ФАРҲАНГ. НАҚШИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҲИФЗИ ТАЪРИХ ВА ҲУВИЯТ
Ҷашнҳои миллӣ на танҳо анъанаи фарҳангӣ, балки василае барои пос доштани арзишҳои миллӣ ва ҳимоя аз таҳрифоти таърихӣ мебошанд. Агар мо онҳоро фаромӯш кунем, хатари аз даст рафтани хотираи таърихии мо вуҷуд дорад. Ҳамзамон, имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки шахсиятҳои бузурги таърихии моро ба дигар миллатҳо нисбат медиҳанд. Ин бозгӯйи он аст, ки ҳақиқати таърихро бояд ҳифз ва бештар талқин кард.
НАВРӮЗ – ҶАШНЕ, КИ ТАЪРИХРО БО ФАРҲАНГ МЕПАЙВАНДАД
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки решаҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихӣ дорад. Он рамзи эҳёи табиат, ваҳдат ва эҳтиром ба суннатҳои гузаштагон мебошад. Аммо бо вуҷуди ин, баъзан мешунавем, ки иддае мегӯянд: "Чаро барои ҷашн гирифтани Меҳргон, Сада ё Тиргон ин қадар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад?". Ин бештар аз он шаҳодат медиҳад, ки дарки амиқи маъно ва аҳамияти ин ҷашнҳо ҳанӯз ҳам дар ҷомеа пурра шакл нагирифтаанд. Воқеан, гиромидошти ҷашнҳои миллӣ танҳо як шеваи зебо нест, балки роҳи мустаҳками ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пайванди мо бо таърихи пурифтихори хеш аст.
НАҚШИ ТАЪРИХ ВА ТАҲРИФОТИ ОН
Дар ҷаҳони имрӯза, вақте ки сухан дар бораи шахсиятҳои бузурги таърихӣ меравад, мо мебинем, ки баъзе кишварҳо кӯшиш мекунанд онҳоро ба худ нисбат диҳанд. Масалан, чанде пеш дар як мақолаи CNN, олимони барҷастаи тоҷику форс, ба мисли Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ ва Ал-Берунӣ, ки бо илми худ ҷаҳонро рӯшанӣ бахшидаанд, ба миллати дигар нисбат дода шуданд. Ин нишон медиҳад, ки агар мо ҳақиқати таърихро ҳифз накунем ва мавқеи худро дар ин масъала фаъолона изҳор надорем, онро дигарон метавонанд таҳриф кунанд.
НАҚШИ ИНТЕРНЕТ ДАР ҲИФЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз дар фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли Инстаграмм, ҳар кас метавонад ҳар гуна иттилоотро паҳн кунад, ки на ҳамеша дуруст аст. Дезинформатсия (иттилооти бардурӯғ) дар ин фазо метавонад боиси таҳриф шудани таърих гардад. Барои муқобилият бо ин, саҳифаҳои зиёде мавҷуданд, ки маҳз барои ҳифзи таърихи тоҷикон хизмат мекунанд. Дастгирии мо – ба мисли обуна шудан, шарҳ навиштан ва паҳн кардани маводҳои онҳо – хеле муҳим аст. Ба ин хотир, таҷлили Ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои миллӣ на танҳо як анъана, балки як амри зарурӣ барои ҳифзи таърих ва ҳувияти миллии мост. Танҳо бо эҳтиром ба таърих ва пос доштани ҷашнҳои миллии худ мо метавонем фарҳанг ва гузаштаи худро барои ояндагон ҳифз намоем.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”