ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ”: "САД СОЛИ БЕДОРИИ ФИКРИИ МИЛЛАТ"

“ҶУМҲУРИЯТ”: "САД СОЛИ БЕДОРИИ ФИКРИИ МИЛЛАТ"

05 март 2025, Чоршанбе
9
0


Бо ин ном дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс олимону устодони соҳаи рӯзноманигорӣ, намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, инчунин як гурӯҳ кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” иштирок ва суханронӣ карданд.

Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода гуфт: “Сарчашмаҳои адабӣ ва махзани матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ нишон медиҳанд, ки нахустшумораи “Ҷумҳурият” бо номи “Иди тоҷик”  15-уми марти соли 1925 ба нашр расида, аз шумораи дуюм исми “Бедории тоҷик”-ро гирифт. То 8-уми октябри соли 1928 бо унвони “Бедории тоҷик” рӯи нашр меомад. Рӯзнома дар он марҳалаҳои ҳассоси таърихӣ, ки барои миллати тоҷик ва забону таърихи он лаҳзаҳои сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар самте таҳоҷуми фарҳангӣ, забонӣ, сиёсӣ ва  идеологӣ  болои мағзи хасташудаи мардум ҷараён дошт, барои бедорӣ, рушди тафаккури миллии мардуми мо ва оммавигардонии андешаҳои давлатсозии тоҷикону тоҷикистониён хидмати арзишманди таърихӣ анҷом дод”.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба ёд овард, ки аввалин раиси ИЖТ баъди таъсиси он дар соли 1959 Аминҷон Шукӯҳӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи “Ҷумҳурият”, баргузида шуда буд. Ӯ ҳамзамон, сармуҳаррир ва раиси ИЖТ маҳсуб меёфт.
– Дар  солҳои  минбаъда ҳам собиқ  сармуҳаррирони ин  рӯзномаи  бонуфуз Ашӯр Ҳалимов, Ғоиб  Қаландаров ва Шодӣ Саид роҳбарии иттифоқи моро бар дӯш доштанд ва ин аз таъсиргузор, мутахассиспарвар ва муҳим будани ин ҷаридаи садсола паём мерасонад. Яъне, рӯзнома на танҳо нахустин ҷаридаи матбуоти Тоҷикистон аст, балки аз муассисон ва пешбарандагони фаъолияти ИЖТ мебошад, – афзуд Зинатулло Исмоилзода.
Қироншоҳ Шарифзода, устоди ДМТ ба солномаи “Ҷумҳурият” дар давоми як аср руҷуъ карда, изҳор дошт: “Рӯзномаи  «Ҷумҳурият» пайи фаъолияти садсолаи худ, бе танаффус интишор гардида,  на танҳо дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва хориҷ аз он пешсаф будааст, балки ҳамчун мактаби рӯзноманигорӣ, аз як тараф, дар тарбияи рӯзноманигорони касбӣ, аз ҷониби дигар, дар шаклгирии кори газетасозӣ нақши муассир доштааст”.
Профессори ДМТ Мурод Муродӣ инъикоси воқеаву рӯйдодҳои солҳои ҳаштодум, бахусус нимаи дуюми ин даҳсоларо, ки дар таърих бо номи «Бозсозии горбачевӣ» машҳур аст, таҳлил карда, гуфт: “Дар ин солҳо руҳияи худшиносӣ ва бедории нашрия боло рафта, бештар матолиберо интишор намудааст, ки барои боло бурдани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллии ҷомеа фазои созгорро фароҳам оварданд. Бахусус, интишори мақолаҳои  Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Кароматуллоҳи Мирзо, Мутеулло Наҷмиддин, Уктами Холиқназар, Муҳсин Умарзода ва дигарон доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи худшиносии миллӣ, хоса  мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ,  фавқулода пурарзиш ва ҷолиб буда, дар равшан сохтани моҳияти масъала ва дарку фаҳми дурусти он таъсири мусбат гузоштаанд”.
Наргис Усмонова, мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ, ба фаъолияти чандрасонаии   рӯзномаи “Ҷумҳурият” пардохта, талоши кормандони онро мусбат арзёбӣ намуд. Аз ҷумла гуфта шуд: “Таҳаввули матбуоти даврӣ дар шароити ташаккули журналистикаи чандрасонаӣ  ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ бетаъсир набудааст. Зеро рӯзнома бо таъсиси сомона, саҳифа ва гурӯҳи худ дар Фейсбук ва ютубканали худ хонандагонашро огоҳтар ва бештар ҷалб кард. Аввалҳо дар сомона танҳо мақолаву хабарҳо гузошта мешуданд, ҳоло баъди бозбинӣ саҳифаҳои сомона бо аксҳо, наворҳо пур мешаванд, ки, албатта, аз воридшавии рӯзнома ба фазои нав башорати хубест. Ҳатто баъзе хабару гузориш ва суҳбатҳо танҳо дар рӯзнома ва сомона боқӣ намонда, тавассути видеоҳои дарозу кӯтоҳ тарғиб мешаванд ва ба ҷолибу диққатангезии кори ҷарида таъсири неке доранд”.
Корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳмонзода аз нахустин ташкилкунандагони рӯзнома ёд кард.“Мо - муҳаққиқони ҷавон, - гуфт ӯ, вазифадорем, ки шумораи нахустини рӯзнома – “Иди тоҷик” ва чанд шумораи баъдии “Бедории тоҷик”-ро ёбем ва донем, ки рӯзномаи миллӣ дар чи шароит ва бо чи андоза мушкилӣ таъсис ёфта. Муассисони он бо чи ранҷ қарзи фарзандии худро дар назди миллат адо карда, чопи ин рӯзнома бо таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон  то чи андоза ҷонпайванд аст”.
Дар Конфронс хулоса шуд, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” пайваста барои инъикоси воқеаҳои муҳими дохиливу хориҷӣ, пеш бурдани сиёсати даври Тоҷикистон, таҳкими дӯстии халқҳо, сафарбар намудани мардуми кишвар барои сохтмони иншоотҳои бузург ва пешбурди илму маориф ва фарҳанги миллӣ нақши таърихӣ дошт ва дорад.
Як гурӯҳ олимон пешниҳод карданд, ки дар асоси шумораҳои дар сад сол чопшудаи рӯзнома китобҳои алоҳида нашр шаванд, китобҳои чопкардаи идораи рӯзнома, шумораҳои вижаи рангин ва озмунҳои гузарондаи он ба доираи васеътари пажӯҳиш кашида шаванд.
Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, сардори шуъбаи ахбори рӯзнома ба ташкилкунандагони Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавии “Ҷумҳурият”: "Сад соли бедории фикрии миллат" дар садри директори Китобхона, бавижа кормандони шуъбаи матбуоти даврии КМТ аз номи роҳбарияти “Ҷумҳурият” сипосгузорӣ намуда, ба хазинаи китобхона як даста вижаномаҳо ва китобҳои дар солҳои гуногун чопкардаи ҳайати таҳририяи рӯзномаро супурд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.03.2025 №: 48
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив