МАТБУОТ БАРОЯМ АЗИЗ АСТ
Матбуот яке пояҳо ва аркони муҳими давлати демократӣ ва аз муҳимтарин расонаҳои хабарии ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Матбуот ба унвони пули иртиботӣ байни мардум ва масъулон анҷоми вазифа мекунад.
Аз соли 1994 дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи фархунда ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф”, ки шумораи аввалинаш 11-уми марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад.
Воқеан, фаъолият намудан дар рӯзнома ва ҳар рӯз бохабар шудан аз ҷадидтарин маълумоту навгониҳо корест аҷиб. Ҳангоме ки ба гузаштаи як рӯзнома назар мекунӣ, дармеёбӣ, ки дар ҳар саҳифаи ӯ таърихи чандсолаҳо нуҳуфтааст.
Зиндагӣ ва табиати инсон аҷиб аст. Ҳар кас барои оромиши қалби худ ҳамеша кореро интихоб мекунад, ки онҷо худро дарёбад. Ман низ пас аз хатми донишгоҳ дар якчанд идораҳо фаолият кардаму пайваста ҳушу хаёлам ба ВАО буд. Ҳар гоҳ рӯзномаву маҷҷалаеро мутолиа мекардам, ба худ мегуфтам “эй кош, ман ҳам корманди инҷо мебудам”. Оқибат, рӯзе тасодуфӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии “Комплекси табъу нашри Шарқи озод" мегузаштаму бо дидани шумораи зиёди рӯзноманигорон, ки бархеашро ғоибона мешинохтам, меҳри ин касб дар қалбам даҳчанд гардид. Бе дудилагӣ аз муҳофизони назди дар пурсидам, ки идораи газетаи “Оила” дар куҷо бошад? Онҳо ба боло ишора карда, гӯё суроғаро доданду ман ҳанӯз то макони пурсидаам норасида, садои занги телефонам баланд гашт. Бинам, падарам занг мезанад. Ӯ пас аз аҳволпурсӣ дар куҷо буданамро пурсиду ман ҳам гуфтам: “Падарҷон, ман мехоҳам ҷойи корамро иваз кунам. Аз рӯйи ихтисосам кор кардан мехоҳам. Ба суроғи идораи газетаҳо рафта истодаам”. Падарам дар ҷавоб гуфт: Агар, воқен дар газета кор кардан хоҳӣ, рӯзномаи “Ҷумҳурият” рав. Он нашрияи расмӣ ва газетаи №1 аст дар кишвар. Агар не, ба ноҳия баргард”.
Ба ростӣ, он дам бо дудилагӣ суроғаи ин нашрияро гирифтаму Худо мегуфтам, ки маро ба кор гиранд, набошад, орзуҳоям қурбонӣ мешаванд. Баробари ворид шудан ба ин даргоҳ аввалин нафар, собиқ корманди идора Гулистон Мавлоназароваро дидаму аз ӯ дафтари кории роҳбарро пурсидам. Аҷибаш он буд, ки ман ҳатто намедонистам роҳбари идора кӣ ҳасту рафти кор чӣ гуна. Фақат дар бораи таърихи рӯзнома каму беш медонистам.
Мавлоназарова маро то қабулгоҳи сармуҳаррир бурду ба зани зардинаи чеҳрахандон гуфт: “Барноз, ин кас назди сардор омадааст”. Ҳамин тавр, бо иҷозати вуруд назди роҳбар даромадаму гӯё дар шок мондам. Зеро борҳо орзу мекардам, ки ин мардро аз наздик бубинам. Бале, он солҳо Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон сармуҳарририи ин рӯзномаро бар дӯш дошт. Он рӯз бо гузарондани суҳбат риштаи тақдирам ба ин рӯзнома пайваст. Дар баробари Ато Мирхоҷа, Хайринисо Расулӣ, Неъматулло Худойбахш, Қурбон Мадалиев ва дигарон, ки аллакай мардум онҳоро ҳамчум қаламкашони барҷаста мешинохтанд, корманди рӯзнома шудаму сарам ба осмон расид.
Аз рӯзҳои аввал ба ин даргоҳ дил бастам ва 11 сол мешавад, ки боре азми рафтанро аз ин даргоҳ накардаам, зеро матбуот бароям азиз гашт. Дастгириву ёрӣ ва муносибати гарми коллектив дар аввалин рӯзҳо бароям дунёе буд аҷиб.
Бастаҳои рӯзномаро варақ мезадам ва бо номи кормандони фаъоли рӯзнома, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ ва бисёр адибон вохӯрдаму бо ифтихор гуфтам, хушбахтам, ки имрӯз корманди ин рӯзномаи таърихиам, ки умри садсола дорад.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.03.2025 №: 53