ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДӮСТӢ. САҲМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ПАЙВАНДИ ҚАЛБҲО

ДӮСТӢ. САҲМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ПАЙВАНДИ ҚАЛБҲО

13 март 2025, Панҷшанбе
13
0


Ман шоир ва адиби ӯзбекзабони Тоҷикистон буда, бо ду забон  эҷод мекунам. Васфи дӯстии ду халқ- тоҷику ӯзбек, ки аз азал дӯсту бародар, ҳамсояи аз ҳама наздиканд ва таҳкурсии дӯстии моро Абдураҳмони Ҷомию  Алишери Навоӣ гузоштаанд,  дар эҷодиёти банда мавқеи хосса  дорад. Боиси ифтихор аст, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба мавзуи дӯстии халқу миллатҳо сад сол боз аҳамият дода, имрӯз ҳамчун пайвандгари халқҳо эътироф гардидааст.
Панҷ сол пеш яке аз шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ  барномаҳои ғаразноку бардурӯғро паҳн кард, ки  гӯё дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон ҳокимияти  маҳаллӣ роҳи миллатгароиро пеш гирифтааст, дар ҷобаҷогузории кадрҳо ба беадолатӣ роҳ медиҳаду ӯзбекон аз эътибор дур мондаанд. Онҳо худро ҳамчун ҳимоятгари ӯзбекзабонон нишон дода, дар асл байни ин ду халқ  низоъ андохтан, бо ҳамин роҳ нияти  бадашонро  амалӣ сохтан мехостанд. Онҳо бо роҳи фиреб, дурӯғ, ғайбату буҳтон  ин дӯстии беғубору софро доғдор карданӣ буданд. 
Сармуҳаррири рӯзнома аз ман,  ки зодаи ҳамин ноҳия ҳастам, хоҳиш намуд, ки ба ин барномаи бардурӯғ вокунише нависам. Ҳамин  тавр, бо мақолаи  публитсистии «Дурӯғи  бефурӯғ», ки дар ду  саҳифаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шуд, ба чоплусон посух додам ва  ба фикрҳои ғализу ғаразноки  онҳо равшанӣ андохта, дурӯғ будани даъвоҳои рақибонро бо далелҳои мушаххас фош намудам. 
Гуфтам, ки мардуми Қубодиён қадри сулҳу оромӣ, қадри дӯстӣ, қадри истиқлолро нағз медонанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба  фиребу найранг, иғвоҳои душманон дода намешаванд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ насле ба воя расид, ки моҳияти  истиқлолро нағз мефаҳмад, лаззати истиқлолро чашидааст. Табиаташ, руҳияаш, сиришташ аз дӯстӣ оганда шудааст. Муносибатҳои нав реша давондаанд. Акнун ӯ нағз медонад, ки соҳиби  давлати мустақил аст, Пешво дорад,  такягоҳ дорад, пушту паноҳ дорад.
Фикри  ҷомеаро ифода намуда, гуфтам, ки  Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи Сарвари давлат интихоб шудан ба намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ягон халқ аз эътиборашон дур нарафтааст. Махсусан, дар ноҳияҳои сарҳадӣ борҳо бо мардуми одию заҳматкаши ӯзбек вохӯрда, оид ба сулҳу ваҳдат, ободию ободкорӣ, дӯстию бародарӣ суҳбатҳо доир намудаанд. Сифатҳои неку арзандаи фарзандони      ӯзбекро ба некӣ ёд карда, хидмати шоистаи онҳоро борҳо ба мукофотҳои давлатӣ муносиб дидаанд.  Дар баробари ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони аҳли илму адаб, санъату фарҳанги ӯзбектаборро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, баробари тоҷикон дар аксари ҷашну идҳои давлатӣ даъваташон мекунанд ва ба онҳо имкон медиҳанд, ки дӯстию рафоқатро бо шеъру суруду оҳангҳои баландғоя тараннум намоянд. Ҷаноби Олӣ дар вақти сафар ба ноҳияи Қубодиён  меҳмони хонадони иҷоракори ӯзбек Тӯлқун Кӯчаров шуданд, ки ин меваи ширини сиёсати одилонаи Сарвари давлат аст.  
“Ҷумҳурият” бахшида ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  шумораи махсус нашр намуд,  ки дар он  “Ҳамсоядорӣ” ном мақолаи фақир ҷой гирифт. Дар мақола  оид ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳамсоядории ду кишвар сухан мерафт.  
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба истиқболи 110-солагии шоири башар Мирзо Турсунзода  озмун эълон карда буд. Ман дар бораи дӯстии  Мирзо Турсунзода бо Ғафур Ғулом ва Зулфия, шоирони ӯзбек мақолаҳо  навишта, ба мукофоти рӯзнома ноил гардидам,  ки ин ҳам аз эътибор берун набудани мавзуи дӯстиро нишон медиҳад. Инчунин,  “Забони тоҷик ва ӯзбекзабонон” ном мақолаам, ки дар рӯзномаи мазкур чоп шудааст,  дар бораи робитаҳои адабии  тоҷикону ӯзбекон ҳикоят мекунад. 
Оре,  хатти сурхи  эҷодиёти бандаро мавзуи дӯстӣ ташкил  медиҳад ва ин сабаб дорад, зеро ман дар муҳити дӯстонаи ду халқ – тоҷику ӯзбек, тарбия ёфта, ба камол расидаам. Маънии дӯстиро аз китоб не, аз ҳаёт омӯхтаам.  
Баҳори соли 2018, ба шарофати сиёсати оқилонаи сарварони ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ойинаи дӯстии ин ду халқ, ки  ба он каме соя афтида буд, тозаю беғубор ва нурафшон    гашт ва    мо ба  марҳалаи нави ҳамкорӣ қадам гузоштем. Аз мулоқоти аввалини  сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳафт сол гузашт. Ин воқеаи таърихӣ барои халқҳои тоҷику ӯзбек, ки аз қадим дӯсту бародар, хешутабор буданд, басо муҳим аст ва ин мулоқоти тақдирсоз то ҳанӯз  дар ойинаи дил дирӯза барин акс ёфта, мисли Офтоб нурпошӣ дорад, зеро дӯстпарвариву сулҳҷӯӣ, ватанхоҳиву  созандагии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  иқдоми бародарию ҳамсоягии неки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев  дар ҳақиқат  ба таҳсин сазовор аст. Ин воқеаи муҳими таърихиро рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расонда буд ва месазад, ки мо онро пайваста ба ёд оварему ташвиқу тарғиб намоем.  

Сулаймон ЭРМАТОВ, нависандаи ӯзбек

Санаи нашр: 13.03.2025 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив