ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

13 март 2025, Панҷшанбе
18
0


аз 3 марти соли 2025, № 164, ш. Душанбе

ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА АНДОЗАИ ПАРДОХТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИЛОВАГИИ МУЗДНОКИ НОТАРИУСОНИ ДАВЛАТӢ

Мутобиқи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013, №14 «Дар бораи Қоидаҳои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии 
Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН 

Замима
ба қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2025, №164

ТАРТИБ ВА АНДОЗАИ ПАРДОХТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИЛОВАГИИ МУЗДНОКИ НОТАРИУСОНИ ДАВЛАТӢ

1. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз ҷониби  нотариусони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси муроҷиати онҳо ба идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз ҷониби нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Пардохти хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда тариқи ғайринақдӣ амалӣ мегардад.
4. Маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар ҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад.
5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» ва дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, анҷом медиҳад.
6. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии мақомоти адлия истифода бурда мешаванд.
7. Барои хизматрасонӣ маблағ мувофиқи андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатӣ, ки ба Тартиби мазкур замима шудааст, ситонида мешавад.
8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда шудаанд, аз пардохти хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок озод мебошанд, инчунин гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ нисфи маблағи муқарраргардидаи хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднокро месупоранд.


ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 28 феврали соли 2025, № 130, ш. Душанбе

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
АЗ 10 ФЕВРАЛИ СОЛИ 1997, №83

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1997, №83 «Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996, №632 «Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии 
Тоҷикистон               Эмомалӣ РАҲМОН

Санаи нашр: 13.03.2025 №: 54
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив