ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОРО НАҶОТ. СУХАНШИНОСЕ АЗ МАКТАБИ “ҶУМҲУРИЯТ”

ДОРО НАҶОТ. СУХАНШИНОСЕ АЗ МАКТАБИ “ҶУМҲУРИЯТ”

13 март 2025, Панҷшанбе
22
0


Мутолааи амиқ ва ошноии жарфтар ба сафҳаҳои Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ин нуктаи муҳимро барои мо равшан месозад, ки он солҳо дар хидмати аҳли адаб ва адабиёти миллии тоҷик будааст. Бештари суханварону ноқидони соҳибноми мо солҳои тулонӣ дар идораи Нашрияи садсола бевосита кор кардаанд ё аксари навиштаҳои хешро аввал дар сафҳаҳои ин рӯзнома ба чоп расондаанд. 

Устод Доро Наҷот яке аз суханварону суханшиносоне ба шумор меравад, ки ҳарчанд солҳо дар идораи нашрияҳои “Меҳнат”-и ноҳияи Айнӣ, “Сомон”-и Бунёди забони тоҷикӣ ба ҳайси хабарнигор ва ҳатто, сардабир фаъолият доштааст, аммо бештари корномаҳои рӯзноманигорияш дар мактаби  “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) ба зуҳур расида, чеҳраи ин шоири соҳибному муаллифи фарҳанги бузургро ба унвони рӯзноманигори муваффақ муаррифӣ мекунанд. Ба таъбири дигар,  дар таъмини камолоти эҷодии Доро Наҷот ҳамчун шоир, фарҳангнавис ва мунаққиду рӯзноманигор фаъолият дар идораи “Ҷумҳурият” таъсири матлуб гузоштааст. Ӯ давоми солҳои 1978 то 1991, яъне 13 сол, ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” кор карда, тавассути сеҳри қалами хеш аз минбари ин Нашрия на танҳо чун рӯзноманигор, балки ҳамчун шоиру мунаққид ва ҳамзамон, муҳаққиқи масоили мубрами адабиёт ва фарҳанги миллӣ баромад кардааст.
Бар ин асос, симои устод Доро Наҷот дар қаламрави  адабиёту фарҳанг, илму маориф, матбуоти тоҷик ҳамчун шоири соҳибибтикор, мунаққиди соҳибназар, фарҳангнависи муваффақ, инчунин, ба унвони як рӯзноманигори ботаҷриба муаррифӣ мешавад, ки дар ин росто нақши рӯзномаи “Ҷумҳурият” хеле бузург аст. Доро Наҷот тариқи ин рӯзномаи муътабар бештар ҳамчун шоир ҳузур пайдо намуда, аввалин чакидаҳои хомаи хешро низ дар саҳифаҳои ин ҷаридаи бузург манзури хонандагон кардааст. Ҳанӯз дар шумораи 1-уми январи соли 1979 яке  аз сурудаҳои устод Доро Наҷот бо номи “Файзу эҳсон” ба нашр расидааст, ки аз ҳузури соли нав ва файзҳои он ҳикоят мекунад. Баъдан, дар шумораи 4-уми май шеъри “Лаҳни гитор”,  ду дубайтӣ, пасон 21-уми октябри ҳамон сол ду шеъри дигари шоир бо номҳои “Бомдод” ва “Бачагӣ” ба чоп расидаанд. Интишори пайвастаи намунаҳои ашъори Доро Наҷот дар сафҳаҳои ин Нашрия шореҳи он аст, ки дар ин давра ҳамчун минбари бузурги шоирони давр симои худро нишон медиҳад. Намунаҳои ашъори аксари суханварони давр дар шумораҳои мухталифи рӯзнома ба чоп расидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Мирсаид Миршакар, Ҳабибулло Файзулло, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Салимшо Ҳалимшо, Гулназар, Ҳақназар Ғоиб, Аскар Ҳаким, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Амонбек Шоҳзода, Ҷамолиддин Каримзода, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Норинисо Алимуҳаммадова ва дигаронро метавон ном бурд. Шахсияти шоирии Доро Наҷот низ, пеш аз ҳама, тавассути нашрияи “Тоҷикистони советӣ” барои хонандагонашон муаррифӣ гардидааст. 
Фузун бар нашри ашъор, нақду баррасиҳои адабӣ, инчунин, устод Доро Наҷот маҳорати хешро дар мактаби “Тоҷикистони советӣ” ҳамчун тарҷумон низ мавриди санҷиш қарор додааст. Аз ҷумла, ба истиқболи ҷашни 100-солагии шоири рус Александр Блок дар шумораи 23-уми ноябри соли 1980 ду шеъри ӯро аз русӣ  ба тоҷикӣ тарҷумаву нашр намудааст. 
Бо такя ба ин таҷрибаҳо метавонем бо итминон изҳор дорем, ки Доро Наҷот дар мактаби “Ҷумҳурият” на танҳо чун рӯзноманигор, балки чун шоир, мунаққид ва мутарҷим низ ба камол расидааст. Аз ин рӯ, шоир ҳамеша дилбастагиву иродати хешро ба нашрияи “Ҷумҳурият” ҳифз карда меояд ва ҳамеша поси тарбияти худро аз мактаби ин рӯзномаи  бонуфуз нигоҳ медорад. Ҳамин дилбастагӣ ва муҳаббату иродат ба нашрияи дӯстдоштаи хеш “Ҷумҳурият” омил гардида, ки дар ҷараёни таълифи “Фарҳанги Доро” аз маводу мақолаҳои он ба ҳукми далел ё санади шоҳиди шарҳи вожагон фаровон ба кор гирифтааст.  Аз ҷумла, дар шарҳи гунаи тоҷикии вожаи “Сигнализатсия” ба шакли бонгсадо далели хешро аз як маводи нашрия пайдо кардаву чунин навиштааст: “БОНГСАДО (jusu-Sib (и. м.) васоили  бонги хатар (р. сигнализация): «барои пешгирӣ аз дуздиву ғоратгарӣ  бино бо васоили муҷаддади бот-садо таъмин аст» («Ҷумҳурият»,  31-5-2011). Бо мутолааи ин шарҳи устод Доро Наҷот эҳсос мешавад, ки тавассути як матлаби нашрияи “Ҷумҳурият” як калимаи наве ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид гардида, ки дар баробари бархӯрдорӣ аз назокату фасоҳат ҷойгузини як мафҳуми бегона дар забони тоҷикӣ (яъне сигнализатсия) шудааст. Дар умум, дар ин фарҳанг мавориди зиёде аз матолиби нашрияи “Ҷумҳурият” ба ҳамин шева истифода гардида, ки аксараш вожагони нодир ва ҷадид буда, чунин амалкарди муаллифи фарҳанг дар як вақт нақши рӯзномаро дар таҳаввули забони адабии тоҷикӣ ва бозтоби калимоти нодир бозгӯӣ мекунад. Аз сӯи дигар, бо такя бар ин усули корбурди вожагон дар фарҳанги тафсирие чун “Фарҳанги Доро” мо метавонем бар ин натиҷа бирасем, ки забони матолиби рӯзнома ба як таҳқиқи амиқи забоншиносӣ, бавижа ҳифозати вожагони нодир ва истифодаи наввожагон, аз ҷумла калимоте, ки ҷои мафоҳим, истилоҳи вожагони бегонаро дар забони тоҷикӣ хоҳад гирифт, ниёз дорад. 
Агарчи корномаҳои устод Доро Наҷот баъд аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар нашрияи Бунёди забони тоҷикии ҷумҳурӣ ҳамчун сардабир идома ёфт, чунин боварӣ ба шахси ин суханварро метавон ҳосили хидмат ва камолот дар мактаби “Ҷумҳурият” унвон намуд. Ба назари мо, парвариш ёфтани Доро Наҷот ҳамчун рӯзноманигор ва ходими адабӣ дар идораи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ва ҳатто, аз даргоҳи ҳамин ҷарида ба таҳсили мактаби олии ҳизбӣ фаро гирифтани устод Доро сабаби аслии таъини ишон ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи тахассусии тозатаъсис ва бовару эътимод ба идомаи фаъолият ҳамчун роҳбар гардидааст. 
Доро Наҷот ҳамакнун дар қаламрави адабиёти муосири тоҷик ҳамчун шоир ба гирифтани унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатӣ ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мушарраф гардидааст. Нашрияи “Ҷумҳурият” имрӯз бо номи чунин парвардагони хеш ифтихор мекунад ва Доро Наҷот низ бо камоли сидқу ихлос аз минбари ин ҷаридаи бемисл ва садсола сухан ба забон меоварад, ки дар мактаби он маҳорати ҳунарӣ ва ҳунари шоирии хешро сайқал додаву дар ин боргоҳи эҷодӣ ба камол расидаанд. Аз ин рӯ, устод Доро Наҷот ҳамчун фарзанди маънавии ин рӯзномаи бонуфуз ва соҳибмактаб ҳамеша дуо мекунанд, ки умри “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдӣ, “Баҳористон”-и Ҷомӣ, “Қобуснома” ва насиҳатномаҳои дигари адабиёти безаволи мо насиби “Ҷумҳурият”-и ҳамакнун садсола гардад.

Нуралӣ НУРЗОД,профессор
Фирӯзи РАҲМОНИЁН “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.03.2025 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив