ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАҶАБГУЛ ҚОСИМОВА. ГУЛИ ХУДРӮЙИ КӮҲИСТОНӢ

РАҶАБГУЛ ҚОСИМОВА. ГУЛИ ХУДРӮЙИ КӮҲИСТОНӢ

11 март 2025, Сешанбе
8
0


Ҳунарпешаи  хушсалиқа Раҷабгул Қосимова беш аз 50 сол инҷониб дар рӯйи саҳна фаъолияти босамар дорад. Нақшҳои офаридаи ӯ то ҳол аз хотири мухлисони сершумораш зудуда нагардидаанд. Мавсуф пас аз хатми мактаби олӣ фаъолияти худро дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов  оғоз намуда, дар он аз шогирдӣ то ба дараҷаи устодӣ расидааст.
Ӯ дар оғӯши диёри зебоманзари Панҷакент  дида ба дунёи ҳастӣ кушуда, таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи Заврон мегирад. Бо умеди давом додани таҳсил,  ба шаҳри Москва меравад ва ба ГИТИС (ҳоло Институти санъати театрии Россия) дохил мегардад.
Роҳ ба сӯи ҳунар
Солҳои донишҷӯии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Раҷабгул Қосимова дар шаҳри Москва рангин гузаштаанд. Ӯ он давраҳоро чунин ба ёд меорад: “Соли 1966 Театри халқии шаҳри Панҷакент намоишномаи “Зайнаббибӣ”-ро ба саҳна гузошт, ки дар он банда нақши асосӣ – Зайнаббибиро иҷро мекардам. Мо ин спектаклро ба фестивал овардем. Ректори вақти Институти санъати театрии шаҳри Москва ба номи Луначарский Матвей Горбунов ҳамон вақт меҳмони пойтахти Тоҷикистон будааст ва маро дар ин нақш мебинад. Чун дар бораи ман пурсон мешавад, Холмурод Шарипов мегӯяд, ки ӯ гурехта актриса шудааст. Ректор пешниҳод мекунад, ки таҳсиламро дар ГИТИС идома диҳам, вале воқеае сабаб шуду ман он сол рафта натавонистам. Соли дигар бо даъвати Горбунов ва мусоидати Холмурод Шарипов ба ин Донишкада дохил шудам ва имтиҳонҳоро аъло супурда, якбора ба курси дуюм гузаштам”. 
Ҳамин гуна, Раҷабгул Қосимова солҳои донишҷӯӣ аз устодони номваре чун Б. В. Бибиков ва О. И. Пижов маҳорати актёрӣ омӯхт. Соли 1971 ӯ бо ҳамкурсонаш Шодӣ Солеҳ, Тағоймурод Розиқов, Амон Қодиров, Ғолиб Исломов, Бердӣ Мингбоев, Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатова, Соҳибсултон Алиназарова, Дилбар Умарова ва дигарон ба Душанбе баргашт. Маҳз дар асосӣ курси ин ҳунармандон дар Душанбе Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки то имрӯз бо асосгузоронаш мефахрад.

Дар саҳнаи театр
Ин ҳунарпеша бо маҳорати баланд ва истеъдоди табиӣ тавонист рӯйи саҳнаи театр нақшҳои ҷолибу мондагоре офарад, ки дар дилу дидаҳои тамошобин маъво гирад. Нақшҳои бозидаи ин бонуи ҳунар аз хотири дӯстдорони ҳунар фаромӯш нагардидаанду то ҳол барои дидани нақшҳояш ба театр мераванд. Образҳои офаридаи Раҷабгул Қосимова дар саҳнаи театр Зайнаббибӣ аз намоиши “Қиссаи Зайнаббибӣ”-и С. Саймуродов, Наталия аз “Васса Железнова”-и М. Горкий, Робия аз “Робияи Балхӣ”-и А. Атобоев,  Мартина аз “Табиби зӯракӣ”-и Ж. Б. Молйер, Мошом аз “Нағмаи ҷиноятӣ”-и Эуген Раннет, шоҳдухтар  Ноҳид аз “Ҷавонии Сино”-и С. Улуғзода, Фелесиана аз “Муаллими рақс”-и Лопе де Вега, Орзу аз “Торҳои муҳаббат”-и Қ. Киром, модар аз “Иштибоҳ”-и А. Қаюм, Раҳима аз “Ситораи раҳнамо”-и К. Яшин ва даҳҳо нақши дигар мебошанд.

Маҳбуби бинандагони телевизион
Ҳунарпеша Раҷабгул Қосимова дар телевизион низ бо офаридани образҳои ҷолиб  дар хотири бинандагон нақш бастааст. Новеллаҳои телевизионие, ки дар онҳо нақш офарид, масъалаҳои оиладорӣ, зиндагии солим,  вафодорӣ ва мунису ғамхор буданро дар бар мегирифтанд. Ин намоишҳо “Зангирии Чақалбой” аз рӯйи асари Мирзо Давлат, Майсара аз намоиши “Найрангҳои Майсара”-и Ҳ. Ниёзӣ ва ғайра мебошанд. Худи ҳунарпеша мегӯяд, ки баъди нақшофарӣ дар намоши телевизионии “Найрангҳои Майсара” дар миёни бинандагон шуҳрати хосса пайдо намуд, ҳатто то ҷое, ки мардум ӯро муддати мадид на Раҷабгул, балки Майсара садо мекарданд.

Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.03.2025 №: 52
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив