ДУРАХШИ АХТАР. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН БАҲРОМ СИРОҶЕВ

03 март 2025, Душанбе
2


Дар тасаввури ман Баҳром Сироҷев шабеҳи ахтар аст, ахтаре дурахшон ва баланд дар фазои зиндагӣ. Ӯ шахсиятест, ки на танҳо чун роҳбари собиқи низоми энергетикии кишвар, яъне дар кору фаъолият, балки ҳамчун инсон дар зиндагиву рӯзгор низ ба қуллаи мурод расидааст; бо зиндагии худ исбот намудааст, ки инсон қодир аст ҳамаи мушкилоти зиндагиро осон ҳал намояд. Ӯ зиндагии орому ширин дорад ва бо вуҷуди он ки имрӯз синни муборакаш ба 85 мерасад, кор мекунаду ба ҷомеа манфиат меорад. Ҳама вақт тартибу низом ҳамсафари ҳаёти Баҳром Сироҷев буд ва то имрӯз ҳаёташ шоиста монд.
Солҳое буданд, ки низоми зиндагӣ вайрон буд; Ҷанги Бузурги Ватанӣ падари Баҳромро, вақте ӯ ҳамагӣ ду сол дошт, ба комаш кашид. Модар бо се тифли хурдсол танҳо монд. Вале ин мусибат оилаи онҳоро тифоқтар намуд ва онҳо низоми зиндагиро аз даст надоданд.
Зиндагӣ маҷбур кард модарро, ки бидуни ягон устод, касби чевариро зуд аз худ кунад. Аввал барои фарзандони худ ва хешу ҳамсояҳо шиму курта ва фуфайка медӯхт. Он вақтҳо фуфайкапӯшӣ расм шуда буд. Баъдтар модар ба дӯхтани шими галифею гимнастёркаи «сталинӣ», ки он замон мардон ҳавас мекарданд, ки ба монанди Сталин либос пӯшанд, машғул шуд. Ҳамин тариқ, талабот ба сарулибоси дӯхтаи модар меафзуд ва ашёи хом зиёдтар лозим мешуд. Дар ин ҳангом се нафар фарзанд касби бобоиро пеш бурда, ба косибӣ машғул шуданд ва дар як муддати кӯтоҳ мӯзачаҳои бачагона дӯхтанро ёд гирифтанд. 
Баъди се-чор сол Баҳром ҳам, ки фарзанди хурдӣ буд, дар дувоздаҳсолагӣ тайёр кардани мӯзачаи кӯдаконаро пурра аз худ кард. Ҳар се акаву додаракони пасту баландак, барои вақтхушӣ, дар рафти кор суруд мехонданд. Сурудхонӣ, ҳоло ҳам дар ёд дорад Баҳром Сироҷев, ҳам корро метезонду ҳам ботини онҳоро шод мекард. Вақте суруд мехонед, чӣ тавр гузаштани вақтро ҳис намекунед.
Баҳром Сироҷев имрӯз ба ёд меоварад, ки аз овони косибии худ ду сабақи бузург гирифтааст. Нахуст – парҳез аз саросемагӣ. Барои шакли қолибро гирифтани соқи бар рӯи он кашида, вақт даркор ва барои он, ки корат хом набарояд, бояд сабр кард. Дар зиндагӣ низ ҳамин тавр аст; сабру таҳаммул ҳар корро пухта мегардонад.
Дувумин сабақи ӯ зиндагии ҳалол аст. Боре воқеае рӯй дод…
Модар барои харидани даҳ метр матое, ки барои дӯхтани шими галифеӣ ва фуфайка лозим буд, ба дасти писари калонӣ - Хайрулло пул дода, Баҳромро то мағоза бо ӯ ҳамроҳ намуд. Онҳо аз фурӯшанда - амаки Усмон даҳ метр матои даркориро хариданд  ва бақияи пулро гирифта, ба хона омаданд. Модар як маротиба матоъро чен карду бақияи пулро се маротиба шуморид. Бачаҳо аз ин кори модарашон ҳайрон монданд, ҳатто, андак ташвиш кашиданд. Сипас модар ба ҳар дуи онҳо муроҷиат карда гуфт, ки фурӯшанда ёздаҳ сӯм кам гирифтааст. Баъд фармуд, ки ҳатман, ҳозир ҳар дуятон ин ёздаҳ сӯмро ба фурӯшанда бурда расонед. 
Дар магазин амаки Усмон, боз як маротибаи дигар ҳисоб кард. Гапи модар дуруст баромад. Ӯ рӯ ба қибла карду дуо дод:
- «Илоҳо хока гиред, зар шавад, ба тарбиятгаратон раҳмат». 
Чеҳраи хушнуди амаки Усмон дар хотироти Баҳроми хурдсол барои тамоми умр нақш баст, ки ҳаққи дигаронро хурдан мумкин нест, он ҳаром аст.
Соли 1955 модар аз дунё гузашт ва аҳли оила бесаробон монд. Ҳамон сол аҳли авлод, махсусан амаки калонӣ Мухтор Бақоев, ки чун чорводори маъруф буд ва дар ноҳияи Шаҳринав ба ҳайси директори муассиса кор мекард, саробонии фарзандони ятими кул мондаи додарашро ба уҳда гирифт. Мухтор Бақоев ба Ӯротеппа омад, бо аҳли авлод маслиҳат кард, розигии Хайруллову Баҳромро гирифт (он вақт бародари сеюм Ёқуб дар хизмати артиш буд) ва онҳо болои мошини боркаш роҳ пеш гирифтанд ба сӯи Шаҳринав.
Дар Шаҳринав таҳсилашро аз синфи нуҳ дар Мактаби миёнаи №1 ба номи Островский идома дода, онро бо медали нуқра ба итмом расонд. Соли 1963 факултети энергетикаи Донишкадаи политехникии ба номи Калинини шаҳри Ленинградро хатм намуда, ба Тоҷикистон баргашт ва дар шуъбаи энергетикаи АИ РСС Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатияш оғоз намуд. Дертар ба истеҳсолот гузашт ва солҳои 1963-1965 ба ҳайси сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ (шаҳри Қӯрғонтеппа) ифои вазифа намуд, вале кори илмиро низ тарк накард. Ҳамин тариқ, дар фаъолияти корӣ то ба вазифаи роҳбари Ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» ва дар ҷодаи илм то сатҳи академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ ва академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.
Академик Баҳром Сироҷев 38 соли ҳаёташро ба ширкати «Барқи тоҷик» бахшида, тули солҳои дароз раиси ин ширкати бонуфуз буд.  Ӯ ҳоло ҳам фаъолияташро дар соҳаи энергетика ба ҳайси машваратчии бунёди Неругоҳи «Роғун» идома дода истодааст.
Хидматҳои Баҳром Сироҷев аз тарафи давлат ва ҷомеа қадр шудаанд. Ӯ ду маротиба (солҳои 1967 ва 1990) бо нишони Аълочии энергетика ва электриконии СССР сарфароз шуда, ба мукофотҳои зиёди давлатии давраи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст. Аз соли 1998 Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошад.
Аз ҳама ҷолибаш, ба гумони ман ин аст, ки ӯ академики он академияе мебошад, ки зиндагӣ ном дорад. Дар зиндагии худ исбот намудааст, ки бо меҳнат, бо истифодаи пурраи ақлу заковат умр ба сар бурдан тамоми мушкилоти инсонро осон менамояд. Бояд оҳиста-оҳиста, бафурҷа боло баромад. Имрӯз Баҳром Сироҷев шабеҳи ахтари баланду болост ва аз фарози зиндагӣ муниру дурахшон менамояд. Мо ба ӯ менигарему ба зиндагӣ дилгарм мешавем, ҳаёт дар назарамон ширину гуворо менамояд. Мо ба ӯ менигарему сабақ мегирем.
Нозир ЁДГОРӢ,  
нависанда

Санаи нашр: 03.03.2025 №: 46