ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 28 феврали соли 2025, № 136, ш. Душанбе 

17 март 2025, Душанбе
210


Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 феврали соли 2010, №77
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77 «Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» хориҷ карда шавад. 


Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН

Санаи нашр: 14.03.2025 №: 55