ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН.  ҲАМКОРӢ БО КИШВАРҲОИ ҲАВЗАИ БАҲРИ ХАЗАР ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

ТОҶИКИСТОН.  ҲАМКОРӢ БО КИШВАРҲОИ ҲАВЗАИ БАҲРИ ХАЗАР ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

04 март 2025, Сешанбе
9
0


Охирҳои моҳи феврал дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сеюмин Форуми иқтисодии баҳри Хазар баргузор гардид. Дар ҷаласаҳои мавзуӣ ва пленарии Форум сарварони ҳукуматҳои кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар: сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, муовини аввали Президенти Эрон Муҳаммад Ризо Ориф, Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Хоҷамират Гелдимирадов, муовини Раиси Ҳукумати Россия Алексей Оверчук ширкат доштанд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ин ҳамоиш ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

МАЙДОНИ МУКОЛАМАИ ВАСЕИ РОБИТАҲОИ ГУНОГУНҶАНБА
Тибқи иттилои Акбари Годарӣ, мудири Созмони тавсеаи тиҷоратии Эрон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Россия, ҳадафи ҳамоиш таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию фаннӣ миёни кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар буда, ҷонибҳо бештар ба самтҳои тандурустӣ, энергетика, молия, сайёҳӣ, сармоягузорӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазарро ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои таҳримҳо ва афзоиши ҳаҷми тиҷорат ва транзит, рушди масирҳои нақлиётӣ, истифодаи муштараки захираҳои энергетикӣ, идоракунии устувори захираҳои баҳри Хазар ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ карданд. Онҳо мубодилаи таҷрибаро дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва зарурати рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ таъкид сохтанд.

НАҚЛИЁТ ВА ЭНЕРГЕТИКА САМТҲОИ АСОСИИ ҲАМКОРӢ
Маврид ба ёдоварист, ки аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ баҳри Хазар нақши маркази логистикиро дар Авруосиё иҷро менамояд. Аз ин лиҳоз, самти нақлиёт аз мавзуъҳои меҳварии Форум буд.  
Муҳаммад Отабак, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон, иброз дошт, ки барои тақвияти ҳамкориҳо кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар  метавонанд аз бандарҳои ҷанубии Эрон дар халиҷи Форс истифода баранд. Инчунин, кишвараш барои бунёди пойгоҳҳои логистикӣ дар ин минтақа омода аст. 
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷонибҳо ба рушди инфрасохтор, модернизатсияи долонҳои логистикӣ, бунёди паркҳои муштараки саноатӣ ва технологӣ, содагардонии амалиёти молиявӣ ва бонкӣ, долонҳои гумрукии «сабз» ва минтақаҳои муштараки озоди иқтисодӣ аҳамияти бештар дода, ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷониба ва бисёрҷонибаро тақвият мебахшанд.
Кишварҳои панҷгонаи ҳавзаи баҳри Хазар, ки аз захираҳои нафту газ бою аз ҷиҳати иқтидори энергетикӣ муқтадиранд, ба ҳамкорӣ дар бахши энергетика низ таваҷҷуҳ карданд.
Муовини вазири энергетикаи Россия Роман Маршавин гуфт, ки дар Россия яке аз вазифаҳои асосии муносибатҳои байни давлатҳои «Панҷгонаи Хазар» дар шароити кунунӣ таъмини амнияти энергетикӣ, ба таври васеъ истифода бурдани захираҳои энергетикӣ ва технологӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, минтақа барои рушди  ҳамкориҳо  дар  бахши  нафту газ, ҳамчунин, дар соҳаи энергетика, аз ҷумла манобеи барқароршавандаи энергия, дорои имконоти бузург аст.

ҲАҶМИ ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ ҲАВЗАИ БАҲРИ ХАЗАР 20 ДАРСАД АФЗУД
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамоиш   суханорнӣ намуда, иброз дошт, ки ҳоло минтақаи баҳри Хазар ба ҳайси яке аз марказҳои стратегӣ ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии кишварҳои минтақа ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Ба андешаи Сарвазири мамлакат, танҳо соли 2024 ҳаҷми гардиши  мол  байни Тоҷикистон ва кишварҳои ин минтақа наздики 20 дарсад афзоиш ёфта, дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ беш аз 40 фоизро ташкил медиҳад.
Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоишро ба рушди долони байналмилалии нақлиётии Хазар, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад, ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки 98 дарсади неруи барқи мо аз манбаъҳои таҷдидшаванда истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар «энергияи сабз» содирот намояд. Бо таваҷҷуҳ ба соҳаи саноат гуфта шуд, ки дар кишвар имкониятҳо барои  татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати химия, металлургия ва кишоварзӣ зиёданд ва дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон омода аст барои сармоягузорони кишварҳои ҳавзаи баҳри  Хазар шароити мусоиди ҳамкорӣ ва сармоягузориро фароҳам орад.
Дар идома Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳифзи муҳити зист ва ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуда, ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-30-юми майи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

ПЛАТФОРМАИ МУҲИМ БАРОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО
Кишварҳои минтақаи баҳри Хазар дар иқтисоди ҷаҳонӣ нақши муҳимро мебозанд. Минтақа пули пайвасткунанда миёни кишварҳои Шарқу Ғарб буда, аз рӯи захираҳои ҷаҳонии гази табиӣ, нафт, хром, уран, тилло ва руҳ мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Тақрибан 30 дарсади гандум аз кишварҳои ин ҳавза содирот  шуда, 40 дарсади алмоси саноатии ҷаҳон дар ин ҷо истеҳсол мешавад. 
Форуми иқтисодии кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар бори сеюм аст, ки баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки тули мавҷудияти худ Форум ба платформаи маъмул барои баррасии масъалаҳои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, логистика, сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист табдил ёфтааст. Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар метавон қадами устувор дар рушди иқтисодиёти кишвар номид. 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.03.2025 №: 47
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив