ТОҶИКИСТОН.  МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИСТ

05 март 2025, Чоршанбе
15


Ҳарчанд имрӯз дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат ва дастгириву пуштибонии мардуми сулҳпарвару ваҳдатпешаи кишвар дар сарзаминамон суботу оромӣ ва сулҳу озодӣ ҳукмрон аст, вазъи ноорому равандҳои пуртазодду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсию иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Албатта, ин ҳолат беш аз ҳарвақта масъулиятшиносии ҳар фарди солимақли кишварро дар роҳи ҳифзу арҷгузорӣ ба фарҳанг, забон, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ бо ҳисси баланди инсондӯстиву меҳанпарастӣ тақозо менамояд.
Татбиқи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 зимни мулоқот, ки 27-уми феврали соли 2025 дар ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кормандони гумруки раёсати минтақавии фурудгоҳ дар шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, шуъбаи назорати сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ, шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти бехатарии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо мусофирони хатсайрҳои Федератсияи Россия вохӯрӣ гузаронда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба сатҳи донистани забони русӣ, мақсади сафарашон ба Федератсияи Россия, мавҷудияти ҷойи кор ва манзили муваққатӣ дар давлати будубош ҳамсуҳбат шуданд.
Зикр гардид, ки экстремизм ва терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ва вабои аср буда, ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Ҳадафи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ноором сохтани давлат ва ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки шаҳрвандони кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъол бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ талош варзанд.
Дар рафти вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки фарҳанги истифодаи интернет таҳти назорат қарор гирад ва аз мутолааву паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ худдорӣ гардад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»



ХАТЛОН. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ-2025 
Вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Ҳукумати кишвар ва Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматкашони вилоят аҳлона меҳнат намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд. 
Дар соли рафта ва ду моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 72 ҳазор ҷойи нави корӣ дар 330 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардида, 6100 нафар шаҳрванд ба шуғл фаро гирифта шуд. Соҳибкорони ватанӣ 1325 биною иншоот, корхона, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ғайраро ба маблағи 479,1 млн сомонӣ мавриди истифода доданд.
Дар доираи нақша-чорабиниҳо ба Ҷашни Наврӯз-2025 бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ идома дошта, танҳо дар рӯзи якум беш аз 15 ҳазор ниҳоли  сояафкан шинонда шуд. Боиси зикр аст, ки дар соли сипаригашта дар вилоят дар майдони 287 га боғу токзорҳои нав бунёд гардиданд. 
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон, дар мавзеи сайёҳии Чилучорчашмаи ноҳияи  Носири Хусрав ва Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён ҳашарҳои мардумии ниҳолшинонӣ баргузор гаштанд. Тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, яхобмонӣ ва дар хатти тайёр гузоштани тамоми техникаи кишткунанда ба кишти пунбаи зери плёнка дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Ёвон ва Носири Хусрав, ки минтақаҳои нисбатан гармтар ба ҳисоб мераванд, омодагиҳо бо ҷалби механизаторон идома доранд. Дар назар аст, ки имсол дар зиёда аз 9 ҳазор га пумбадона зери плёнка кишт мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ то ин дам ҳолати мелиоративии 3179 гектар замин беҳтар гардонда шуда, аз ҷумла 790 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, ба гардиш ворид гашт. 
Бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар вилоят то ин дам дар 1387 га гармхонаҳо кишти сабзавоти барвақтӣ ба анҷом расида, деҳқонони асили ноҳияи Вахш меваи хуштаъми қулфинайро ба бозорҳои Ҳоҷӣ Шариф ва «Фаровон» бароварданд. 
Дар доираи омодагиҳо ба Наврӯзи хуҷастапай бо ибтикори раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар ҳамаи 25 шаҳру  ноҳияҳо озмуни вилоятии «Сад ранги чакан» идома дошта, бонувон зери шиори «Мо тоҷикона мепӯшем!» либосҳои миллии худро ба намоиш мегузоранд ва аз он ифтихор доранд.                  
Музаффар МУРОДОВ, 
корманди дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Санаи нашр: 05.03.2025 №: 48