ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11 март 2025, Сешанбе
116
0

  
аз 26 феврали соли 2025, № 96, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546
 Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007,  №546 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) дар номи Замимаи 21 калимаи  «автомобилӣ» ба калимаҳои «автомобилии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта» иваз карда шавад;
2) замимаи 22 илова карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур 1 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

Замима
ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2025, №96

Меъёрҳои пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и
воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҳудуди гумрукии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда


ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 28 феврали соли 2025, №138, ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 “Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  воридшаванда” тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:
1) дар гурӯҳи 22:
-дар сутуни сеюми сатрҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, ҳафтум ва ҳаштум рақамҳои “0, 03”, “0,35”, “0,35”, “0, 50”, “2, 5”, “3, 5” мувофиқан ба рақамҳои “0, 04”, “0, 40”, “0, 40”, “0, 84”, “3, 0”, “4, 0” иваз карда шаванд;
-сатри сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

  

”;
2) дар сутуни сеюми сатрҳои рамзи молии “271012, 2710123100, 2710124110, 2710124120, 2710124130, 2710124190, 2710124500, 2710124900, 2710125100, 2710125900, 2710127000, ва 271012900”, сатрҳои рамзи молии “2710193100, 2710193500, 27101942, 2710194600 ва 2710194800” ва сатри рамзи молии “2711” гурӯҳи 27 рақамҳои “55”, “8” ва “4” мувофиқан ба рақамҳои “70”, “15”  ва “10” иваз карда шаванд;
3) дар сутуни сеюми сатрҳои якум ва сеюми гурӯҳи 40 рақами “13” ба рақами “20” иваз карда шавад;
4) дар сутуни сеюми сатри якуми гурӯҳи 87 рақамҳои “10” ва “0,15” мувофиқан ба рақамҳои “14” ва “0,20” иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3. Қарори мазкур аз 1 майи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

Санаи нашр: 06.03.2025 №: 49
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив