ШОМИ ШАНБЕ
АМАЛИ ХОЛИС
Худованд ба ҳазрати Мӯсо чӣ гуфт?
Ҳазрати Мӯсо дар кӯҳи Тур машғули муноҷот буд, ки Худованд фармуд:
– Эй Мӯсо, то кунун чӣ амали холисе анҷом додаӣ?
– Намозу дуо хондам, рӯза гирифтаму зикри Туро ҳамеша мегӯям!
– Намозе, ки мехонӣ, барои убур аз пули сирот аст, рӯзаи ту монанди сипар муҳофизи ту аз оташ. Зикр гуфтани ман ҳам мӯҷиби афзоиши дараҷаи ту дар биҳишт аст. Ҳамаи инро барои худат анҷом додаӣ, на барои ман ва ин амалҳои ту холисона набуда.
– Пас, эй Худованд, барои ман амале омӯз, ки фақат барои худат бошад, – гуфт ҳазрати Мӯсо.
Дар ҳамин ҳол, хитоб омад, ки ташнаеро сероб кун, бараҳнаеро бипӯшон, ситамдидаеро ёрӣ кун, ба олимон эҳтиром гузор. Инҳо амалҳои холис барои ман ҳастанд.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
БО ЧАШМИ МОДАР НИГАРЕМ...
Пирамарде бо наберааш канори роҳ меистод. Наздашон пиразане омада пурсид, ки ҷавони болобаланди зебое аз барашон нагузаштааст?
– Ӯ ҷониби дарё рафт, – дарҳол гуфт мӯйсафед.
– Чаро ин тавр ҷавоб додед? Охир, аз наздамон марди солхӯрдаи қадпасте гузашта буд, – ҳайрон шуд набера.
– Дуруст, аммо зан аз писари худ пурсид. Фаромӯш накун, новобаста ба чӣ гунагии писар дар назари модар ӯ ҳамеша зебою беназир менамояд.
Таҳияи Кароматулло АТО
АВТОМОБИЛЕ, КИ БО 1 ЛИТР БЕНЗИН 2 000 КИЛОМЕТРРО ТАЙ МЕКУНАД
Донишҷӯёни испанӣ аз Донишгоҳи Мигел Эрнандес автомобиле сохтанд, ки бо 1 литр бензин 2 ҳазор километр роҳро тай менамояд. Ин мошин дар озмуни “Shell Eco-Marathon”-и Нидерланд сазовори баҳои баланд шуд.
Дарозии он 3,2, бараш 0,6 ва баландиаш 0,5 метрро ташкил медиҳад. Вазни ин автомобил, ки номаш «Datil 12» аст, ҳамагӣ 38 килограмм мебошад.
Воқеан, соли 2017 моделеро сохта буданд, ки дар рафти мусобиқа бо як литр бензин 1455 километрро тай мекард.
Таҳияи Кароматулло АТО
«ШУМО ВИҶДОНИ МО ҲАСТЕД, МОДАР!»
Александра Деревская дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи зиёди кӯдакони ятимро ба фарзандхондӣ гирифта, модарвор ба ҳар яки онҳо меҳру муҳаббат додааст.
Вақте, ӯ фарзанди 25-умро ба хона овард, шавҳараш ба сараш дод зад: “Бас будагист...”. Бо вуҷуди ин, модари дилсӯз то замоне ки қувват дошт, кӯшид то ҷони хурдсолонро аз марг наҷот диҳад. Ҳамеша мегуфт: "Онҳо ҳама ҳастии мананд, барояш хушбахтӣ меоранд".
Ниҳоят, Александра модари 65 фарзанд шуд, ки 48 нафари онҳо ба фарзандӣ қабул шуда, дар хонаи Деревский ба камол расиданд.
Корнамоиву ғамхории ин модар дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар рӯи санги оромгоҳи ӯ чунин навиштаҷот ҳаст: «Шумо виҷдони мо ҳастед, модар!».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
МУВАФФАҚИЯТ
ЛИЗА МАЙТНЕР
Ин занест, ки бо кашфиёташ ҷаҳонро тағйир дод. Соли 1938 Лиза бо ҳамтои худ Отта Ган аввалин изотопи дарозмуддати протактиниро кашф намуданд, ки ҳангоми дучор шудани атоми уран бо нейронҳо ҳосил гардид. Дар рафти таҷриба атом ба ду қисми хурдтар тақсим шуда, дар натиҷа миқдори зиёди энергия ҳосил гардид. Маҳз Лиза фаҳмид, ки ин тақсимшавии моддаи ҳастаӣ буда, он дар илм навоварии азим хоҳад буд. Аммо барои ин бозёфт ҳамтояш Отта Ган соҳиби Ҷоизаи Нобел гардида, Лизаи кашшоф пушти парда қарор гирифт.
Бо вуҷуди ин, Лиза ба арзишҳои худ содиқ монд. Вақте ӯро барои иштирок дар лоиҳаи Манхэттен, ки бомбаи атомиро таҳия кардааст, даъват намуданд, ин пешниҳодро рад кард, зеро комилан зидди истифодаи илм барои сохтани силоҳ ва маводи ҳастаӣ буд. Имрӯз Лиза Майтнерро ҳамчун яке аз барҷастатарин олими физика мешиносанд. Бозёфтҳои ӯ ҷаҳонро дигар кард ва бузургтарин меросаш ахлоқ ва муҳаббати ӯ ба илм буд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
САВОЛИ ИЛОВАГӢ
– Писарам, агар корманди бонки мо шудан хоҳӣ, бояд боз ба як саволи иловагӣ ҷавоб гӯӣ.
– Кӯшиш мекунам, муҳтарам вазир.
– Лутфан бигӯед, ки аз ҳама пирамидаи боэътимоди молиявӣ кадом аст?
– Фонди ҳифзи иҷтимоӣ?
– Чаро?
– Худатон қазоват кунед, аз 18-сола то 63-сола куҷое корманде ҳаст, ба ин фонд ҳармоҳа ҳақ месупорад, вале танҳо онҳое ҳақ мегиранд, ки то нафақа зинда мемонанд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
«ДИЕТА»
Аз суҳбати дугонаҳо:
– Ба ту ҳасад мебарам, Нинаҷон, аз чил гузаштему тамоман тағйир наёфтаӣ.
– Шумо ҳам ба пирӣ тан надодаед-ку, дугонаҷон.
– Эй, ту аҳволи маро аз куҷо медонӣ, моҳи чорум аст, ки дуюмбора дар диета нишастам.
– Чӣ хел дуюмбора?
– Охир, бори аввал ба Юраҷон маъқул шавам гуфта, дар ҷавонӣ худамро хароб кардам. Акнун диета дорам, ки ба костуми 15 сол пеш харидаи Юраҷонам як илоҷ карда ғунҷам.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ШИНОХТИ ФАЛСАФАИ ЗИНДАГӢ АЗ НИГОҲИ ЭНТОНИ ҲОПКИНС
Энтони Ҳопкинс бо гузашти 87 соли умр ин ҳақиқатро дармеёбад, ки ҳаёт ширин аст ва ҳар лаҳзаи онро бояд сазовор зист:
«Ман медонам, ки барои зиндагӣ кардан вақти камтар дар ихтиёр дорам. Аз ин лиҳоз, худро чун кӯдаке эҳсос менамоям, ки як қуттӣ шоколад дар даст дорад ва охирон донаҳои онро бо завқ мехӯрад. Майли нишастан дар лексияҳои дурударозу баҳс бо ину онро, аслан надорам. Ба одамони инсондӯст ниёзи бештар пайдо кардаам. Онҳое, ки аз масъулият намегурезанд ва шарафи инсониро ҳимоят менамоянду ҷонибдори ҳақиқату ростианд. Мехоҳам бо онҳое бошам, ки дили дигаронро ба даст оварда метавонанд.
Бо майли том зистанро идома медиҳам, хӯрдани шириниҳоро низ, ки болаззаттар аз қабланд. Боқии умрро бояд сазовор зиндагӣ кунам».
Аз русӣ тарҷумаи М. ҚОДИРОВА
МОДАР. ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИН МАФҲУМИ МУБОРАК
* Калимаи "модар" дар бисёр забонҳо ба ҳам монанд аст: маза, мама, мом... Гумон меравад, ки он аз садои кӯдак бармеояд.
* Дар Иттиҳоди Шуравӣ барои модарон мукофоти махсус муқаррар шуда буд. Ордени «Модарӣ» ба заноне дода мешуд, ки 5-6 фарзанд таваллуд ва тарбия кардаанд. Онҳое, ки 7-9 фарзанд таваллуд карда, ба воя расондаанд, бо ордени «Шарафи модарӣ» мукофотонида шуданд. Заноне, ки зиёда аз 10 фарзанд доштанд, бо ордени «Қаҳрамон-Модар» қадр мешуданд.
* Як зан чанд фарзанд таваллуд карда метавонад? То ҳол рекорд 69 аст. Онро дар асри 18 зани деҳқони рус Фёдор Василев гузоштааст, ки номаш дар таърих нигоҳ дошта нашудааст. Вай 27 маротиба таваллуд кард: дар як вақт якчанд маротиба дугоник, сегоник ва, ҳатто, чоргоник. Танҳо ду фарзанди ин хонавода дар овони тифлӣ фавтидаанд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
«АНОРА» – БЕҲТАРИН ФИЛМИ 2024
2-юми март дар шаҳри Лос-Анҷелес (ИМА) маросими 97-уми супурдани Ҷоизаи Академияи санъат ва илми кинематографияи Амрико – “Оскар” баргузор гашт, ки дар он филми коргардони амрикоӣ Шон Бэйкер «Анора» беҳтарин филми соли 2024 эътироф шуд.
Шон Бэйкер дар таърихи синамои ҷаҳон аввалин нафаре гардид, ки барои як филм чор Ҷоизаи «Оскар»-ро ба даст овард: ӯ, ҳамчунин, дар номинатсияҳои «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин сенария» ва «Беҳтарин монтаж» ғолиб шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи “Wikipedia.org”, филми «Анора» бо буҷети 6 миллион доллари ИМА дар намоиши ҷаҳонӣ 41,4 миллион доллар ҷамъ овард.
Таҳияи Ш. ШОКИР
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
Ба гумони ғолиб, аксарият медонанд, ки Ҷон Бардини амрикоӣ ягона нафаре дар ҷаҳон аст, ки дар соҳаи физика ду маротиба ба Ҷоизаи Нобел сазовор гардидааст. Аҷиб ин аст, ки дар маросими аввали ҷоизасупорӣ шоҳи Швед Густав VI ба олим эрод мегирад, ки чаро аз се фарзанд танҳо якеашро бо худ овардаасту дуи дигарро не. Ҷон дар посух мегӯяд, даъфаи дигар ҳатман ин ноҷӯриро ислоҳ мекунад. Ҳозирон, аз ҷумла худи шоҳ, инро як навъ шӯхӣ гумон кардаву ҳаловат бурда, механданд. Вале баъди 16 сол Ҷон Бардини исбот мекунад, ки ӯ ҷиддӣ гуфта буд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки Ҷон Бардини бори дуюм барои гирифтани Ҷоизаи Нобел ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш ба назди шоҳ ҳозир мешавад.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
НАФРАТОВАРТАРИН ЧИЗИ ДУНЁ ЧИСТ?
Рӯзноманигоре пурсиш гузаронд, ки «нафратовартарин чизи дунё чист?»
Мардум ҳар гуна посух медоданд: ҷанг, хиёнат, беморӣ, нодорӣ...
Ӯ ҷавоби ин саволро аз олиме пурсид. Олим ба ӯ савол дод:
– Шумо кистед?
– Ман Ҷон Смит.
– На! Ин ном аст. Шумо кистед?
– Ман рӯзноманигор.
– На! Ин касб аст. Шумо кистед?
– Ман, одамам, охир!
– На! Ин сохти шумост. Шумо кистед?
Ҳамин ҳангом рӯзноманигор муроди олимро фаҳмид, аммо чизе гуфта натавонист. Олим гуфт:
– Нафратовартарин чизи дунё худро нашинохтан аст!
Муҳаммад АМИН
ПУЛҲОИ ҒАЙРИОДӢ
ПУЛИ ЮНЛЕИ ЧИН
Яке аз мураккабтарин иншоот дар ҷаҳон, пули Юнле мебошад. Иншооти боҳашамат музофоти Хэйбэйро бо ноҳияи Хунсяо мепайвандад. Дар ин пули ғайриодӣ шаш хатти ҳаракати нақлиёт, пайроҳаи пиёдагард ва чархофалаки азим ҷой гирифта, аз баландии 120-метраи он тамоми зебоиҳои маркази иқтисодии Чинро метавон дид. Дарозии он 600 метр ва бараш 32 метр буда, бо чархи Тянҷзин, ки баландиаш 120 метр аст, манзараи ҳайратангезеро мемонад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
БРАЙАН ТРЕЙСИ ШАРТҲОИ ТАРБИЯИ КӮДАК
13. Ба кӯдак бовар кунед, нисбат ба ӯ эътимод доштанро омӯзед. Доим бигӯед: “Ман ба ту бовар дорам. Ман медонам, ки бо хости Худо, ту муваффақ мешавӣ. Ту метавонӣ!”
14. Бо кӯдак ҳарчи бештар вақт гузаронед. Агар фарзанд доим бо шумо доир ба кадом як масъалае суҳбат кардан хоҳад, дарҳол корҳоятонро ба як сӯ гузошта, ӯро гӯш кунед. Ҳангоми суҳбат бо дигар корҳо овора нашавед. Мисле, ки кӯдак муҳимтарин ва азизтарин шахси олам аст, тамоми диққатро ба ӯ диҳед.
15. Кӯдакро барои анҷом додани кадом як коре маҷбур насозед. Агар аз анҷоми кори муҳим дасткашӣ кунад, оромона бо ӯ суҳбат намуда, масъаларо нуқта гузоред. Аз бартарияти калонсол будан суиистифода накунед. Таҳдиду таҳқир кардан кӯдакро аз ин ҳам бештар якрав ва хашмгин мекунад. Беҳтар аст, ки бо ӯ суҳбат намоед ва аҳамияти кори анҷомдодаро фаҳмонед.
(Идома дорад)
Аз руси тарҷумаи Лола РИЗОӢ
МОДАРОНИ МУВАФФАҚИ ҶАҲОН
1. Мария Кюри (1867–1934) – аввалин занест, ки Ҷоизаи Нобелро ба даст овардааст. Ӯ на танҳо олими бузург, балки модари муҳаққиқи шинохта Ирен Жолио-Кюри буд, ки роҳи модарашро дар илм идома додааст.
2. Софи Шолл (1921–1943) – як ҷавонзани олмонӣ, ки дар мубориза бо ҷанги фашистӣ ҷасорат нишон додааст. Ӯ дар гурӯҳи зиддифашистии "Гули сафед" фаъолият мекард ва барои ақоиди озодихоҳонааш ҷони худро аз даст додааст.
3. Ҳелен Келлер (1880–1968) гарчанде нобино ва ношунаво буд, аммо тавассути меҳнати беинтиҳояш дар омӯзиш, ҳамчун нависанда, маърузачӣ ва ҳомии ҳуқуқи маъюбон машҳур мегардад.
4. Албертина Сисулу (1918–2011) – яке аз занони пешсафи Африқои Ҷанубӣ дар мубориза бо апартеидон буд. Ӯро модари маънавии миллат меномиданд, ки барои озодии африқоиҳо мубориза бурдааст.
Таҳияи Р. МУРОДОВА
НОДИРТАРИН КИТОБҲОИ ОЛАМ
«ДАР ЗАМОНИ МО»
Ин асари нодир ба қалами нависандаи амрикоӣ Эрнест Хемингуэй тааллуқ дошта, соли 1924 ҳамагӣ 170 нусха чоп шуд.
Худи ҳамон сол нашриёти “Three Mountains Press” тасмим гирифт, ки маҷмуи ҳикояҳои Эрнест Хемингуэйро нашр кунад. Китоб унвон надошт, тасмим гирифтанд, ки онро "Дар замони мо" номгузорӣ кунанд. Маҷмуа аз 31 саҳифа иборат буда, дар он фазои холӣ зиёд ба чашм мерасад, ки услуби махсуси Хемингуэй аст. Ҳамин тавр, баъдтар Хемингуэй нусхаи ҳаҷман калони китобро бо теъдоди зиёд чоп намуд.
Таҳияи Гулнисои
САЪДОНШО
ВАРЗИШ
Дар олами футбол чӣ гап?
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ду маротиба (солҳои 1942 ва 1946) бо сабаби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баргузор нагардид.
* * *
Соли 2014 кайҳоннавардони ИМА Рейд Уайсмен, Стив Суонсон ва Олмон Александр Герст дар остонаи вохӯрии дастаҳои мунтахаби ин кишварҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол (Бразилия) дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ футбол бозӣ карданд. Роботи Robonaut 2 дар ин бозӣ нақши мухлисро бозид.
* * *
Соли 2017 бошгоҳи фаронсавии «Пари Сен-Жермен» барои харидани ҳамлагари бразилӣ Неймар ба бошгоҳи «Барселона»-и испанӣ 222 миллион евро пардохт намуда, ӯро гаронарзиштарин футболбоз дар таърих кард.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ОДАТ МЕКУНӢ...
Муфлисе кафи дасташро ба фолбин нишон дода гуфт:
- Бигӯ, ки ин қашшоқии ман то ба кай давом мекунад?
- То панҷоҳсолагиат...
- Баъд чӣ, пулдор мешавам?
- Не, баъд одат мекунӣ?
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
НАРХИ ЯК СКРИПКА – 11,25 МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Скрипкаи навозандаи итолиёӣ Антонио Страдивари (1644-1737) дар музоядаи “Сотбис”-и Ню-Йорк (ИМА) ба маблағи 11,25 миллион доллар фурӯхта шуд. Тавре “Ассошиэйтед Пресс” гузориш додааст, музояда аз 8 миллион доллар оғоз ёфт, аммо дар чанд сония афзуд. Харидор хостааст, ки номаш ифшо нашавад.
Скрипкаи «Йоахим-Ма», ки соли 1714 сохта шудааст, “давраи тиллоии» фаъолияти Страдивариро нишон дод. "Он садои беназир дорад – пурмазмун, мураккаб, амиқ. "Овоз"-и скрипка на танҳо шунида мешавад, балки эҳсос мегардад. Ин яке аз бузургтарин скрипкаҳоест, ки навозандагони дараҷаи аввал дар тули садсолаҳо барои навохтани он талош кардаанд", – омадааст дар гузориш.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ТАБАССУМ МЕТАВОНАД ДАРД ВА ҲАЯҶОНРО БАРТАРАФ КУНАД
Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Калифорния исбот карданд, ки табассум ҳангоми нороҳатӣ ё ҳаяҷон, барои халосӣ аз эҳсосоти ногувор ва шиддат ёрӣ мекунад.
Тадқиқот дар маҷаллаи илмии “Journal of Positive Psychology” нашр шудааст.
Дар таҷриба 57 донишҷӯ иштирок карда, ҳолаташон ҳангоми фишори сард санҷида шуд: дасти худро дар оби ях то ду дақиқа нигоҳ доштанд. Набзи дил ва ифодаи чеҳраи онҳо тавассути дастгоҳҳои набзсанҷу видеоӣ сабт шуд. Суръати тапиши дили иштирокчиёне, ки ҳангоми иҷрои супориш табассум мекарданд, нисбат ба онҳое, ки табассум намекарданд, камтар буд.
Гарчанде табассум эҳсоси фаврии дардро коҳиш надод, иштирокчиёне, ки дарозтар табассум мекарданд, пас аз анҷоми таҷриба эҳсосоти бештари мусбат нишон доданд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
