АЗ “ИДИ ТОҶИК” ТО “ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ” (1925-1955)
Шумораи аввалини рӯзномаи нахустини кишвари маҳбубамон Тоҷикистон, 100 сол пеш дар ҳамин рӯз – 15-уми марти соли 1925, бо таҳрири якумин олими унвондори Осиёи Марказӣ профессор Аббос Алиев бо номи “Иди тоҷик” иборат аз 16 саҳифа ба табъ расид.
Кишвар он рӯз ид дошт ва шумора ҳам идона буд. “Иди тоҷик” чун туҳфаву дастоварди муҳими мамлакат, хосса пойтахти он – шаҳри Душанбе, бо шодмонӣ, хотири болида, умедҳои неки мардум аз даст ба даст мегашт. Тоҷикон мутмаин буданд, ки минбаъд кишвари устувору ояндадор доранд ва чароғи бахти худашону давлаташон барои ҳамеша фурӯзон мемонад.
Устод Абулқосим Лоҳутӣ ба сифати муовини Аббос Алиев таъин мешавад. Ӯ зикр мекунад, ки профессор Аббос Алиев ҳамчун шахси донишманд дар шуъбаи таблиғоти Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардидааст. Аббос Алиевро устод Лоҳутӣ, ҳамзамон, чун шахсияти фарҳангӣ ва ватанпарасти асил дарёфт.
Бешак, намешуд, ки ин дастоварди бузурги таърихиро иду тантана накард. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китобхонаи "Китоби Тоҷикистон”, китоби “Библиографшиносӣ ва китобхонашиносӣ дар Тоҷикистон” (қисми 5), ин нахустин шумораи нахустин рӯзномаи кишвар бо имзои муҳаррири масъул Саидбоғир Қосимов нашр гардидааст. Аммо ин он қадар муҳим нест, албатта, дар қиёс бо нашри “Иди тоҷик”.
Ин ид ва “Иди тоҷик”-ро дар арафаи иди миллии тоҷикон – Наврӯз, баргузор ва нашр карда буданд. Ҳамин тавр, дар китоби таърихи миллат саҳифаи нави башоратдиҳанда кушода шуд. Ид ва “Иди тоҷик” то 5-уми апрели ҳамон сол гӯё идома дошт. Шуруъ аз ин рӯз, рӯзнома бо номи “Бедории тоҷик”, ки идомабахши “Иди тоҷик” буд, ба табъ расид. Дар он сол 24 шумораи “Бедории тоҷик” нашр ва дастраси хонандаи тоҷик гардидааст. Бар асари вазъи душвор, ҳатто, нашри номунтазами ин рӯзномаи мамлакат осон набуд. Дар он сол ё худ таъсиси рӯзномаи тоҷикии кишвар ва нашри “Бедории тоҷик” бо теъдоди 500 нусха, ба яқин, як навъ қаҳрамонӣ ба шумор мерафт.
Чаро рӯзнома на дигар ном, балки маҳз “Бедории тоҷик”-ро гирифт? Миллат ба бедории сиёсӣ, худшиносии миллӣ ниёзманд буд. Рӯзнома ин масъулиятро сарбаландона ба анҷом расонд.
Мавқеи жанри хабар дар ин рӯзнома асосӣ маҳсуб мешуд. Хабарҳо аз дохили кишвар, Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон буданд. Гӯшаҳое чун “Хабарҳои телеграфӣ”, “Коргарони маҳаллӣ лозим”, “Тоза-тоза”, “Хабарҳо аз хориҷа” фаъол буданд. Дар баробари ин, яъне мушкилоти даврон, барои занону ҷавонон, шуроҳо, адабиёт гӯша ва саҳифаҳо таъсис дода буданд.
Дар се соли аввал масъулияту таҳрири рӯзнома, баъзан вақтҳо, ба дӯши Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Абулқосим Лоҳутӣ ва Саидбоғир Қосимов афтодааст.
Ба бахши адабии рӯзнома устод Абулқосим Лоҳутӣ махсус таваҷҷуҳ зоҳир мекард ва дар ин макон ҳалқаи адабиро, ки ҳолиё бо номи “маҳфили адабӣ” шуҳрат дорад, таъсис дод.
Аз 8-уми октябри соли 1928 рӯзнома номи “Тоҷикистони сурх”-ро гирифт.
Дар се сол се ном? Оре, шояд имрӯз ин барои бархе тааҷҷубовар бошад. Аммо вақте сабаби тағйири ном намудани рӯзномаро аз рӯи навиштаи котиби масъули Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, он вақт ба маънии давлати Тоҷикистон мехонем, ин тааҷҷуб рафъ мешавад. Навиштаи ӯ ба ин маънӣ буд, ки дар нимаҳои солҳои бистуми асри ХХ мақсади “Бедории тоҷик” бедор намудани миллат маҳсуб мешуд ва рӯзнома дар иҷрои он муваффақ гардид. Яъне, тоҷикон соҳиби давлат шуданд ва рӯзнома номи давлат ё худ Тоҷикистонро гирифт. Нахустин муҳаррири “Тоҷикистони сурх”, ки мақоми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Президиуми Шурои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистонро дошт, Қосим Дайламӣ буд. Солҳои сиюм бори масъулияти роҳбарию таҳрири рӯзнома, инчунин, бар дӯши Дяков, Абдулов, Ғуломризо Ализода афтодааст.
Агарчи рӯзнома дар ин муддат ва баъдҳо низ чандин бор тағйири ном ва алифбо намуд, аммо ҳеҷ гоҳ тағйири мақсаду маром накард.
“Тоҷикистони сурх” дар инъикос ва тарғиби сохтмонҳои бузурги давр, аз қабили азхудкунии водии Вахш, бунёди канали калони Фарғонаву Фарғонаи шимолӣ, роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, канали Ҳисор саҳми зиёд дошт.
Ба ҷуз ин, рӯзнома ба маҳви бесаводӣ, ки то охири солҳои сиюми асри гузашта идома кард, аҳамияти махсус дод. Ҳамзамон, барои ворид шудан ба зиндагии нав, сохти нав он дар миёни омӯзгорон, адибон мусобиқаҳоро ташкил намуд. Дар ин давра теъдоди рӯзнома ба 10 ҳазор нусха расид, ки ин дастоварди бузург маҳсуб мешуд.
“Тоҷикистони сурх” мавқеи хос ва маҳбубияти беназирро соҳиб гашт. Иртиботаш бо халқ, бо хонандагон қавитар гардид. Дар саҳифаҳои он Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҳаким Карим, Ҷалол Икромӣ, Алӣ Хуш, Мирзо Ризо барин шахсиятҳо шеъру ҳикояҳои худро ба нашр расонданд. Аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи китоби “Тоҷикон”, сарвари вақти давлат аз он рӯзҳо чунин ёдовар шудааст: “Дар солҳои 30-юм ман мухбири фаъоли ин газета будам. Дар он вақт штати коркунони он хеле кам буд. Аммо онҳо аксар шабҳои дароз кор карда, нашри мураттаби газетаро таъмин мекарданд.
Дар он вақт газета на танҳо ташкилотчӣ ва пропагандисти коллективӣ, балки макони ҳақиқии тайёрии кадрҳои партиявӣ, журналистӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ буд”.
Дар “Тоҷикистони сурх” шахсиятҳои маъруфи дунё, аз қабили Юлиус Фучик, Павел Лукнитский, Этон Киш, бо матолиби хеш таассуроту эҳсоси худро аз кишвари тоҷикон изҳор кардаанд.
Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, ки аввали солҳои 30-юми асри ХХ дар рӯзнома фаъолият дошт, саҳифаи “Адабиёт ва саноеи нафиса”-ро таъсис дод ва он як навъ минбари адабиёти нави тоҷик гардид.
“Тоҷикистони сурх” дар даврони ду набард: ҷанг ба муқобили босмачиён ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) барои тарғиби худшиносӣ, шинохти дӯсту душман ва қаҳрамонии тоҷикистониён матлабҳои саривақтиву пурмуҳтавову ҷолибу хонданиро омода мекард ва ба нашр мерасонд.
Махсусан, ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳафоти рӯзнома навиштаҳои устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва дигар адибон ба табъ расидаанд, ки ин ҳама аз нуфузи баланди он гувоҳӣ медиҳад. Ҳифзи Ватани умумӣ – Иттиҳоди Шуравӣ, вазифаи асосии ҳар шаҳрванд, хосса адибон маҳсуб мегардид. Воқеан, “Тоҷикистони сурх” дар ин давра қаҳрамонӣ кардааст.
Агарчи рӯзнома мунтазам нашр намешуд, теъдодаш кам гардид, гоҳе бо сабаби набудани коғаз дар картон чоп мешуд, аммо шумораҳои он ба фронт – майдони ҷанг, мерафт ва руҳияи ҷанговарони кишварро баланд мебардошт.
Дар ин давра бори роҳбарӣ ва таҳрири рӯзнома бар дӯши нависандаи шинохта Самад Ғанӣ буд.
Ин нуктаро ҳам бояд ёдовар шуд, ки то ин муддат ва баъдҳо низ, яъне дар солҳои мухталиф, рӯзнома бо имзоҳои шахсони гуногун, дақиқтараш кормандони маъруфи он, ба табъ расидааст.
Устод Садриддин Айнӣ “Тоҷикистони сурх”-ро “модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советӣ” гуфтааст.
Солҳои 1939-1940 “Тоҷикистони сурх” ҳафтае панҷ маротиба ва дар як сол 253 шумора чоп шудааст.
Соли 1945 муаллифони фаъоли рӯзнома, ба ҷуз аз шахсони зикршуда, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муҳсин Аминзода, Тилло Пӯлодӣ, Соҳиб Табаров буданд.
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муллоҷонови Шаҳристонӣ, Мавлон Узоқов, Мустафо Шарқӣ аз зумраи мухбирони ин рӯзнома ба ҳисоб мерафтанд.
Соли 1946-ум 258 шумораи рӯзнома аз чоп баромадааст.
Саҳми суратгири рӯзнома А. Эшмуҳаммадовро низ, ки зиёд аст, бояд ёдовар шуд.
Аз 1-уми январи соли 1955 “Тоҷикистони сурх” ба “Тоҷикистони советӣ” табдили ном кард.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз барои дарёфти ҳақиқати таърихӣ, шинохти рушди кишвар, масъулияти рӯзноманигорону муаллифон, адабиёту фарҳанги миллӣ ба ин рӯзнома рӯй меоранд. Рӯзнома, дар ҳақиқат, таърихи ҳаррӯзаи миллатро дар он рӯзгор ва баъдҳо низ сабт кардаву мекунад.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”