ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД!

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД!

06 март 2025, Панҷшанбе
32
0


Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми зан-модар дар меҳвар қарор дорад. Албатта, ин бесабаб нест, зеро зан-модар, пеш аз ҳама, метавонад дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим бозида, тавассути иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат намояд. Мавқеи занон, махсусан дар соҳаи илму маориф, муҳим буда, онҳо дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузоранд.
Фаридун Кенҷаев, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар суҳбат андешаҳояшро чунин баён дошт:
– Нақши зан-модар дар рушди соҳаи илму маориф бо чанд сабаб аҳамияти хосса дорад. Нахуст, ҷиҳати ташаккули насли оянда. Модарон дар тарбияи фарзандон, аз ҷумла талқин ба таҳсилу донишандузӣ нақши калидӣ доранд. Дастгирӣ ва рӯҳбаландии модар метавонад кӯдаконро барои таҳсил ва соҳибихтисос шудан ҳавасманд намояд. Дуюм, модарон метавонанд барои фарзандон намунаи ибрат бошанд ва дар симои худ собит созанд, ки кор дар соҳаи муҳими иҷтимоӣ, яъне маориф ва илм ниҳоят муҳим ва аз ҷониби дигар дастрас мебошад. Ин, махсусан ба духтароне дахл дорад, ки мехоҳанд дар оянда омӯзгор шаванд. Сеюм, эҷоди муҳити мусоид барои камолоти фарзанд. Модарон бо фароҳам овардани дастрасӣ ба китобҳо, маводи таълимӣ метавонанд дар хона чунин як фазои мусоидро муҳайё созанд. Чорум, муҳим будани нақши зан-модар дар рушди соҳаи маориф бо риояи мувозинати кор ва оила. Маҳз, модаронанд, ки аз рӯи таҷриба ва тақозои рӯзгор аксар ҳолат фаъолияти касбиро бо масъулиятҳои хонаводагӣ муттаҳид мекунанд. Чунин масъулиятшиносӣ метавонад ба рушди идоракунии вақт дар замири фарзандон мусоидат намояд. Ба омили панҷум дастгирии ташаббусҳои таълимиро метавон ном бурд. Чунки занон метавонанд дар роҳандозии ташаббусҳо ва тарҳрезии барномаҳои таълимӣ иштирок намоянд, ки ин раванд ба беҳтар шудани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат мекунад.  
Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 33 соли истиқлоли давлатӣ зиёда аз 280 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд. Натиҷа ин аст, ки имрӯз фоизи бештари кормандони соҳаи маорифро бонувон ташкил медиҳанд. 
Омили дигари муҳим дар фаъолнокии бештари зан-модар роҳандозии стратегияи баробарии гендерист, ки аз ҷониби Ҳукумат бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа таҳия ва амалӣ мешавад. Дар стратегияи мазкур тадбирҳои дастгирии занон дар тайёрии касбӣ ва илмӣ пешбинӣ шудааст, ки дар самти мавриди назар нақши муҳим бозида метавонад. 
Ислоҳот дар соҳаи маориф низ ба беҳтар намудани дастрасии духтарону занон ҳам ба таҳсилоти асосӣ ва ҳам олӣ равона карда шудааст. Барномаи давлатии рушди илм бошад, барои ҳавасмандии занон ҷиҳати иштирок дар тадқиқоти илмӣ ва лоиҳавӣ нигаронда шуда, аз ҷумла дастгирии молиявиро дар бар мегирад. Барномаҳои ёрии байналмилалӣ низ ҳаст, ки дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои хориҷӣ ба даст меоянд ва асосан ба дастгирии занон дар соҳаи илм ва маориф нигаронда шудаанд. 
Ин ва далелҳои дигар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки воқеан, занон дар рушди илму маориф нақши асосӣ мебозанд, зеро онҳо на танҳо худ илму маърифат меомӯзанд, балки онро ба дигарон интиқол медиҳанд. 
Зан-модар сарчашмаи асосии тарбияи насли башар буда, ҷомеаи босаводу солим, пеш аз ҳама, ба сатҳи донишу маърифати ӯ вобастагӣ дорад. Чунки тарбияи аввалу машқи илмомӯзиро ба кӯдак маҳз модар медиҳад. Устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.03.2025 №: 49
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив