ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРҒИБГАРИ БЕДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

ТАРҒИБГАРИ БЕДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

03 март 2025, Душанбе
14
0


Ташаккул ва рушди матбуоти даврии тоҷикро вобаста ба дигаргуншавии сохти иҷтимоӣ, асосан, ба се давраи нисбатан мукаммал тасниф намудан мумкин аст. Давраи аввал то инқилоби ибтидои аввали садаи ХХ-и рус ва инқилоби Бухоро (1912-1921), давраи дуюм замони  шуравӣ (1924-1991) ва давраи сеюм пас аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон (аз соли 1991 инҷониб). Ҳар яке аз ин давраҳо дар иртибот ба омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву касбӣ боз марҳалаҳои ҷудогонаро фаро мегиранд.
Поягузори давраи аввали матбуоти тоҷик «Бухорои шариф» мебошад, ки 11-уми марти соли 1912 рӯйи чоп омада, то 3-юми январи соли 1913 ҳамагӣ 152 шумора интишор гардид. Ин давраи матбуоти даврии тоҷик бо нашри ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» ба поён мерасад. Макони интишори матбуоти ин давра шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд мебошанд. Нашрияҳои даврии ин марҳала бо мустақилу хусусӣ будан, имконоти озодфикрӣ доштан ва бартарии маводи маорифпарварона фарқ мекунанд. 
Давраи дуюми матбуоти даврии тоҷик дар Самарқанд бо чопи рӯзномаи «Овози тоҷик» ибтидо гирифта, баъдан дар Душанбе реша гирифт ва дар саросари Тоҷикистон доман густурд. Дар ин давра матбуоти тоҷик ҳамчун низоми муайян шакл гирифт ва рушд ёфт. 
Ба ин мазмун, дар таърихи матбуоти даврии тоҷик «Бухорои шариф» ба сифати аввалин нашрияи тоҷикӣ, «Шуълаи инқилоб» нахустин нашрияи ҳизбӣ ба забони тоҷикӣ дар Туркистон, «Овози тоҷик» аввалин рӯзнома барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон ва «Ҷумҳурият» аввалин  нашрияи расмии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Ба тариқи расмӣ поягузори матбуоти давраи шуравии Тоҷикистон нашрияи «Ҷумҳурият» мебошад. 
Ин нашрия тули фаъолияти худ бо номҳои «Иди тоҷик» (1925), «Бедории тоҷик» (1925-1928), «Тоҷикистони сурх» (1929-1954), «Тоҷикистони советӣ» (1955-1990) ва «Тоҷикистони шуравӣ» (1991) интишор гардида, аз 19-уми сентябри соли 1991 бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад. Аз 14-уми марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. 
Рӯзномаи  «Ҷумҳурият» пайи фаъолияти садсолаи худ, бе танаффус интишор гардида,  на танҳо дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва ҳамчунин хориҷ аз он пешсаф будааст, балки ҳамчун мактаби рӯзноманигорӣ, аз як тараф, дар тарбияи рӯзноманигорони касбӣ, аз ҷониби дигар, дар шаклгирии кори газетасозӣ нақши муассир доштааст. 
Фаъолияти нашрия дар давра ва марҳалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ аз вижагиҳои умумӣ ва хоса бархурдор аст. Чунончи, агар нашрия дар нимаи дуюми солҳои бистуми Тоҷикистони мухтор ба масъалаҳои мактабу маориф, озодии занон, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани мардум таваҷҷуҳи бештар намуда бошад, солҳои сиюм дар татбиқи се барномаи стратегии ҳукумати вақт: коллективонидани хоҷагии қишлоқ, саноатикунонии мамлакат ва инқилоби маданӣ кӯшида, бо инъикос ва таҳлилу баррасиҳои масъалаҳои марбут ба ин барномаҳо саҳм гирифтааст. 
Нақши ин нашрия солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар самти  ташкили тамоми қувваҳои моддию маънавии мардум барои муҳофизати Ватан басо муҳим аст. Ин нақш бо се роҳ амалӣ мегардид. Якум, огоҳ намудани мардум аз муҳимтарин воқеаву ҳодисаҳои фронтӣ ва рӯйдодҳои марбут ба он; дуюм, тавассути чопи мақолаву очеркҳо дар хусуси шахсони ватанхоҳ ва корнамоиҳои ҷанговарони шуҷои тоҷик ва дигар халқҳои шуроӣ бедор кардани ҳисси ватандӯстиву инсонпарварии омма; сеюм, сафарбар намудани халқ, бахусус ҷавонон, барои мудофиаи мамлакат, бедор намудани ҳисси нафрат, бадбинӣ ва разилии мардум нисбат ба фашизми хунхор. Маводи ин давраи нашрияи «Ҷумҳурият» бо руҳияи баланди миллатдӯстӣ ва ватанхоҳии ҷанговарона фарқ мекунад.  
Солҳои баъд аз ҷанг ва хоса солҳои 1950-1970 дар  саҳифаҳои рӯзнома, дар баробари инъикоси воқеаву рӯйдодҳои муҳими рӯз, мавзуъҳои хоҷагии қишлоқ: ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маърифати иҷтимоию ахлоқии мардум ва амсоли ин, вижагии хос пайдо кардааст. Дар инъикосу баррасӣ ва тасвири корномаи пешқадамони истеҳсолот ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси меҳнатдӯстӣ ва ободкориву созандагӣ дар қатори рӯзноманигорон адибони публитсист низ фаъолона ширкат варзидаанд. Иштироки фаъолонаи неруҳои эҷодӣ, аз як тараф, мундариҷаи нашрияро рангоранг гардонда бошад, аз ҷониби дигар, инъикоси раванди бунёдкориҳову созандагиҳо, корномаи диловарони меҳнат дар пайвандии таносубии воқеияти ҳақиқӣ ва тасвироти тахайюлӣ шакл гирифтааст. 
Солҳои ҳаштодум, бахусус нимаи дуюми ин даҳсола, ки дар таърих бо номи «Бозсозии горбачевӣ» машҳур аст, руҳияи худшиносӣ ва бедории нашрия боло рафта, бештар матолиберо интишор намудааст, ки барои боло бурдани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии ҷомеа фазои созгорро фароҳам оварданд. Бахусус, интишори мақолаҳои  Муҳаммадҷон Шукуров, Лоиқ Шералӣ, Кароматулло Мирзоев,  Мутеулло Наҷмиддинов, Уктам Холиқназар, Муҳсин Умарзода ва дигарон доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи худшиносии миллӣ, хоса  мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ  фавқулода пурарзиш ва ҷолиб буда, дар равшан сохтани моҳияти масъала ва дарку фаҳми дурусти он таъсири мусбат гузоштаанд.  
Пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  ҳам аз ҷиҳати фосилаи чоп ва ҳам аз нигоҳи мазмуну муҳтавои матолиб, тадриҷан рушд карда, расман ва амалан рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ будани худро собит сохт. Имрӯз ин нашрия ҳафтае панҷ маротиба ва бо теъдоди зиёда аз панҷоҳ ҳазор нусха чоп мешавад. Мундариҷаи он танҳо бо интишори маводи расмӣ, фаъолияти Ҳукумати кишвар, муҳокимаву баррасии қонунҳо ва оммавӣ гардондани онҳо маҳдуд нагардида, масъалаҳои муҳими фарҳангиву инсонгароӣ, бавижа худшиносиву ҳувиятхоҳонаро фаро мегирад.
Ҳамин тавр, нашрияи «Ҷумҳурият тули 100 соли нашри худ ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати кишвар, инъикоси муҳимтарин ҳаводиси рӯз, таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами давру замон, тасвири чеҳраҳои кору пайкор, инсонҳои ҷӯяндаву созанда ва амсоли ин таваҷҷуҳ намуда, ба ин васила, дар таъмини иттилоотии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии мардум, бедории ҳисси миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандиву вазифавии афроди худогоҳи кишвар нақши муҳим гузоштаву мегузорад. Тавассути муҳтавои ин нашрия мардум сари вақт аз амру фармонҳои Сарвари ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумат ва моҳияти қонунҳои қабулкардаи парлумони кишвар огаҳӣ пайдо кардаанду мекунанд. Ҳамчунин, ин нашрия минбари муҳим ва имконпазири ироаи марому мақсади Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, дуруст сарфаҳм рафтан ба моҳияти асосӣ ва татбиқи он маҳсуб меёбад.
Солҳои аввали пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо таъсири омилҳои гуногуни ба ҳамагон маълум матбуоти даврии тоҷик мисли соҳаҳои дигар ба буҳрони сиёсиву молӣ дучор гардид. Ин омил таъсири худро ба нашрияҳои гуногун, аз ҷумла ба рӯзномаи «Ҷумҳурият», расонд. Тадриҷан, чопи рӯзмарраи он халалдор гардид; рӯзномае, ки ҳар рӯз (ба истиснои рӯзи якшанбе) интишор мегардид, ба ҳафтанома мубаддал шуд. Гоҳо ҳафтае 2 маротиба, солҳое дар як ҳафта се маротиба интишор гардид. Теъдоди нашри рӯзнома ва шеваи паҳн кардани он низ чандон қонеъкунада набуд. 
Воқеан, дар даҳсолаи аввали истиқлолият, ки нашрия имкони чопи мунтазамро надошт, албатта, наметавонист ба масъалаҳои гуногун таваҷҷуҳ кунад, доираи мавзуъҳояшро васеъ ва рангоранг гардонад. Бо вуҷуди ин, нашрия фаъолияташро идома дода, дар инъикосу баррасии муҳимтарин масоили рӯз ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати иҷтимоии мардум ҳамеша талош кардааст. 
Ин мушкилот баъдтар, тадриҷан ҳал гардид. Фосилаи чопи он дар як ҳафта ба 5 шумора расонда шуд. Барои нашрия имкон фароҳам омад, ки бо инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мундариҷаашро рангоранг гардонад. Ҳамчунин, ҳамкории нафарони касбу кори гуногун: рӯзноманигорону публитсистон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон, адибону омӯзгорон, коршиносону масъулини мақомоти давлатӣ ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар инъикоси ин ва амсоли ин масъалаҳо аз чанд ҷиҳат ҳам барои нашрия ва ҳам барои хонандагони он манфиатбор аст. 
Дар баробари ин, ороиш ва шакли рӯзнома низ то андозае дигаргун шуд; ҳаҷми маводи мавриди инъикос нисбатан хурд ва замонавӣ гардид; рубрикаҳои гуногун таъсис ёфтанд ва рубрикаҳои алоҳида хусусияти доимӣ пайдо карданд;  доманаи мундариҷаи нашрия васеъ, рангоранг ва ба талаботи хонанда мувофиқ шуд; жанрҳои публитсистикаи бадеӣ, ки солҳои пеш то андозае ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав мавқеъ пайдо карданд. Дар маҷмуъ, мундариҷаи нашрия ба мароми он – ба хонанда расондани ахбори дурусту санҷида, ба мардум аз рушди ҷомеа, беҳбуди зиндагонии ҳамдиёрон ва таҳкими дӯстиву рафоқат нақл намудан,  мувофиқ гардид. Болотар аз ин, мазмун ва мундариҷаи нашрия хусусияти соф миллӣ пайдо кард.
Мундариҷаи нашрияи «Ҷумҳурият» гуногуну фарох буда, масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва умуман, ағлаби ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ ва берун аз онро фаро мегирад. Муносибати нашрия ба воқеиёти иҷтимоӣ холисонаву касбӣ буда, фаъолияти он баҳри татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҳукумати Тоҷикистон равона шудааст. Ба ин маънӣ, ҷанбаи сиёсиву иҷтимоии мундариҷаи нашрияро самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумат, сулҳу ваҳдат, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, Паёму шодбошӣ ва суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, ифтитоҳи корхонаву муассисаҳо, вохӯриву мулоқотҳои Сарвари давлат бо коргарони иншоотҳои азим, зиёиён, аҳли маориф, фарҳангу дин, пешвоён ё намояндагони сиёсии мамолики хориҷӣ, ҳамкориҳои байналхалқӣ, хатарҳои ҷаҳони муосир, таҳдиди ҷиноятҳои трансмиллӣ, авзои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, мубориза ба муқобили гурӯҳҳои экстремистӣ, терроризм, манфиатҳои миллӣ, иртиботи дину ҷомеа ва амсоли ин ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, рӯзнома дар инъикоси моҳият, хусусият ва мақсаду вазифаҳои солҳои хоса, ки ҳар сол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ  пешниҳод мегардад, нақши бориз мегузорад.  Чунончи, нашрия дар соли 2024 ба Соли маърифати ҳуқуқӣ махсус таваҷҷуҳ намуда, бо интишори матолиби зиёд, аз як тараф, дар фаҳму дарки моҳияти маърифати ҳуқуқӣ, аз ҷониби дигар, дар боло бурдани дараҷаи маърифати ҳуқуқии мардум саҳм гирифт. 
Нашрияи «Ҷумҳурият» дар инъикоси раванди сулҳоварӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ ва гиромидошти ин санаи муҳими таърихӣ нақши бориз дорад. Ин нақш бо шарҳу тавзеҳ ва баррасиву маънидоди  арзиши ваҳдати миллӣ, кӯшишу талошҳо ва ҷоннисориҳои афроди ватандӯст дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат, зарурат ва аҳамияти бештар пайдо кардани руҳияи ваҳдатсозӣ дар замони муосир ва амсоли ин сурат мегирад. 
Нашрия ба воқеиятҳо ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти иқтисодӣ низ таваҷҷуҳ намуда, дар баробари таҳлилу баррасии омилҳои такондиҳандаи иқтисодиёти кишвар: ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ, асос гузоштан ба бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, омилҳои буҳронии иқтисодиёти кишварро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
Ҳамин тавр, тарғиби сиёсат ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати кишвар, рушди илму маориф, фарҳангу ҳунар, саноат, хоҷагии қишлоқ, варзиш, беҳбудии муҳити зист, ҳаёти солим, эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ, ватанпарастиву меҳнатдӯстӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, поси хотири гузаштагону эҳтироми имрӯзиён ва амсоли ин  муҳтаво ва мундариҷаи асосии  нашрияи «Ҷумҳурият» тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд. 
Яке аз вижагиҳои нашрияи «Ҷумҳурият» тайи даҳсолаи охир ташкили рубрикаҳои озмунӣ ва шаклу шеваи ҷамъбасти озмунҳо аст. Нашрия дар гузарондани озмунҳои эҷодӣ ва ташкили рубрикаҳои озмунӣ таҷрибаи ғанӣ дорад ва қариб ҳар сол доир ба ин ё он мавзуъ озмун эълон мекунад. Аз ҷумла, ташкил ва баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ доир ба беҳтарин матлаби публитсистӣ дар хусуси корнамоиҳои қаҳрамонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, озмунҳо таҳти унвонҳои «Дуои модар», «Интеллект» (дар доираи саҳифаи «Шоми шанбе»), «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва маводи рубрикаи доимии «Рӯзгоре барои ибрат» боис гардида, ки нашрия, аз як тараф, дар бозшинохти кору пайкор ва талошҳои фидокоронаи фарзонафарзандони тоҷик дар бедории миллӣ, ҳисси инсондӯстӣ, миллатсозӣ  ва зиндагии шоиста ва сабақомӯзи афроди алоҳида иттилооти муфиду судмандро ба хонанда манзур намояд, аз сӯйи дигар, иртиботи  хонандагонро бо худ наздиктар гардонад.  
Нашрияи «Ҷумҳурият» аксарияти озмунҳои ҷумҳуриявиро бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ  ва иштироки сокинони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар  гузаронда, ба ин роҳ, онҳоро ба тантанаҳои ҷамъбасти озмунҳо шоҳид ва шарик мегардонад. Чунин шеваи кор на танҳо шуҳрати ғолибони озмунро миёни ширкаткунандагон меафзояд, балки таваҷҷуҳи мардумро ба рӯзнома зиёд гардонда, фазои хуби маърифативу фарҳангие ба вуҷуд меорад, ки дар боло бурдани ҳисси худшиносиву ифтихори миллии ҷавонон аз аҳамият холӣ буда наметавонад. Чунончи, дар ҷамъбасти озмуни «Интеллект», ки нашрияи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар таърихи якуми ноябри соли 2019 дар ин ноҳия баргузор намуд, аксари ғолибон иброз доштанд, ки маҳз «Ҷумҳурият» бо рубрикаҳои худ онҳоро рӯзномахон кардааст. 
Иқдоми дигари ин нашрия дар шакли маҷмуаҳои алоҳида бозчоп намудани маводи зери рубрикаҳои озмунӣ интишоргардида аст. Хусусан, маҷмуаи мақолаҳое, ки доир ба қаҳрамонони Тоҷикистон устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори нашрия дар шакли китобҳои алоҳида ба табъ расидаанд, на танҳо дар шинохти илмиву оммавии шахсиятҳои машҳури иҷтимоиву сиёсӣ ва эҷодии тоҷикон ба хонандагони рӯзнома иттилоот фароҳам овардааст, балки дар оянда низ барои дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас хидмат хоҳанд кард. 
Таъсиси саҳифаи «Шоми шанбе» ва саҳифаи махсус дар шабакаи интернетии ютуб метавон аз вижагӣ ва бартарияти дигари рӯзномаи «Ҷумҳурият» донист, ки дар самти бедории фикрии хонандагон нақши муҳим гузошта метавонад. Таъсиси чунин саҳифа дар матбуоти даврии тоҷик падидаи нав набошад ҳам, мундариҷа, шакл, таносуб ва ороиши матолиби он як навъ шеваи тоза аст. Матолиби ин саҳифа на танҳо инъикоскунандаи лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти дохилӣ, балки рӯйдодҳои дорои аҳамияти башариро низ фаро мегиранд. Дар маркази чунин матолиб мақоми инсон меистад, на халқияту миллати алоҳида. Инсоне, ки қобилияти фавқулода дорад, эҷодкору ихтироъкори беназир аст, кор ва маҳсули заҳматҳояш ба дигарон нафъ меорад.
Ҳамин тавр, нашрияи «Ҷумҳурият» тули фаъолияти худ, бахусус дар замони соҳибистиқлолии кишвар, дар инъикоси воқеиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ аз шаклу шеваҳои гуногун кор гирифта, дар оммавигардонии раванди татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар ва наздик намудани мардум ба ҳаёти иҷтимоӣ, фароҳам овардани фазои созгор дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳисси худшиносиву ҳувияти миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Натиҷаи таҳқиқоти сотсиологии Лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанг, ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» ва маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» дар соли 2023, ки бо мақсади муайян намудани дараҷаи истифодаи аҳолии кишвар аз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ гузаронда шуд, баланд гардидани эътибори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро собит намуд. Ин нашрия бо 34 %  серхонандатарин  рӯзномаи кишвар эълон шуд. 
Умуман, «Ҷумҳурият» ҳамчун Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи фаъолияти худ роҳи пурпечутоб ва шарафнокеро тай намуда, дар тарғиби ғояҳои пешқадами давру замон,   оммавигардонии қарору қонунҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар, талқини руҳияи ободкориву созандагӣ, муаррифии дастовардҳои кишвар, болобарии ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми муносиб дорад. Бошад, ки Нашрия дар инъикоси воқеиёт ва мушкилоти рӯз таҷрибаи гузаштаву имрӯзаи худро бо навгониҳои касбии замони муосир тавъам намуда, доираи фаъолияташро боз ҳам рангину пурсамар гардонад. 

Мурод МУРОДӢ, профессори ДМТ

Санаи нашр: 03.03.2025 №: 46
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив