ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗНОМАИ МАН ВА МО

РӮЗНОМАИ МАН ВА МО

06 март 2025, Панҷшанбе
13
0


Аз солҳои омӯзгорӣ ба рӯзномаи дӯстдоштаам – “Ҷумҳурият” обуна мешудам ва расидани ҳар шумораи навбатиашро бесаброна интизорӣ мекашидам. Хаткашон Ёрмамад Ниёзмамадов, (ӯро аҳли деҳа бо навозиш “Ёрик” мехонданд) аз дарвозаи мактаб ҳанӯз надаромада, мужда медод: “Акои Раҳмон, газетаатро бигир, имрӯз фақат “Ҷумҳурият” овардам. Туро надида равам, ба бало мемонам”,– гуфта, шӯхӣ мекард ва рӯзномаи дӯстдоштаамро ба дастам медод. 

Ана аз ҳамон давраҳо, балки пештар, вақте дар мактаби миёна мехондам, ба рӯзнома як муҳаббат доштам. Гоҳ-гоҳ устод Шоҳзода Муҳаммад Шерзодшо, хабарнигори рӯзнома, ки он вақт “Тоҷикистони советӣ” ном дошт, меҳмони хонадони мо мешуд ва бо падарам то бевақтии шаб, дар ҳар бобат баҳс меоростанд. Баъзан ба маҳфил Назардод Ҷонбобоев, хабарнигори рӯзномаи “Коммунист Таджикистана”, Амирбек Абибов, Карамшо Додихудоев, кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иззатулло Ҳаёев, раиси комиҷроияи вилоят, Саидамир Мамадсаидов, котиби кумитаи шаҳрии ҳизб ва дигар шахсони барӯманди диёр, ки ба адабиёт, фалсафа ва матбуоти давр рағбат доштанд, ҳамроҳ мешуданд ва суҳбаташон то дергоҳ давом меёфт. Ин маҳфилҳо шавқу ҳаваси маро ба каломи бадеъ бедор карданд. 
Баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе бо хоҳиши падарам ба деҳа баргаштам, омӯзгори мактаб будам, вале аз рӯзномаҳо алоқаамро намекандам. Мақолаҳоям дар рӯзномаи вилоятии “Бадахшони советӣ” чоп мешуданд. Соли 1986 маро ба рӯзномаи навтаъсиси ноҳиявии “Коммунисти Шуғнон” ба кор даъват карданд. Дар ҳамон солҳо дар бораи як ҳодисаи аҷиб – дар як деҳаи дурдасте пайдо шудани махлуқи афсонавие, ки ба чашм наменамуду вале овози махсусаш аз мавҷуд будани он дарак медод, матлабе навиштам. Онро дар саҳифаи рӯзномаи маҳаллӣ ҷой доданд. Рӯзи дигар бинам, дар саҳифа нест, бо дастури “боло” аз саҳифа бардоштаанд. Кори мо бо кумитаи шаҳрии ҳизб ба ҷанҷол кашид. Ман мақолаамро гармогарм ба рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” фиристода будаму вай чоп шуд. Устод М. Шерзодшоев, хабарнигори вақти рӯзнома, аз ҷумлаи он чанд нафаре буд, ки маро барои чопи мақолаи мароқангез дар саҳифаи рӯзномаи бонуфузтарини ҷумҳурӣ табрик намуд. Баъди ин муҳаббатам ба ин нашрия даҳчанд афзуд. 
Соли 1994 котиби матбуотии раиси вилоят будам, 13 сол чун раиси деҳоти калонтарини ноҳия кор кардам, вале мақолаҳоям дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ чоп мешуданд. Дар ин миён ҳодисае шуд, ки хатти ҳаёти маро ба “Ҷумҳурият” батамом пайваст. Соли 2012 дар шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” роҳбарияти идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои ишғоли вазифаи хабарнигори нашрия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон дод. Ман гӯё ҳаминро интизор будам, ки рӯзи дигар ҳолнома ва чанд мақолаамро барои намуна тариқи факс, ба нишонии “Ҷумҳурият” равон кардам. Ҳафтаи дигар аз идораи рӯзномаи тариқи телефон даъват карданд, ки ба пойтахт оям. 
Сармуҳаррир Камол Абдураҳимов маро хуш қабул кард. “Мақолаҳоятро хондам, маъқул, дасти қалам дорӣ, навис, аз пешрафти Бадахшон дар замони истиқлолият, доир ба ислоҳи камбудиҳо масъалагузорӣ кун.“ Вақте ки аввалин мақолаам чун рӯзноманигори махсуси “Ҷумҳурият”дар саҳифаи аввал ба нашр расид, хурсандиам ҳадду канор надошт. Муовини сармуҳаррир Ато Мирхоҷа телефон карду табрик намуд. Баъдан устод Муҳаммад Ғоиб, сармуҳаррири вақти нашрия, мақолаам “Ғамро кӣ садо дод, балоро кӣ хабар кард”-ро хонда истода, ба ман барои ин мақола изҳори миннатдорӣ кард, ки сарам ба осмон расид. 
Аз он рӯзҳо, аллакай, 13 сол сипарӣ мешавад. Дар ин миён аз мактаби касбии сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода, аз лабораторияи эҷодии устодон Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Абдулқодир Раҳим, Додоҷон Рӯзиев ва дигар ҳамкорони сухандон таҷриба андӯхтам. Ба баракати “Ҷумҳурият” ва дастгирии устодон дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки солҳои охир бо ибтикори ин нашрия роҳандозӣ мегарданд, сазовори ҷойҳои аввалу дуюм, нишонҳои Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, медали ҷашнии “100-солагии матбуоти тоҷик” гардидам. Фикр мекунам, дарвоқеъ ҳам, рӯзномаи “Ҷумҳурият” мактаби таҷрибаи пешқадам дар соҳаи журналистикаи тоҷик мебошад, ки дар тули 100 соли фаъолияташ ҳазорҳо қаламбадастони пурқувватро тарбия намудааст. “Ҷумҳурият” имрӯз ҳам рисолати худ – тарбияи кадрҳои ҷавонро бо камоли масъулият ва сарбаландона ба ҷо меорад. 

Раҳмони ГУЛЗОР,
 “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.03.2025 №: 49
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив