ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА АРЗИШҲОИ БУНЁДИИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА АРЗИШҲОИ БУНЁДИИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ

06 март 2025, Панҷшанбе
20
0


Пешвоён, ки сиёсати худро дар асоси манфиатҳои миллӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа эҷод мекунанд, на танҳо нақши роҳбари давлатро мебозанд, балки ба шаклгирии идоракунии давлат ва роҳҳои рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таъсир мегузоранд. Таъсири образи сиёсии шахсиятҳо ва пешвоён дар инкишофи давлат муддатҳо боқӣ мемонад, ки бевосита дар таҳкими мавқеи сиёсӣ ва миллии ин ё он давлат муассир мебошад. Ба ин васила, сиёсатофаринӣ ва принсипҳои давлатдории онҳо барои таърихи миллатҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Ба таври мисол, номгӯи пешвоёни сиёсӣ ва шахсиятҳое, ки дар рушди давлатдорӣ нақши муассир доштаанд, бе Маҳатма Ганди (пешвои сиёсӣ дар муборизаи истиқлоли Ҳинд аз Британияи Кабир), Абраҳам Линколн (пешвои наҷотбахш ва озодкунандаи ғуломӣ дар Амрико, қаҳрамони миллии Амрико) ва садҳо дигарон ҳеҷ гоҳ пурра намешавад. Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми махсус доранд. Дар таърихи муосири Тоҷикистон номи Эмомалӣ Раҳмон бо рушди миллат ва давлатдории миллӣ пайваст аст. 
Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар асоси таҷрибаи давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ ба миён омадааст, ки аз ду асл ё асоси муҳими давлатдорӣ: сулҳ ва ваҳдат иборат мебошад. Ин принсипҳо ба сифати рамзи давлатдории тоҷикон дар ҷаҳони муосир эътироф мешавад. Ин мактаби бузург ба таҳкими сулҳ ва баҳамоии ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, ягонагии тамоми миллат, таъмини амният ва рушди ҷомеа имконият фароҳам оварда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар муддати кӯтоҳ ба як кишвари ташаббускор ва заминагузори тарҳҳои рушди глобалӣ табдил дод. 
Таърих ба ин амр муҳри ҷовидона хоҳад зад, ки дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлол ва суботу амният, муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон Пешвои миллат нақши ҳалкунандаву мондагор доранд. Воқеан, шахсиятҳои бузург дар таърихи ҳар кишвар ғояҳои дурусту навро барои беҳбуд ва тараққиёти ҳазорсолаи минбаъдаи миллат эҷод мекунанд. Ин ҳолат, асоси сиёсӣ ва бунёди ғоявии давлатдории Пешвои миллати мо мебошад, ки дар баробари дигар арзишҳои давлатдорӣ шахсиятҳои ворастаро ба саҳнаи сиёсат ворид карданд. Гузашта аз ин, ҷиҳати рушди шахсиятҳо ва таҳкими неруи инсонӣ дар тамоми соҳаҳои инкишофи давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ низ асос гузоштаанд.
Ҳоло фаъолияти пурсамари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки мабдаи фаъолияти сиёсии мавсуф аз ҷавҳари пайкори сиёсӣ ва ғоявии мактаби давлатдории Пешвои миллат сар задааст, далели ин гуфта буда метавонад. 
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси шаҳри Душанбе бо роҳандозии лоиҳаҳои хурду бузург ва равандҳои ҷадид, кӯшиш мекунад, ки иқтисоди кишвар ва шаҳри Душанберо устувор гардонад. Дар даврони роҳбарии ӯ, Душанбе ба як маркази муҳими маъмуриву ҳамоишӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, шаҳри ҳамгироиҳои фарҳангиву тамаддунӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ табдил ёфтааст, ки бо шабакаи модернизатсионӣ, инфрасохтор, сохтмони роҳҳои нав, рушди соҳаи коммуналӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум рушд мекунад.
Сиёсатмадори ҷавон бо таваҷҷуҳи хосса ба тарбия ва таълим, тавассути амалигардонии лоиҳаҳои илмию таълимӣ ва роҳбарӣ дар соҳаи маориф кӯшиш мекунад, ки имкониятҳои беҳтари таҳсил ва рушди шахсиятҳо барои ҷавонон фароҳам оварда шавад. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои иҷтимоии муосир дар пойтахти азизамон – ҳама самтҳои асосии кори Рустами Эмомалӣ дар такмили сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба хотири татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ба принсипҳои давлатдорӣ, ки асосан ба устувории сулҳ, ваҳдат ва рушди иқтисоди миллӣ асос ёфтаанд, содиқ аст. 
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар солҳои охир барои рушди хидматрасониҳои электронӣ ва тарифҳои замонавӣ дар соҳаи маъмурият кӯшиш мекунад, ин роҳро барои расидан ба мақсадҳои таҳкими идоракунии давлат ва рушди ҳамкориҳои кишвар бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ равона кардааст. Корбурди системаҳои иттилоотии муосир ва истифодаи технологияҳои навин барои огоҳии мардум, таъмини шаффофият дар идоракунии давлатӣ, яке аз мақсадҳои асосии раиси шаҳри Душанбе мебошад. Технологияи рақамӣ метавонад, раванди коркард ва қабули қарорҳоро бештар самаранок ва  шаффоф  созад,  ки  дар  ин замина ташаббусҳои Рустами Эмомалӣ шоистаи таҳсину истиқбол аст. 

Диловар САИДЗОДА, 
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи 
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои сиёсӣ

Санаи нашр: 06.03.2025 №: 49
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив