«ҶУМҲУРИЯТ». ҲОМИИ 100-СОЛАГИИ ҲУВИЯТУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар остонаи садсолагии «Ҷумҳурият» китоби хотираҳоямро варақ мезанаму мебинам, ки ба ошноии ман бо ин ҷаридаи таърихӣ 9 сол пур шудааст. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳори соли 2016 барои Ҷашни Наврӯз дар радифи шоирон, фарҳангиёну нависандагони забони тоҷикӣ-форсӣ аз саросари ҷаҳон маро ҳам аз Афғонистон даъват карда буданд.
Ҷашни Наврӯз дар он сол дар ҳузури Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси муҳтарами шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бисёр бошукӯҳ баргузор шуду Пешвои муаззами миллат дар чанд барнома суханронӣ карданд ва бо устодон, шоирон ва фарҳангиён дидору суҳбатҳо доштанд.
Ман аз таҷрибае, ки аз Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон доштам, мақолаеро ба номи «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Ҷамшеди рӯзгори мо» навиштам. Дар мақола ба ин назар будам, ки Наврӯз тавассути Ҷамшед асосгузорӣ шуд, аммо он чанде ба фаромӯшӣ супурда шуда буд. Хушбахтона, бинобар кӯшишу талоши Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз нав эҳё шуд ва ривоҷ ёфту мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Бинобар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамшеди рӯзгори мост.
Ин мақола дар нашрияи «Ҷумҳурият» ва дар маҷаллаи «Пайванд» ба нашр расид.
Ҳамин тавр, аз соли 2016 бо нашрияи «Ҷумҳурият» ошно шудаму навиштаҳову матолиби нашрияи «Ҷумҳурият»-ро мехонам ва ба унвони як нависандаи хориҷӣ бо нашрияи «Ҷумҳурият» ҳамкории қаламӣ дорам ва маъмулан, матолиберо барои нашр ба ин нашрия мефиристам ва дар он нашр мешавад.
«Ҷумҳурият» яке аз нашрияҳои бо гузаштаи кишвар – Тоҷикистон ягона аст, ки аз фаъолияташ сад сол мегузарад. Дар ҳақиқат, яке аз нашрияҳои бонуфуз ва таърихии минтақа аст, зеро нашрияҳои ангуштшуморе дар кишварҳои минтақа вуҷуд доранд, ки сад сол таърих дошта бошанд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дуруст аст, ки дар кишвари Тоҷикистон фаъолият дорад, аммо дар кишварҳои минтақа ва бавижа, дар кишварҳои форсизабон ба унвони як пули иртиботиву фарҳангӣ амал мекунад, зеро навиштаҳои нависандагони форсизабони берун аз кишвари Тоҷикистонро низ нашр мекунад ва яке аз он нависандагон ман ҳастам. Бештари навиштаҳоям дар «Ҷумҳурият» нашр мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, «Ҷумҳурият» аз назари ҳувияти фарҳангӣ ба бозтоби мавзуъҳои фарҳангиву иҷтимоии кишварҳои ҳавзаи форсизабон низ бо майли тамом ва мунтазам мепардозад.
Ин нашрия фаротар аз нашри ахбору иттилоърасонӣ, аз назари миллию фарҳангӣ барои афроди ҷомеа, ҷойгоҳи ҳувиятбахш дораду мақолаҳоеро ба нашр мерасонад, ки худшиносиро тақвият ва ривоҷ медиҳад.
«Ҷумҳурият» дар сиёсати худ, ваҳдат, ҳамгироӣ ва осоиштагии миллиро дар пеш дорад ва дар ваҳдату ҳамдилии сиёсии байни афроди ҷомеа муваффақона амал кардааст. Бешубҳа, он пули иртиботии ҷомеа ва давлат аст.
Кормандони «Ҷумҳурият» бо сарварии сардабирашон ба ҷуз аз огоҳ кардани мардум, ки асолати корашон аст, инчунин, иқдомоти амалӣ дар ростои фарҳангсозии миллӣ низ анҷом додаанд. Яке аз чунин иқдомҳо баргузории озмунҳои фарҳангӣ, адабӣ ва иҷтимоӣ аст.
Бавижа, баргузарии Озмуни байналмилалии «Дуои модар», ки бо ҳамкории вилояти Суғд роҳандозӣ шуд, аз хуҷастатарин пайомадҳои иҷтимоии солҳои охир аст. Ин Озмун дар шаҳри Душанбе дар Кохи Наврӯз оғоз ёфта, маросими ҷоизасупории он дар меҳмонхонаи машҳури пойтахти Тоҷикистон – «Ҳаёт-реҷенси» баргузор шуд. Дар он шоирону нависандагон аз Тоҷикистон ва аз кишварҳои Чин, Ӯзбекистон, Афғонистон ширкат варзиданд. Қариб ҳама даъватшудагони ин маросим барандаю ғолибони Озмун эълом шуданд ва ҷоиза дарёфт карданд. Ман ҳам аз Афғонистон дар ин Озмун ширкат карда будаму барандаи Озмун шинохта шудам.
Садсолагии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро ба роҳбарияти «Ҷумҳурият» табрик арз мекунам ва умед дорам, то фаъолияти ин нашрия ҳамчунон идома дошта бошад. Ҳақиқат ин аст, ки кормандони «Ҷумҳурият» дар гузашта ва имрӯзҳо низ кори бисёр бузурги фарҳангӣ анҷом додаанду ҳама бояд сипосгузорашон бошем!
Яъқуби ЯСНО,
пажӯҳишгар, устоди вақти Донишгоҳи Берунии Афғонистон