ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 28 феврали соли 2025, № 159, ш. Душанбе

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 28 феврали соли 2025, № 159, ш. Душанбе

17 март 2025, Душанбе
19
0

Дар бораи Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ 
ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди  ҳолати шаҳрвандӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 430 «Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор» аз эътибор соқит дониста шавад.  

Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН


Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28 феврали соли 2025, № 159 тасдиқ шудааст
Тартиб ва андозаи хизматрасониҳои иловагии музднок 
ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиби расонидани хизматрасониҳои иловагии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар мекунад.
2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси муроҷиати онҳо анҷом дода мешавад. 
3. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ғайринақдӣ бо пули миллӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ сурат мегирад. Дар ин ҳолат расиди хаттӣ оид ба пардохт намудани маблағҳои хизматрасонӣ талаб карда намешавад.
4. Маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешаванд.
5. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» ва дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, анҷом медиҳад. Маблағҳои аз хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа воридшуда пурра ба суратҳисоби махсуси онҳо гузаронида мешаванд.
6. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ равона карда мешаванд. 
7. Барои хизматрасониҳои иловагии музднок маблағ мувофиқи Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пардохт карда мешавад (замима мегардад). Хизматрасониҳое, ки дар замимаи мазкур пешбинӣ нагардидаанд, ройгон анҷом дода мешаванд.
8. Дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз супоридани маблағ барои хизматрасонии иловагӣ озод карда мешаванд: 
- мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак - барои додани нусхаи дуюми шаҳодатномаҳои таваллуд, дар хусуси фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки уҳдадории ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба зиммаашон гузошта шудааст;
- шаҳрвандон - барои ба онҳо додани нусхаи дуюми шаҳодатномаҳо оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда, барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ заруранд, оид ба масъалаҳои таъин ё аз нав ҳисоб кардани нафақаву кумакпулиҳо ва ҳолатҳои дигари  бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
- гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ.

 

Санаи нашр: 14.03.2025 №: 55
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив