ОИНАИ ОЯНДАНАМО
Ҷумҳурият оинаи оянданамо буд,
Оинаи армони дил, оинаи мо буд.
Ҳар сафҳаи он саҳфаи ихлосу садоқат,
Ҳар нусхаи он мактаби тадриси вафо буд.
Ҳар субҳ назар дӯхта бар оинаи он,
Мардум ҳама озодаву бе рӯи риё буд.
“Ҷумҳурият” оинаи озодаманишон,
Ҳар субҳ дар он ҳастии Меҳан ба намо буд.
Бо пайку паёми нави “Иди дили тоҷик”
Бар хонаи мо омада чун пайки раҳо буд.
“Бедории тоҷик” фурӯғи дигаре ёфт,
Бедории мо гашт, ки пайғоми бақо буд.
Ин мактаби деринаи мардони қаламкаш,
Ин матлаби адлу шарафу ҳукми расо буд.
Ин номаи рӯзе, ки ба мо рӯзи накӯ дод,
Савганди муҳаббат, сухани аҳди ниё буд.
Майдони шараф гашту вафодории Меҳан,
Оварди ҷавонмардии мардони сахо буд.
Наврӯз ҳам аз номаи рӯзаш ба таҷаллист,
Бас суннату ойин, ки зи ҷаҳдаш ба раво буд.
Ҷумҳурии мо Меҳани сулҳ асту амонӣ,
“Ҷумҳурият” аз рӯзи азал роҳнамо буд.
Ёд аз ҳама мардони накуному шарафманд,
К-ин ҷо дилу ҷону танашон шуъланамо буд.
То буд суханвар, сухане буд дар олам,
Ин оина худ мазҳари некиву зиё буд.
“Ҷумҳурият” имрӯз муҳаббатгаҳи мо гашт,
Зеро зи азал оинаи меҳру сафо буд.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56