«ҶУМҲУРИЯТ». НАҚШИ РӮЗНОМАИ САДСОЛА ДАР ТАҲАВВУЛИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон -- «Ҷумҳурият» дар муддати 100 соли фаъолият вобаста ба талаботи давру замон муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор дода, сокинони мамлакати азизамонро ба хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти мамлакатдорӣ ҳидоят мекунад. Худи аввалин номи рӯзнома – «Иди тоҷик», ки 15-уми марти соли 1925 дар Душанбе ба табъ расид, ба иди суннатии Наврӯзи ин миллати куҳанбунёд ишора дорад. Дар ҳақиқат, халқи тоҷик аз ин марҳамати андаки Ҳукумати Шуроӣ – таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбекистон, ки дар натиҷаи талошҳои суханшиносон, родмардон ва фарзонафарзандони миллат ба даст дароварда буд, руҳ гирифта, дар фикри эҳё намудани таърих ва арзишҳои миллию фарҳангии хеш гардид.
Ва яке аз масъалаҳое, ки ҳамвора таваҷҷуҳи ходимони ин рӯзномаи бонуфузро ҳам дар давраи Иттифоқи Шуравӣ ва ҳам дар замони истиқлоли Тоҷикистон ба худ ҷалб карда меояд, забони миллӣ мебошад ва ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забон дар маҷмуъ як қисмати муҳим ва ё ба ибораи дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст» («Забони миллат – ҳастии миллат» , Қ. 1, с. 13).
Устод Айнӣ дар мақолаи «Муборизаи 15-солаи бошарафона» («Тоҷикистони сурх», 15-уми марти соли 1940) ин рӯзномаро модари матбуоти Тоҷикистони советӣ номидааст ва ба гуфтаи академик М. Имомзода ва Н. Нурализода, устод бештари осори публитсистии худро солҳои 1931-1954 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба табъ расондааст. Табиист, ки бархе аз ин мақолаҳо оид ба забони миллӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат, дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (12-уми июли соли 1952) дарҷ гардидани мақолаи устод Айнӣ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» ҷолиби диққат аст. Устод Айнӣ, ки баъди таъсиси Ҷумҳурии Торҷикистон баҳри бақову ҳастии забони адабии тоҷик дар солҳои 20-уму 30-юми садаи ХХ меҳнати зиёде ба харҷ дода буд, аввали солҳои 50-ум он лаҳзаҳои ҷаҳду талоши хешро ба ёд оварда менависад: «Ин забон дар муддати сайри таърихии кӯтоҳи баъдиреволутсионии худ бисёр моҷаро ва муноқишаҳоро аз сар гузарондааст. Гурӯҳе ба майдон баромада, кӯшиш мекарданд, ки забони адабии тоҷикиро дар кӯчаи сарбастаи матбуоти Эрон дароварда фиристонанд. Гурӯҳи дигар забони адабии ҳазорсолаи тоҷикро бо ҳамаи меросҳои адабиаш тамоман инкор карда, мехостанд, ки дар асоси забони кӯчагӣ забони «нави адабӣ» созанд ва ба ин «забони адабӣ» грамматикаи аҷоибу ғароиб ҳам тартиб диҳанд». Устод Айнӣ ба андешаи ҳардуи ин гурӯҳ мухолиф буда, чунин мепиндошт: «Забони адабии тоҷик бояд роҳи ба маориф ва маданияти замонӣ расидани оммаро наздиктар ва осонтар гардонад, дар роҳи фаҳмо шудан ба омма қадам монад». Ва худи устод намунаи барҷастаи чунин забони адабии тоҷикро дар шароити нави таърихӣ ба воситаи асарҳои «Намунаи адабиёти тоҷик», «Одина» ва «Дохунда» ба хонандагон пешкаш намуд, ки онро на танҳо мардуми тоҷики Осиёи Миёна, инчунин, ба гуфтаи профессор Мақсуд Шукуров, форсизабонони Эрон ҳам эътироф карда буданд. Нависанда Сотим Улуғзода мулоқоти устод Айниро дар тирамоҳи соли 1928 милодӣ бо донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷик ба ёд оварда менависад: «Устод бо ҳар кадоми мо гарм-гарм вохӯрдӣ карда, моро дар паҳлуи худ бо курсиҳо шинонд.
– Мо, талабагон, дар бораи забони адабӣ суханҳои шуморо бодиққат гӯш кардем, – гуфт яке аз рафиқони мо. – Моён бо шумо тамоман ҳамфикр ҳастем, домулло. Агар, масалан, «Одина»-и шуморо гирем, ба фикри мо, забони вай айни ҳамон забони адабиест, ки шумо гуфтед». Ё худ донишманди саршиноси эронӣ Саид Нафисӣ, ки нусхае аз китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дастрас карда буд, оид ба ин асар чунин андеша дорад: «Гирдоварандаи ин китоб («Намунаи адабиёти тоҷик») алломаи муосир Садриддин Айнӣ аз аҳрори ин диёр ва удабои номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири забони мо дар Туркистон аст» (НАТ, с. 18).
Барои ходимони рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» соли 1989, соли мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, давраи ҳассосу масъулиятнок буд. Онҳо тамоми ҷараёни пешниҳод, муҳокима ва натиҷагирии вакилони мардумиро оид ба Қонуни забон ба ҷомеа баррасӣ намуданд. 22-юми июл Сессияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, даъвати ёздаҳум, барпо гардид ва дар он лоиҳаи Қонуни забон аз тарафи Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Қ. М. Маҳкамов пешниҳод шуда, басо ҷиддӣ мавриди муҳокимаи депутатҳо қарор гирифт. «Ҷои шубҳа нест, ки ба забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дода шавад, – гуфта буд сарвари онвақтаи ҷумҳурӣ Қ. Маҳкамов. – Аз ин рӯ, қонуни забон ҳатман зарур аст ва гумон мекунам, ки имрӯз қабул хоҳад шуд. Вале кор бо ҳамин поён намеёбад. Дурусттараш, ин ҳанӯз ибтидои кори бузургу мураккаб ва масъулиятнокест, ки бояд дар оянда давом дода шавад».
Аз рӯйи маърузаи Қ. Маҳкамов «Дар бораи лоиҳаи Қонуни забони РСС Тоҷикистон» музокира авҷ гирифт ва депутатҳову дигар намояндагони босалоҳияти ҷумҳурӣ, чун А. Мирзоев, Р. Қ. Олимов, Тошпӯлодов, Л. Шералӣ, А. Маниёзов суханронӣ карда, зарурати ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ доданро таъкид намуданд. Аз ҷумла, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИТ (ҳоло АМИТ) ба депутатҳо чунин муроҷиат карда буд: «Аҳли илм умедворанд, ки Шумо Қонуни забони давлатии РСС Тоҷикистонро ҳамчун як падидаи дурахшони давраи бозсозӣ маъқул ва мақбул медонед».
Дар чанд шумораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» баҳсу мунозира дар атрофи мақоми забони давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ давом мекунад ва дар шумораи 28-уми июл қарор дарҷ мегардад: «Сессияи даҳуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, даъвати ёздаҳум, дар бораи иловаи Конститутсияи (Қонуни асосии) РСС Тоҷикистон қарор мекунад: «Моддаи 1. Забони давлатии РСС Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад».
Баъди ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ дар саҳифаҳои матбуот мақолаҳои зиёде чоп шуданд, ки қисми зиёди онҳо чун мақолаҳои проблемавӣ дар саҳифаҳои ин рӯзномаи бонуфуз ҷой гирифтаанд. Аз ҷумла, муаллифон И. Усмонов («Алифборо сода кунем», 4-уми августи 1989), Мақсуд Шукуров («Тозагии забон аз назари устод Айнӣ», 18-уми апрели 1990), М. Ҳайдаршо («Покизагии забон зарур аст», 31-уми июли 1990), Т. Ваҳҳоб («Марзбандӣ то ба кай?», 8-уми сентябри 1990), С. Саъдизода («Дар роҳи ягонагии забони форсӣ», 24-уми октябри 1990), М. Расулӣ («Андар тозагии забон», 31-уми январи 1991) ба паҳлуҳои гуногун ва печидаи ин масъала ишора карда, андешаҳои хешро баён мекунанд. Шоир М. Ҳайдаршоҳ масъалаи аввал ба алифбои лотинӣ ва баъд ба алифбои кириллӣ гузаштан ва таъсири номатлуби онро ба ҳаёти фарҳангии миллати тоҷик ба миён мегузорад: «Ҳанӯз аз ибтидои солҳои 30-юм алифбои ниёгон ба лотин бадал шуд… Мардуми Осиёи Миёна чун «аз дӯст як ишора шуд, ҳама ба сар давиданд». Ин оғози мардуми ба озодӣ расидаро аз осори пурбаҳои ниёгон маҳрум кардан буду бас. Тарғиботу ташвиқоти ҳизбӣ низ ба ҳамин маҷро равона шуду одамони равшандил ба ин кор оғози ризоият доданд. Ба ҳамин тариқ, осори гаронбаҳои беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик ба наслҳои оянда бегона шуд». Профессор Мақсуд Шукуров дар мақолаи «Ҳақиқат – оинаи таърих» («Тоҷикистони шуравӣ, 1991, 9-уми январ) ба тарзи гузориши масъала ва баёни мақсад ба М. Ҳайдаршо мувофиқ бошад ҳам, аз тарафи муаллиф ба инобат нагирифтани ҷанбаи таърихӣ ва иҷтимоии ин масъаларо таъкид мекунад. Профессор шароитҳои таърихӣ ва муҳтавои ба вуҷуд омадани идеяи иваз намудани алифбои арабиасосро муфассал шарҳ медиҳад: «Чунин хулосабарорӣ ба ҳақиқати таърих рост намеояд, зеро ислоҳи алифбои арабӣ ибтидои худро на дар Осиёи Миёна ва ноҳияи Закавкази, балки берун аз онҳо (Эрон ва Туркия) мебинад. Дуруст аст, ки ислоҳи алифбо дар Туркия ҷорӣ шуду дар Эрон не». Дар ҳақиқат, ислоҳи алифбо ба шароитҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вобаста буда, мақсади он ҳарчи зудтар саводнок кунондани мардуми меҳнаткаш ва ба ҳаёти нав ҷалб намудани онҳо буд. Мувофиқи таҳқиқи профессори эроншиноси тоҷик Олимҷон Хоҷамуродов, фикри ивази алифбои арабиасос аз охирҳои асри ХIХ оғоз гардида, то солҳои 70-уми садаи ХХ дар Эрон давом кард ва баъд аз пирӯзии Инқилоби исломӣ хомӯш гардид».
Дар ин мақолаҳо дар баробари андешаҳои солим ва судманд оид ба забони адабии тоҷик, як қатор афкори мубҳам ва яктарафа низ баён гардидаанд, ки талошҳои зиёиёни солҳои 20-уму 30-юми тоҷик, аз ҷумла муборизаи устод Айниро оид ба тозагӣ ва оммафаҳмии забони адабии ҳозираи тоҷик инкор карда, як қатор дастовардҳои ин забонро дар давраи шуравӣ зери шубҳа мегузоштанд. Масалан, дар мақолаи Саиди Саъдизода «Дар роҳи ягонагии забони форсӣ» («Тоҷикистони советӣ», 24. 10. 90) мубоҳисаҳои дар атрофи забони адабии ҳозираи тоҷик, ки солҳои 20-уми асри гузашта ба амал омада буд, бебунёд ва нолозим дониста шудааст. Муаллиф дар забони тоҷикӣ бекаму кост истифодаи луғат ва сарфу наҳви забони давлатии Ҷумҳурии Эронро зарур мешуморад. Ин андеша мухолифати баъзе муаллифонро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, профессор Мақсуд Шукуров дар мақолаи «Ҳақиқат – оинаи таърих» таъкид мекунад: «Забони ҳар як миллат ва халқият инъикоскунандаи хусусиятҳои миллӣ ва анъанаҳои таърихии соҳибони он аст. Аз истеъмол маҳрум кардани забони тоҷикӣ ва форсӣ номидани он беэътиборӣ дар шаъни миллат аст. Ин тавр бошад, пас ҳамаи халқҳои туркизабони Осиёи Миёна (ӯзбекон, туркманҳо, қирғизҳо) бояд як забонро қабул кунанд».
Бояд гуфт, ки омӯзиши забони тоҷикӣ аз муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна оғоз мегирад ва ин масъала низ аз таваҷҷуҳи кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» берун намондааст. Дар шумораи 4-уми марти соли 2014 рӯзнома мақолаи муфассали Равшани Ёрмуҳаммад бо номи «Раҳнамоӣ ба мустақилият» (андешаҳо перомуни китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ», синфҳои 10 ва 11) дарҷ гардидааст, ки дар он муаллиф масъалаи дар ин китобҳо ба кор бурдани мисолҳои дурусту ҷолибро аз суханварони варзида ба миён мегузорад, то хонандагон ширинӣ, равонӣ ва муассирии забони миллиро хубтар эҳсос карда, беғалат ва тозаву озода навиштанро дурусттар омӯзанд. Муаллиф дар ҷойи дигари мақола изҳор мекунад: «Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Пас, чӣ ҷойи хонандагонро ба иштибоҳ андохта, як ҷо «забони адабии муосири дарии тоҷикӣ», ҷойи дигар «забони форсиро (дарӣ, тоҷикиро)» мегӯем. Оё беҳтар нест, ки аз нигоҳи забони тоҷикӣ ба таъриху таҳаввули инкишофи имрӯзаи забони тоҷикӣ баҳо диҳем?» Дар ҳақиқат, забони кишварамонро бо исми забони тоҷикӣ ном бурдан ин масъалаи ҳамреша будани онро ба забонҳои форсии Эрон ва дарии Афғонистон инкор намекунад, балки, аввалан, арҷ гузоштан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан, ифтихор кардан аз сайри таърихии ин забон, ки баъди истилоҳи араб аз Мовароуннаҳру Хуросон ба Эронзамин интиқол ёфтааст, мебошад.
Ҷолиб аст, ки муаллифони мақолаҳои ба забон бахшида дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» донишмандони соҳаҳои гуногуни илм мебошанд ва онҳо қонуниятҳои забони тоҷикиро дар иртибот ба забонҳои дигари бонуфузи дунё баррасӣ намуда, ба хонанда натиҷаҳои муътамади илмӣ пешниҳод менамоянд. Мақолаи донишманди тиб М. Расулӣ «Андар тозагии забон» («Тоҷикистони шуравӣ, 31. 01. 1991) таркиби луғавии забони тоҷикиро дар партави қонуниятҳои умумии забонҳои дунё баррасӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: «Дар олам забоне нест, ки бикру пок ва беғашу мунфарид аз осмон фуруд омада бошад. Забонро халқ офаридааст аз барои муошират. Ҳама забонҳо омехта ва пайвастаи якдигаранд, ҳамдигарро ғанӣ месозанд, аз якдигар баҳравар мешаванд». Муаллиф бо мисолҳои зиёд аз дастовардҳои якдигар истифода кардани забонҳо, аз ҷумла забони тоҷикиро гӯшзад карда, махсусан дар масъалаи истилоҳҳои илмӣ бо эҳтиёт муносибат кардани намояндагони забони миллиро таъкид менамояд. «Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи калимаҳои маснуӣ ва ба тариқи таҳтуллафз ба тоҷикӣ гардондашуда, хосса дар соҳаи илм, қудрати истилоҳ (термин) шудан доранд ва онҳо амалан хасӣ ва муҷаррад мемонанд. Ҳангоми вожасозӣ ин нуктаро дар мадди назар дошта, бахусус дар асарҳои илмӣ ба корбасти истилоҳҳои байналмилалӣ бештар бояд тарҷеҳ дода шавад».
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият», якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз 5-уми июн то 15-уми сентябри соли 2017 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ озмун эълон кард. Дар озмун шахсиятҳои зиёде аз суханварону суханшиносон, публитсистону журналистон фаъолона ширкат карданд. Ин озмун 2-юми октябри соли 2018 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ҷамъбаст гардид ва маводи ба озмун омада дар шакли китоб («Забон ва ҳувияти миллӣ». – Душанбе: Шарқи озод, 2018. – 256 с.) ба хонандагон ва алоқамандон пешниҳод гардид. «Мақсад аз ташкили озмун, – гуфтааст сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода, – фарогирии фарохтари масоили марбут ба вазъи имрӯза ва дурнамои забони тоҷикӣ, мақому манзалати он дар тамаддуну фарҳанги миллӣ, хидматҳои мондагори қаҳрамонҳои Тоҷикистон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ дар ҳимоя ва таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд. Муаллифони мо аҳамияти таърихии забони тоҷикиро дар фарҳангу тамаддуни миллатамон таъкид намуда, сарнавишти пурмоҷарои он ва, билохира, дар замони истиқлол дар паноҳи давлат қарор гирифтанашро бозгӯ, нақши Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ҳимоя ва густариши он матраҳ ва хизматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро дар ин роҳ хеле ҷолибу нишонрас бозтоб намуданд».
Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллию иҷтимоии он аз аввалин шумораҳои «Бедории тоҷик» сар карда, дар мадди назари ҳайати бонуфузи рӯзномаи «Ҷумҳурият» қарор гирифтааст. Мақолаҳои зиёди ё бевосита, ё аз тариқи озмунҳо дар ин нашрия чопгардида собит менамоянд, ки ин забони куҳанбунёд бо асолат, ҷаззобият, захираҳои бойи луғавӣ ва, ниҳоят, мақоми давлатии худ дар байни забонҳои бонуфузи дунё мавқеи арзанда дорад.
Аламхон КӮЧАРЗОДА, профессор, узви вобастаи АМИТ
Санаи нашр: 13.03.2025 №: 54