МУАЛЛИМ АЪЗАМҶОН АЗИМОВ
Шахс ба ин ё он муҳити эҷодию илмӣ бо роҳҳо ва аҳдофи гуногун шомил мегардад. Агар баъзе аз эҳсоси шавқу ҳавас ба чунин муҳит ворид шаванд, барои бархи дигар, шуҳрату манфиатхоҳӣ ва барои аксарият тақозои вазифаву касб сабаб мегардад. Агар шавқу ҳавас ва тақозои касб ба ҳам оянд, заҳмати пажӯҳишҳои илмӣ ҳам ба муҳаққиқ манфиат меораду ҳам ба соҳа ва дар маҷмуъ ба ҷомеа.
Аъзамҷон Азимов аз зумраи чунин шахсиятҳои эҷодкорест, ки шуғли омӯзгориву таҳқиқиаш ба ҳам сахт тавъам гардида, пайваста бо ҳамдастии ҳамдигарӣ рушд меёбад. Пешаи асосии ӯ омӯзгорист, омӯзгори мактаби олӣ. Таъиноти мактаби олӣ талаб менамояд, ки омӯзгор фаъолияти педагогиашро бо таҳқиқоти илмӣ ба таври мудовим такмил диҳад. Ба ин мазмун, муаллим Аъзамҷон Азимов ҳамеша дар омӯзишу пажӯҳиш аст. Ӯро чун ҳамешагӣ аз рӯйи эҳтиром мо муаллим мегӯем. Арзандаи чунин эҳтиром аст.
Ӯ зодаи диёри зебоманзари Ворух аст, диёре, ки сокинонаш ба зиёда аз 100 нафар докторону номзадҳои илмаш ифтихор мекунанд.
Аъзамҷони ҷавон ҳам пайи шахсиятҳои номдори зодгоҳаш соли 1976 бо хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1984 бо ихтисоси журналистӣ ба итмом расонд. Дар ин фосила, ҳамзамон, солҳои 1977-1979 дар хизмати Ватан-Модар буд. Муҳити Донишгоҳ ба ӯ олами дигареро шиносонд. Ин олам заҳмати бештар ва рақобати зиёдтарро талаб мекард. Ӯ дар баробари донишомӯзӣ, дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳамоишҳои илмии донишҷӯён фаъолона иштирок менамуд.
Бо назардошти қобилияти илмиву эҷодӣ ва ташкиливу ҷамъиятӣ, миёни 100 нафар ҳамкурсонаш ӯро барои кор дар кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР-и факултети филологияи тоҷик ҷалб намуданд. Ҳарчанд ӯ аз чунин муносибати устодон, бавежа ихлосмандиҳои декани факултет, дотсент Маҳмуд Давлатов ва мудири кафедра, профессор Воҳид Асрорӣ хушнуд гардид, аммо андаке сукут карду ба андеша фурӯ рафт. Оё ман ба боварӣ ва ихлоси устодонам сазовор мешуда бошам?
Посухи чунин андеша ҳисси масъулиятшиносиашро дучанд гардонд, ки дар як вақт ҳам ба сифати мудири кабинети назди кафедра фаъолият карду ҳам ба пажӯҳиши илмӣ машғул шуд. Солҳои 1988-1989 дар кафедраи таърихи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ба ҳайси муҳаққиқи коромӯз таҳти роҳбарии профессор И. В. Кузнетсов пажӯҳиши илмиро давом дод. Сар задани воқеаҳои солҳои 1990-и кишвар боис гардид, ки ӯ ба Душанбе баргардад. Ин ҷо таҳти роҳбарии устодон доир ба мавзуи “Таърихи ташаккули матбуоти тоҷики солҳои бистум” (дар мисоли рӯзномаи “Овози тоҷик” ва иловаҳои он) пажӯҳишро идома дода, соли 1994 дар шакли рисолаи номзадӣ бомуваффақият дифоъ намуд.
Фаъолияти эҷодии профессор А. Азимов серпаҳлу ва доманадор буда, омӯзгорӣ, методиву таълимӣ, пажӯҳиш ва публитсистикаро фаро мегирад. Пешаи асосии ӯ омӯзгорӣ аст, ки ба фаъолияти илмиву публитсистиаш сахт тавъам мебошад. Мавсуф аз муҳаққиқони сермаҳсули таърихи матбуоти тоҷик, аниқтараш матбуоти даврии солҳои 1920-1930-и тоҷик аст. Матбуоти даврии ин ду даҳсола барои ӯ ҳам объекти кори номзадӣ ва ҳам рисолаи докторӣ қарор гирифтааст. Натиҷаҳои омӯзишу пажӯҳишҳояш дар шакли мақолаҳои илмӣ, рисолаву монография ва воситаву дастуроти таълимӣ интишор гардидаанд. Ба гунаи мисол, «Очеркҳо аз таърихи матбуоти тоҷик, солҳои 20-30» (1998), «Воқеияти зиндагӣ ва матбуоти тоҷик» (2000), «Публитсистика ва замони муосир» (2003), «Адабиёт дар матбуоти солҳои сиюм» (2007), «Таджикская журналистика в период культурной ревоюции» (2014), «Журналистикаи тоҷик дар давраи инқилоби маданӣ» (2023), «Матбуоти даврӣ ва ташаккули ҳаракати мухбирон» (бо ҳаммуаллифӣ, 2024) ва ғайра.
Дар ин ва дигар асарҳои илмӣ заминаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳизбии пайдоиши нашрияҳои даврӣ, раванди ташаккул ва вижагиҳои мундариҷавию жанрии матбуоти даврии солҳои 1920-1930, хосса нашрияи «Овози тоҷик» ва иловаҳои он таҳқиқ шудааст.
Миёни ин асарҳо рисолаи «Журналистикаи тоҷик дар давраи инқилоби маданӣ” бо таснифи матбуоти солҳои 1930 аз рӯйи тип, вижагиҳои сохтор, шаклу мундариҷа, нақшу таъинот фарқ мекунад. Он таҳқиқи як давраи муайяни таърихи матбуоти даврии тоҷикро фаро гирифта, соҳавӣ будани нашрияҳои гуногунтипи замонро аниқ ва вижагиҳои онро нишон додааст.
Самти дигари фаъолияти эҷодии А. Азимов публитсистика аст, ки аслан дар навъи китобӣ шакл гирифтааст. Дар ин самт мавсуф бештар аз имконоти жанрҳои лавҳаву очерк ва эссе кор гирифтааст, ки дар маҷмуаҳои «Нурбахши зиндагӣ» (2000), «Меҳрафзун» (2007), «Перояи умр» (2008), «Оташи меҳр» (2008), «Озодамард» (2008) ва ғайра мунташир гардидаанд. Қаҳрамонони асарҳои публитсистии ӯ шахсиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва меҳнатӣ буда, ҳар кадоме дар касбу кор, муҳити фаъолият ва ҷомеа сазовори обрӯву эътиборанд. Муаллим А. Азимов қаҳрамонони асарҳояшро хуб мешиносад, бо онҳо ҳамкору ҳамнишин будааст. Ин ҳолат ба ӯ имкон дода, ки хислату характер ва ташаккули шахсияти онҳоро воқеъбинона нишон диҳад ва ба ин васила симои намуна ва ибратомӯзашонро пешорӯйи хонанда гардонад. Публитсистикаи ӯ бо тавсифи чеҳраҳо маҳдуд нашуда, бо мавзуъҳои мубрами рӯз – таблиғ ва ташвиқи ғояҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар тавассути ВАО низ ҷараён мегирад.
Бо ин ҳама Аъзамҷон Азимов омӯзгор аст. Дарсҳояш моҳиятан илму амал ва ахлоқро ба ҳам пайваста, ба ташаккули касбияти шогирдон, ваҳдату иттиҳод, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, гиромӣ доштани якпорчагии Тоҷикистон ва умуман дастгирии неруи созандаи ҷомеа – ҷавонон равона мегардад. Аз ин ҷо, солҳои 2001-2006 ҳамчун мудири кафедраи журналистикаи теливизион ва радиошунавонӣ дар пешрафти корҳои илмиву таълимӣ ва ҳамкории кафедра бо ВАО саҳми хеле зиёд гузоштааст.
Мурод МУРОДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор