯш кард, ки паҳн гаштани бемориҳои сироятии марговар, таваллуди фарзандони носолим, косташавии муносибатҳои хешутаборӣ, ташкили муҳити хатарнок ва нобоварӣ дар ҷамъият, болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, маблағгузории гурӯҳҳои бузурги террористӣ ва даҳҳо пайомади нохуби дигар ҳама аз афзоиши нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳосил мешаванд. Аз ин рӯ, бояд тамоми ҷомеа ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва харидуфурӯши ин заҳри қотил фаъол бошанд ва нагузорем, ки ояндаи давлату миллатамон ба хатар биафтад ё фарзандонамон ба роҳи каҷ рафта ҳаёти худро бисӯзонанд.
Диловар РАҲИМЗОДА,
мудири бахши дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими шаҳри Норак