ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» аз 7 декабри соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024, №12, мод. 786) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар муқаддимаи қисм рақами «49582169» ба рақами «50562169» иваз карда шавад;
- дар муқаддимаи банди 1) рақами «35476300» ба рақами «36456300» иваз карда шавад;
- зербанди б) банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«б) воридоти ғайриандозӣ – 3448051 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби бозпас гардондани 980000 ҳазор сомонӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2011, №АП-1672 ҷиҳати сармоябарқароркунӣ ҷудо гардидааст;».
2. Дар моддаи 2:
- дар муқаддимаи қисм рақами «51591423» ба рақами «52571423» иваз карда шавад;
- дар банди 8) рақами «8406139» ба рақами «9386139» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 4 рақамҳои «21091186» ва «23011535» мувофиқан ба рақамҳои «22071186» ва «23991535» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
- дар муқаддимаи қисм рақами «21091186» ба рақами «22071186» иваз карда шавад;
- дар банди 7) рақами «2325742» ба рақами «3305742» иваз карда шавад.
5. Дар банди 8) моддаи 6 рақами «2907143» ба рақами «3887143» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 8:
- дар муқаддимаи қисм рақами «23011535» ба рақами «23991535» иваз карда шавад;
- дар банди 9) рақамҳои «4636938» ва «4061130» мувофиқан ба рақамҳои «5616938» ва «5041130» иваз карда шаванд.
8. Дар сатрҳои рамзҳои 09 ва RSE051 замимаи 2 рақамҳои «2907143» ва «2882488» мувофиқан ба рақамҳои «3887143» ва «3862488» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 феврали соли 2025, № 2156
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 26 феврали соли 2025, № 1585